Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо алайҳи афви мансабдорони муттаҳам ба фасод. ВИДЕО


Эътироз бар зидди раҳоии мансабдорони ришвахӯр, пойтахти Руминияро ба саҳнаи бархӯрди шадиди тазоҳургарон бо пулис табдил дод. Дар ду рӯзи гузашта тахминан 130 ҳазор нафар дар назди бинои ҳукумати Руминия ҷамъ шуда ва талаб карданд, ки ҳукумат қарори афви мансабдорони муттаҳам бо ришваситониро лағв кунад. "Ин суистифодаи рӯирости ҳукумат ва зарба ба демократия мебошад. Иқдом мухолифи самтгирии давлатамон аст", - гуфт Бианка, яке аз эътирозгарон.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Афви мақомдорони ришвахӯр Руминияро такон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Баъзе аз норозиён ба тарафи пулис сангу оташпора ҳаво доданд ва пулис бо гази ашковар посух дода, чандин нафарро ба ҳабс гирифт. Ин қарори суолбарангези ҳукумати зери назари Ҳизби сотсиал-демократи Руминия имкон медиҳад, ки раҳбари ҳизби ҳоким аз масъулият шона холӣ кунад. Вай бо суистифода аз қудрат муттаҳам шудааст.

Ҳукумат исрор меварзад, ки ҳадаф аз ин иқдом сабуктар намудани вазъи маҳбасҳои пуриздиҳоми кишвар аст. Вале эътирозгарон ба ин изҳорот бовар надоранд. Мариус, яке аз эътирозгарон, гуфт, "мо пул ҷамъ мекунем, ки маҳбасҳои нав сохта шаванд ва барои ҷинояткорон дар зиндонҳо ҷойи кофӣ бошад."

Норозиён ваъда додаанд, ки то замони лағви қарори ахири ҳукумат ва таҳкими мубориза бо фасод гирдиҳамоиҳояшонро идома медиҳанд.

Эътирозҳои шабеҳ дар 50 шаҳри Руминия барпо шуданд. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, баъд аз инқилоби соли 1989, ки коммунистонро барканор кард, Руминия шоҳиди чунин эътирозҳо набудааст. Рӯзи панҷшанбеи 2 феврал мақомдорони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҳушдор доданд, ки Руминия набояд аз мубориза бо фасод даст кашад. ​Франс Тиммерманс, вакили Порлумони Аврупо гуфт, "Шумо ин коррро ба манфиати мардум иҷро мекунед. Мардуми Руминия ҳақ дорад, ки дар кишвари озод аз фасод зиндагӣ кунад."

Президенти Руминия Йоҳанис Клаус ба мардуми эътирозгар пайваста, рӯзи панҷшанбе аз Додгоҳи конститусионӣ талаб кард, ки иҷрои қарори ҳукуматро мутаваққиф намояд. Эътирозгарон ваъда додаанд, ки то замони лағви қарори ахири ҳукумат ва таҳкими мубориза бо фасод гирдиҳамоиҳояшонро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG