Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нархи билет гарон аст." Муҳоҷирон роҳҳои нави бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "ёфтаанд" ВИДЕО


Муҳоҷирон мегӯянд, нархи билети бозгашт тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя "хеле гарон аст"
Муҳоҷирон мегӯянд, нархи билети бозгашт тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя "хеле гарон аст"

Муҳоҷирони кории тоҷик, бино бар гаронии нархи билети ҳавопаймо ба Тоҷикистон, тавассути шаҳрҳои Узбекистон ва Қирғизистон худро ба ватан мерасонанд.

Нархи билети ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр", ягона ширкате, ки аз Русия бо парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Тоҷикистон меорад, дар масири Маскав-Душанбе 37 ҳазору 200 рубл (395 евро) аст. Муҳоҷирон онро "хеле гарон" мегӯянд. Масъулони ширкат борҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо аз як ҷониб холӣ парвоз мекунад ва аз ин рӯ нархи билет гарон аст.

АЗ МАСКАВ БА САМАРҚАНД

Алишер Бобиев, муҳоҷири кории тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтае пеш бародарзодааш тавассути хатсайри Маскав-Самарқанд ба Тоҷикистон рафт. "Нархи билет аз Маскав ба Самарқанд 25 ҳазор рубл аст. Бо 1-1,5 ҳазор рубли дигар мешавад худро то сарҳади Тоҷикистон ва ҳатто ба Душанбе расонд. Аз билетҳои ширкатҳои Тоҷикистон хеле арзонтар меафтад", -- иброз дошт Бобиев.

Ширкатҳои Узбекистон ба шарте шаҳрвандони Тоҷикистонро ба дохили ҳавопаймо иҷоза медиҳанд, ки ҳамроҳ бо билет роҳкирои мусофирбареро, ки аз фурудгоҳ рост ба марзи Тоҷикистон мебарад, низ пардохт кунанд. Ба нақли муҳоҷирони корафтода дар Узбекистон, барои ин кор аз 3,5 то 4,5 ҳазор рубли русӣ талаб мекунанд.

"АЗ ФУРУДГОҲ ТО МАРЗИ ТОҶИКИСТОН МЕБАРАНД"

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бино бар арзон будани нархи билет, муҳоҷирони тоҷик гурӯҳ-гурӯҳ ба Узбекистон парвоз мекунанд. Чанд рӯз пеш муҳоҷирон занг заданд. Онҳо барои трансфер ё аз фурудгоҳ то марзи Тоҷикистон 3,5 ҳазор рубл дода будаанд. Дар онҷо иловатан 1 ҳазор рублӣ талаб шудааст. Дар як ҳавопаймо 67 шаҳрванди Тоҷикистон рафтаанд."

Ба қавли ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бо сафар тавассути хоки Узбекистон аз 8 то 10 ҳазор рубл сарфа мекунанд, ки барои онҳо дар шароити пандемия маблағи қобили мулоҳиза аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Нархи билет гарон аст." Муҳоҷирон роҳҳои нави бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "ёфтаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

ПОСУХИ МАҚОМОТ

Пандемияи коронавирус раванди маъмулии сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хориҷ комилан тағйир дод ва Радиои Озодӣ аз хонандагон дар ин робита ҳамарӯза даҳҳо суол дарёфт мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон 26-уми ноябр дар робита ба имконияти сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои севум ба Узбекистон чунин посух доданд:

"Шаҳрванди Тоҷикистон тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва тариқи кишвари севум бо риояи чораҳои беҳдоштӣ метавонад ба Узбекистон ворид шавад ва аз он ҷо ба Тоҷикистон ояд. Аммо барои ворид шудан тавассути роҳи заминӣ шаҳрванд бояд пешакӣ аз мақомоти Узбекистон иҷозат бигирад."

ФАРҚ – 100 ДОЛЛАР

Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, бозгашт тавассути шаҳрҳои Қирғизистонро интихоб карданд. Онҳо асосан ба шаҳри Уш рафта, аз он ҷо ба вилояти Суғд мераванд. Ширкатҳои кирокаш мусофиронро ба ивази 150-200 сомонӣ аз Уш то ба Хуҷанд мебаранд.

Масъулони "Сомон Эйр" ягона ширкате, ки ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон панҷ парвози чартерӣ анҷом медиҳад, мегӯянд, ҳавопаймо аз як тараф холӣ меравад ва аз ин рӯ нархи билету хадамот гарон аст. Ин дар ҳолест, ки миёни Русия ва Узбекистон аксаран парвозҳои чартерӣ идома дорад, вале нархи билети ҳавопаймо ҳудуди 100 доллар азонтар аст.

КӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ РАФТА МЕТАВОНАД?

Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати Русия – "Ют Эйр" ва "Уралские авиалинии" – иҷозат дод. Ин ҳавопаймоҳо аз Хуҷанду Душанбе мусофиронро ба минтақаҳои Русия мебаранд. Нархи билети "Ют Эйр" дар масири Душанбе – Маскав аз 6170 то 6600 сомонӣ аст. Билетҳои "Уралсике авиалинии" аз ин ҳам гаронтар – 9800 сомонианд (886$).

Аммо марзи Русия ҳанӯз бастааст. Мувофиқи дастури ҳукумати Русия аз 16-уми марти имсол вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба хоки Русия манъ аст, ба истиснои панҷ ҳолат:

  • Шахсоне, ки ВНЖ ё санади иқомати доимӣ дар Русияро доранд. Вале шахсоне, ки бо ин санад баъди 16-уми марти 2020 ба Тоҷикистон омадаанд, бо парвози чартерӣ ба Русия рафта наметавонанд. Онҳое, ки ВНЖ доранд ва аз ин пештар омада буданд, метавонанд, сафар кунанд;
  • Шахсоне, ки ширкаткунандаи барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” ҳастанд ва ҳамчунин аъзои оилаи онҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия роҳ дода мешаванд;
  • Агар ҳамсар, фарзанд ва ё падару модари шахс шаҳрванди Русия бошад. Мусофир бояд дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод кунад;
  • Агар шахс бо ҳадафи табобат ба Русия биравад. Барои исбот шахс аз ягон беморхонаи Русия даъватнома барои табобат ё аз Вазорати тандурустии Русия санад пешниҳод кунад;
  • Агар хеши наздик, аз ҷумла ҳамсар, волидон ва ё фарзанди шахс дар Русия бемор аст ва ӯ ба парасторӣ ниёз дорад. Ин қабил афрод ҳам бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд вориди Русия шаванд.

Шахсоне, ки аз ин панҷ банд асосе доранд, бо пешниҳоди маълумотнома дар мавриди орӣ будан аз короновирус, ки на дертар аз се рӯзи охир гирифта шудааст, ба парвоз роҳ дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон талош доранд, бо ҳар роҳ худро ба Русия расонанд, дар ҳоле ки расман марзҳои ин кишвар бинобар хавфи паҳншавии коронавирус баста аст.

Каримҷон Ёров мегӯяд, як масири вуруд ба Русия Белорус аст ва як қисме аз тоҷикон аз ин роҳ талош мекунанд ба Русия оянд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, "ҳарчанд марз миёни Белорус ва Русия баст нест, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ надоранд, бе асос вориди ин кишвар шаванд. Ин кор ҷиноят аст ва ҷазо дорад: аз ҷарима то як умр маҳрум сохтан аз ҳаққи вуруд ба Русия."

Дар Русия бинобар омори охирини Тоҷикистон ҳудуди 480 ҳазор ва ба ҳисоби мақомоти Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Қисме ба сабаби паҳншавии бемории коронавирус имсол ба Русия рафта натавонистанд ва ҳоло роҳҳои бозгашт ба он кишварро меҷӯянд.

XS
SM
MD
LG