Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризо Вализода. Ду сол дар зиндони Ҷумҳурии Исломӣ

Ризо Вализода соли 2024 барои дидани пайвандонаш ба Эрон рафт ва боздошт шуд
Ризо Вализода соли 2024 барои дидани пайвандонаш ба Эрон рафт ва боздошт шуд

Ризо Вализода, хабарнигори пешини Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ду сол боз дар Эрон зиндонист.

Ӯ, ки шаҳрвандии Амрико ва Эронро дошт, моҳи декабри соли 2024 дар Ҷумҳурии Исломӣ бо айбномаи "ҳамкорӣ бо ҳукумати душман" даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳаводорони Вализода ва ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон ин айбномаро қабул надоранд. Мақомоти додгоҳии Эрон дархости бознигарии парвандаи ӯро рад кардаанд.

Ризо Вализода пас аз даҳ соли кор дар Радиои Фардо моҳи ноябри соли 2022 ба истеъфо рафта, ибтидои соли 2024 барои дидани пайвандон ба Эрон баргашт. Ӯро 22-юми сентябри ҳамон сол боздошт намуданд ва инак ду сол мешавад, ки ӯ дар зиндон аст.

Ризо Вализода даҳ сол дар бахши форсии Радиои Озодӣ кор кардааст
Ризо Вализода даҳ сол дар бахши форсии Радиои Озодӣ кор кардааст

Пас аз марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри соли 2022, ки ҳаракати бузурги "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" ва эътирози зидди Ҷумҳурии Исломиро ба вуҷуд овард, ҳукумати тундгарои Эрон саркӯби шадиди дигарандешон ва дар баъзе маврид амалиёти бераҳмона ва ҳатто марговарро роҳандозӣ карданд. Маҳсо Аминӣ аз тарафи полиси ахлоқ барои дуруст напӯшидани ҳиҷоб дастгир шуда, дар боздошт ба ҳалокат расид.

Вализода ҳам аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бо даъвати ҷанг ба кишвар айбдор дониста шуд. Ӯ мақомоти Эронро ба он айбдор мекард, ки бо сабаби барномаи баҳсбарангези ҳастаӣ ва поймоли ҳуқуқи инсон кишвареро бо тақрибан 90 миллион аҳолӣ ба ҷанг кашидаанд.

Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар охири моҳи феврали имсол ҳамларо ба Эрон оғоз карданд. Ин ҷанг боис ба ҳалокати садҳо нафар, амиқтар шудани буҳрони идомадори иқтисодӣ ва сахттар шудани саркӯби мухолифон дар Ҷумҳурии Исломӣ гардид.

Манбаъҳои наздик ба Ризо Вализода мегӯянд, ӯ ба як “доми амниятӣ” уфтодааст. Ба қавли онҳо, вай пеш аз бозгашт ба Эрон аз ҷониби баъзе намояндагони ниҳодҳои амниятӣ ба таври ғайрирасмӣ итминон дода шуда будааст, ки бо душвории ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.

Департаменти давлатӣ ё Вазоррати корҳои хориҷии Амрико ҳабси Вализодаро ҳамчун амали ноодилона ва мухолиф ба меъёрҳои байнулмилалӣ маҳкум кард. Созмонҳои пуштибони озодии матбуот, аз ҷумла Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, аз мақомоти Эрон талаб кардаанд, ки Ризо Вализодаро зудтар озод кунанд.

Мақомоти Эронро пайваста ба он муттаҳам мекунанд, ки шахсони дорои шаҳрвандии дугона ва ё хориҷиёнро бо иттиҳомҳои сохтаву бофта боздошт карда, онҳоро ҳамчун василаи фишор дар музокирот бо кишварҳои ғарбӣ истифода мебаранд.

Ҷумҳурии Исломӣ моҳи сентябри соли 2023 ҳангоми табодули асирон панҷ шаҳрванди Амрикоро озод кард. Дар аввали ҳамин моҳ Комрон Ҳикматӣ, шаҳрванди 71-солаи эронии амрикоӣ, аз зиндони машҳури Эвин дар Теҳрон раҳо гашт, вале хонаводааш гуфтанд, ӯ бинобар манъи сафар наметавонад аз кишвар берун равад.

Эрон яке аз кишварҳои саркӯбгартарин дар заминаи озодии матбуот ба шумор меравад.

Гузоришгарони Бидуни Марз, қароргоҳаш дар Фаронса, дар шохис ё индекси имсолаи озодии матбуот дар ҷаҳон аз миёни 180 кишвар Эронро дар ҷойгоҳи 177-ум ва ҳамагӣ се зина пеш аз Чину Кореяи Шимолӣ ва Эритрея қарор дода, Ҷумҳурии Исломиро “зиндони бузургтарини рӯзноманигорон” номидааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG