Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони Малола Юсуфзай - духтаре аз водии Свот


 Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай

Пораҳое аз зиндагии Малола Юсуфзай, духтаре аз водии ошӯбзадаи Своти Покистон, ки дар ҳамагӣ 16 соли умраш як зидангии пуршӯреро алакай таҷриба кардааст.

Дар аввалҳои соли 2009-ум Толибони Покистон водии Свот, воқеъ дар шимоли Исломободро ишғол карданд ва бо таҳмили қонуну қоидаҳои ифротиашон, аз ҷумла таҳсили духтарон дар мактабро мамнӯъ карданд.

Дар он замони пурталотум Малола Юсуфзай, ки фақат 11 сол дошт, дар шаҳри Мингора, шаҳри маркаизии водии Свот зиндагӣ мекард. Толибон мактаби онҳоро бастанд, вале ӯ тасмим гирифт, ки барои ҳаққи хеш ба таҳсил мубориза барад.

Достони Малола Юсуфзай, духтаре аз водии Свот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:05 0:00
Линки мустақим


Малола бо дархости хабарнигор Абдулҳай Какар, ба навиштани хотираҳои зиндагиаш дар аҳди Толибон шурӯъ кард, ки зери исми мустаоре дар вебсайти Би Би Си нашр мешуданд. Хотираҳояш ба забони урду буд, вале ба инглисӣ тарҷума мешуд ва хонандагони зиёде ҳам пайдо кард.

Малола, ки ҳоло дар шаҳри Бирмингеми Англия зиндагӣ мекунад, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ва фарогир саргузашту зиндагиашро ба Абдулҳай Какар, ки ҳоло хабарнигори Радиои Озодист нақл кард: “Рӯзе дар хона нишаста будам, ки падарам гуфт, ту метавонӣ, хотираҳоятро аз тариқи телефон бинависӣ. Ман гуфтам, ки ин дар воқеъ барои ман як кори бисёр муҳим хоҳад буд. Як имконе барои баланд кардани садо ва нишон додани он ки мактаббачаҳо дар бораи вазъи Свот чӣ назар доранд?"

“Ман мехоҳам табиб шавам”

Вақте, хотиранависии Малола барои Би Би Си тамом шуд, ӯ дар як филми мустанади рӯзномаи Ню-Йорк Таймс зоҳир шуд, ки дар бораи маҳдудиятҳои эҷодкардаи Толибон дар таҳсили духтарон нақзи ҳуқуқи занон нақл мекард. Баъд аз ин Би Би Си дар соли 2011 ошкор кард, ки маҳз Малола барои онҳо хотира менавишт. Бо намоён шудани Малола дар мазҳари ом, хатар низ аз пасаш омад.

Малола мегӯяд: “Дар аввали соли 2012, моҳҳои январ ва феврал ба ман таҳдид карданд. Падару модарам дар воқеъ аз амнияти мо нигарон буданд. Онҳо дар воқеъ бисёр нигарон буданд, вале чизе дар бораи изтиробу нигаронии худ ба ман чизе намегуфтанд. Танҳо саъй мекарданд, ки ҷони ман дар хатар наяфтад. Падарам ба ман гуфт, ки эҳтиёт кунам.”

Нӯҳуми октябри соли 2012 таҳдид ба воқеъият табдил шуд. Дар як роҳи танги шаҳри Мингора, вақти бозгашти Малола бо ҳамсинфонаш аз мактаб, як ҷангҷӯи толиб ба ӯ ҳамла кард. Малола мегӯяд, ки чанд рӯз пеш аз ин ҳамла эҳсоси нохубе дошт: “Пеш аз ин ҳодиса, тассаввур карда будам, ки шояд ягон мард ё толиби мусаллаҳе ҳангоми бозгашти ман аз мактаб дар ҳамин кӯча ва ё ҳангоми рафтанам ба мактаб ба сӯи ман тир меандозад. Фикр кардам, ки ба ӯ хоҳам гуфт, “Бисёр хуб, биё ва маро бикуш, вале ман фақат ҳаққи таҳсил кардан талаб дорам ва барои фарзандони шумо ҳам.” Ҷое тасаввур карда будам, ки ба сари толиб кашф меандозам, вале дар ин сурат, ҳеҷ фарқе байни ман ва толиб намемонд.”

Малоларо вақте тир заданд, ки дар мошини мактаб ҳамроҳ бо ҳамсинфонаш буд. Тир аз гардану сараш гузашта буд. Ду духтари дигар ҳам захм бардоштанд, аммо захмҳои сабуктар.“Охирин чизе, ки ёдам ҳаст, ин буд, ки бародарам Усома, мотори мошини мактабро рӯшан кард. Баъди ин дигар ҳеҷ чизе дар хотирам нест," - мегӯяд Малола.

Барои табобати Малола амалиёти ҷарроҳии бисёр мушкиле лозим буд, зеро тир дар наздикии ҳароммағзаш дармонда буд. Бахше аз косахонаи сари ӯро барои муваққат бурида ҷудо карданд, зеро дар акси ҳол бар иллати варам, мағзи сараш метавонист осеб бубинад.

Малола дар мусоҳиба бо Озодӣ
Малола дар мусоҳиба бо Озодӣ
Баъди табобати муқаддамотӣ дар Свот, Малоларо ба шифохонаи низомӣ ба шаҳри Пешовар ва сипас ба шифохонаи дигаре дар наздикии Исломобод бурданд. Малола ончиро ба ёд меорад, ки ҳангоми беҳушӣ дар сараш чарх мезад: “Ман тайи 5 рӯз ва ё бештар пайваста хоб медидам. Дар хоб гуфтам, ки ман мурдаам. Вале агар мурда бошам, чаро дар гӯр нестам, чаро фариштаҳо маро суолу ҷавоб намекунанд. Вақте инсоне хоб мебинад, худаш намедонад, ки ин танҳо як хоб аст. Ман хоб намедидам, ман беҳуш будам, аз ин рӯ ҳамзамон фикр ҳам мекардам. Ман саъй мекардам, бархезам ва ба ин дунё баргардам. Талош барои ба ҳуш омадан, як бори гароне барои дилам буд.“

Дар гӯшаҳои мухталифи Покистон ва ҷаҳон мардум гирди ҳам омада ва ҳимояти худро аз Малола нишон медоданд. Дар Афғонистону Непал, ки занону духтарон низ барои ҳаққи таҳсил мубориза мекунанд, мардум барои шифову зинда мондани Малола дуову ниёиш мекарданд.

Вақте вазъи Малола мӯътадил шуд, ӯро барои табобат ба шифохонаи шаҳри Бирмингеми Англия оварданд. Аммо ӯ дар инҷо бештар нигарони хонаводааш буд, на дар андешаи худаш: “Ҳар вақте табибе меомад, ман аз парастор қалам мехостам. Ман гап зада наметавонистам, чун барои нафаскашӣ дар ҳалқам лӯла андохта буданд. Баъд ба парастор навиштам, ки пули табобати маро кӣ пардохт хоҳад кард, зеро мо пул надорем. Падари ман ҳатто пуле надорад, ки билети ҳавопаймо бихарад ва инҷо биёяд. Баъдан фикр кардам, ки мумкин аст, падарам қарз бигирад, ё мактаби хусусӣ ва ё хонаамонро фурӯшад. Вале ёдам омад, ки мактабу хонаро ҳам фурӯхта наметавонад, зеро онҳоро иҷора гирифта буданд.“

Ҳукумати Покистон тамоми харҷи табобати Малоларо пардохт ва хонаводааш ба ӯ ҳамроҳ шуд. Ба падараш дар консулгарии Покистон дар Бирмингем ҷойи кор доданд. Раисиҷумҳури Покистон Малоларо духтари фавқуллода ва ифтихори Покистон хонд, аммо на ҳама дар кишвар ба ин гуфта мувофиқ буданд.

Шӯҳрати байналмилалии Малола дар миёни баъзеҳо, ҳасаду бадгумониро барангехт. Дар бозори Мингора, зодгоҳи Малола, баъзеҳо ба ин боваранд, ки ҳама чиз дар бораи ӯ сохта аст, яъне ба Малола касе тир назадааст ва ӯ танҳо ба хотири сарвату шӯҳрат худро қаҳрамони мубориза барои ҳуқуқи занону таҳсили духтарон вонамуд мекунад: “Ӯ ҷоизаро барои худаш гирифтааст, на барои кишвар ва ё Покистон. Мардуми Свот ҳеҷ баҳрае аз он набурдаанд. Ӯ имкон ёфт, ки ҳамроҳи хонаводааш ва дигар духтароне, ки маҷрӯҳ шуданд, ба Англия биравад.”

Вале айни замон дар бозорҳои пуродаму пурғавғои Мингора пайдо кардани тарафдорони Малола низ осон аст. Мисли ин мард ки мегӯяд: “Малола фарзанди Свот ва ҳамчунин як инсон аст. Бо ӯ набояд чунин рафтор мекарданд. Дигар ин ки Свот аз номи ӯ манфиат дид, зеро ҷаҳон ва Аврупо ҳоло медонанд, ки Свот як ҷойи ақибмонда нест. Малола бар зидди ислом сухан намегуфт, ӯ ҳамқадами ислом буд.“

Худи Малола мегӯяд, ки аз ҳарфи мунтақидонаш нороҳат намешавад: “Ба Малола тир заданд ё назаданд, муҳим нест. Малола ба тарафдорӣ эҳтиёҷ надорад. Танҳо чизе, ки ӯ мехоҳад, таҳсили духтарон ва риояти ҳуқуқи занон аст. Тарафдори Малола набошед, тарафдори таҳсили духтарону ҳуқуқи занон бошед.“

Малола дар минбари СММ
Малола дар минбари СММ
Баъди шифо ёфтанаш, барои корҳояш ба Малола пайи ҳам ҷоиза медоданд. Баъди тир хӯрданаш ӯ бори аввал рӯзи 12 июли соли 2013 нахустин бор дар мазҳари ом суханронӣ кард. Дар он рӯз, ки “Рӯзи Малола”-аш хонданд, ӯ дар қароргоҳи Созмони Милал дар Ню Йорк сухан гуфт. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал он рӯз Малоларо “қаҳрамон” тавсиф кард.

“Рӯзи Малола, рӯзи ман нест, ин рӯзи ҳар як зан, писар ва духтарест, ки барои ҳуқуқи хеш садо баланд кардаанд,” - мегӯяд худи ӯ.

Тағйири фавқуллода дар зиндагии Малола, ки аз як кӯдаки Свот ба як ҳомии шинохтаи ҳуқуқ дар арсаи байналмилал табдил шуд, баъзан барояш осон набудааст. Аммо ӯ мегӯяд, аз фидокориҳояш пушаймон нест: “Ба назари ман, агар шумо мехоҳед, ба ягон ҳадафи худ дар зиндагӣ ноил шавед, бояд аз баъзе чизҳо даст кашед. Ҳадафи ман таҳсили духтарон аст ва ман сулҳ мехоҳам. Дар ин ҳол, агар ман кӯдакии воқеъӣ надошта бошам, бароям зиёд муҳим нест.“

Дар Мингора соли хониши нав дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна шурӯъ шудааст ва духтарон ҳам муназзам ба мактаб мераванд. Ин ҳаққест, ки барои бисёриҳо осон муҳаё шудааст, вале Малола барои ин ҳақ зиндагии хешро бахшидааст.

Малола, ки ҷоизаи байналмилалии кӯдакон барои сулҳ дар соли 2013 ва ҳам ҷоизаи имсолаи ба номи Анна Политковскаяро ба даст овард, умед дорад, ки рӯзе бо дӯстону ҳамсинфонаш хоҳад буд. Малола мехоҳад ба кишваре баргардад, ки худи ӯ ва ҳуқуқи занону кӯдакон эмин бошанд.
XS
SM
MD
LG