Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай: Аз водии Свот то минбари СММ


Малола Юсуфзай дар минбари СММ
Малола Юсуфзай дар минбари СММ

Малола Юсуфзай, духтари покистоние, ки як сол пеш дар ҳамлаи Толибон аз сараш тир хӯрда буд, гуфтааст, ки омода ҳаст, умрашро сарфи ҳаққи таҳсил барои духтарон кунад.

Малолаи 16-сола, ки як рӯз баъди суханрониаш аз минбари СММ дар дафтари Покистон дар Милали Муттаҳид сӯҳбат мекард, гуфт, намехоҳад ки ӯро ҳамчун духтаре бишиносанд, ки Толибон куштан мехостанд, балки мехоҳад “ҳамчун духтаре шинохта шавад, ки барои ҳуқуқаш мубориза бурдааст.”

Малола гуфтааст, Толибон ва ифротгароёни дигар аҳамияти таҳсил ва маорифро дарк намекунанд, балки ҳатто “фикр мекунанд, ки агар занону духтарон мактаб бираванд, ҳаққи худро соҳиб мешаванд ва онҳо аз ҳамин метарсанд.”

Малола Юсуфзай рӯзи 9 октябри соли 2012 дар зодгоҳаш – водии ошӯбзадаи Своти Покистон дар роҳи бозгашт аз мактаб ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва аз сараш тир хӯрд. Бовар меравад, ки ҷангиёни толиб аз ин блогнависи наврас барои ёддоштҳояш дар бораи рӯзҳои султаи ҷангиён бар водии Свот ва маъракасозиаш ба манзури ҷалби духтарон ба таҳсил интиқом гирифтаанд.
Малола баъди он захми шадид чандин моҳ дар Покистон ва сипас дар Бритониё табобат гирифт, то дубора ба по рост шавад.

Рӯзи 12 июлро, ки Малола Юсуфзай ба синни 16 расид, СММ Рӯзи Малола унвон карда, аз ӯ хост, то дар зодрӯзаш аз минбари СММ дар Ню-Йорк ба ҷаҳон муроҷиат кунад.Ӯ аз минбари нахустин Маҷмаъи ҷавонони дунё, ки ҳудуди 1000 раҳбари ҷавон аз беш аз 100 кишварро гирди ҳам оварда буд, гуфт, ҳамлаи Толибон ба ӯ барои идомаи муборизааш танҳо рӯҳу қуввати бештар бахшид. Ӯ аз сарони дунё даъват кард, то таҳсили ройгон барои тамоми кӯдаконро таъмин кунанд.


Малола дар ҳузури дабири кулли СММ Бан Ки Мун
Малола дар ҳузури дабири кулли СММ Бан Ки Мун
Малола Юсуфзай худро танҳо яке аз ҳазорон қурбонии Толибон номид ва гуфт, “онҳо фикр мекарданд, ки тирҳо моро хомӯш мекунанд. Вале онҳо хато карданд. Гузашта аз ин, ба ҷои ин хомӯшӣ ҳазорон садо баланд шуд. Террористҳо фикр мекарданд, ки онҳо ҳадафҳои моро тағйир дода, моро аз роҳи мубориза мегардонанд. Вале чизе дар зиндагии ман дигар нашуд ба ҷуз ин ки: Заъфу тарсу ноумедиам мурд. Ва ба ҷояш зӯру қувват ва ҷасорат омад.”

Малола Юсуфзай, ки дар минбари либоси суннатии паштуҳои Покистон дар тану рӯймол дар сар зоҳир шуд,суханрониашро бо як дуои мусалмонӣ шурӯъ кард ва баъдан гурӯҳҳои террористиро айбдор кард, ки “аз номи Ислом ва ҷомиа паштуҳо ба хотири сӯди шахсии худ сӯъиистифода мекунанд.”


Гордон Браун
Гордон Браун
Гордон Браун, сарвазири собиқи Бритониё ва фиристодаи хоси СММ дар умури таҳсилу маориф гуфтааст, “суханронии Малола як нуқтаи атф ба сӯи тағйир дар роҳ ба тарафи соли 2015 буд.” Соле ки ҷаҳон, ба гуфтаи оқои Браун, бояд масъалаи таҳсилро пурра ҳалл кунад. Тибқи Барномаи рушди ҳазорсола, ки соли 2000 тасвиб шудааст, бояд то соли 2015 тамоми кӯдакони дунё бо имкони таҳсил дар дастикам мактаби ибтидоӣ таъмин карда шаванд.

Малола Юсуфзай, ки дар ҳоли ҳозир яке аз номзадҳои умда ба Ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобел муаррифӣ мешавад, гуфтааст, ки мехоҳад зиндагиашро сарфи маъракаи таъмини шароити таҳсили духтарон кунад. “Биёед, китобу қалами худро бардорем. Силоҳи қавитарини мо ҳамин аст. Як кӯдак, як муаллим, як китоб ва як қалам ҳам метавонанд дунёро дигар кунанд. Танҳо роҳи ҳалл таҳсил аст. Таҳсил бояд дар мадди аввал бошад,” – изҳор дошт ӯ аз минбари СММ.
XS
SM
MD
LG