Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР: "94% ба тарафдорӣ аз тағйиру иловаҳо раъй доданд"


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосиро эълон кард, ки тибқи он 94,5 дарсад ба ҷонибдорӣ аз он раъй доданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии раъйпурсӣ барои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро эълон кард, ки тибқи он аксари кулли раъйдиҳандагон аз он пуштибонӣ кардаанд. Ба иттилои мақомоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, барои ширкат ҳамапурсии рӯзи 22-юми май 4 миллиону 402 нафар сабти ном шуда буданд. Дар раъйпурсии рӯзи якшанбе 4 миллиону 38 ҳазор шахси дорои ҳаққи раъй овоз доданд, ки 92 дарсади шумораи умумии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 23 май зимни нишасти хабарӣ эълон кард, ки дар раъйпурсии рӯзи 22-юми май 4 миллиону 38 ҳазор афроди дорои ҳаққи раъй ширкат карданд ва 3 миллиону 814 нафари онҳо ба тарафдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон раъй доданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки 134,121 нафар ва ё 3,3 дарсади ширкаткунандагон раъйи мухолиф додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода ҷараёни овоздиҳиро "шаффоф" хонд ва гуфт, ки то ба ҳол ҳеҷ арзу шикояте ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид нашудааст. Ҷараёни раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро беш аз 120 нозири хориҷӣ мушоҳида карданд.

Эълони натиҷаҳои муқаддамотии раъйпурсӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Мавзӯи тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ дар парлумон баҳс шуд ва баъдан Маҷлиси намояндагон 22 майро рӯзи баргузории раъйпурсӣ эълон кард. Ин тарҳи ислоҳот пеш аз он ки ба дасти мардум бирасад, ба Додгоҳи конститутсионӣ низ рафта ва ин ниҳоди ҳуқуқӣ ризояташро барои раъйпурсӣ дода буд.

Ин тарҳи тағйиру иловаҳо бештар аз ивази калима ва ибораҳо иборат аст. Мисли ин ки вожаи “Сарқонун” ҳазф шуда, "ҳуқуқи" ба "ҳаққи", "шаҳрвандоне" ба "шахсоне", "муқарраргардида" ба "эълоншуда" ва "сайёҳӣ" ба "туризм" иваз карда хоҳанд шуд.

Вале коршиносон мегӯянд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон имкон хоҳад дод, бидуни маҳдудият дар сари қудрат бимонад. Дувум, бар асоси ин тағйирот синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз 35 то 30 поин оварда хоҳад шуд, ки ба бовари коршиносон, ба эҳтимоли зиёд талоши роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

XS
SM
MD
LG