Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, ки чанд соли қабл яке аз тимҳои маъруф ва сертарафдори футбол дар Тоҷикистон буд, барои идомаи фаъолият ва ҳузур дар Лигаи якум маҷбур шудааст, автобуси ҳадякардаи президент Эмомалӣ Раҳмонро фурӯшад.

Мо онро таъмир карда, фурӯхтем ва дастаро наҷот додем. Агар ин корро намекардем, ҳам автобус вайрону валангор мешуд, ҳам даста аз байн мерафт

Масъулони даста рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки автобусро бо нархи беш аз 87 ҳазор сомонӣ, муодили даҳ ҳазор доллар, фурӯхтанд ва дастаро аз парокандагӣ наҷот доданд.

Автобус соли 2011 аз тарафи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дастаи “Равшан” ваъда шуд ва баъд аз тақрибан як сол ба дасти онҳо расид. Автобусро дастаи “Барқчӣ” харидааст.

Баҳром Рустамов, як масъули дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, автобус тайи ду соли ахир “бекор буд”. “Ба дастаи “Барқчӣ” автобус зарур будааст. Мо онро таъмир карда, фурӯхтем ва дастаро наҷот додем. Агар ин корро намекардем, ҳам автобус вайрону валангор мешуд, ҳам даста аз байн мерафт” - афзуд ӯ.

Баҳром Рустамов
Баҳром Рустамов

Рустамов мегӯяд, ки пули бадастомада барои иштирок дар бозиҳо сарф шуда, барои маоши бозигарону сармураббӣ нахоҳад расид. Ӯ мегӯяд, соли гузашта касе дастаро сарапастиву сармоягузорӣ накард ва аз ин сабаб ба ин ҳол расиданд.

“Соли гузашта хеле қарздор шудем. Гуфта будем, ки имсол дар бозиҳо иштирок намекунем. Чун сармоя надоштем. Ҳоло дастаро наҷот додем ва дар Лигаи аввал боқӣ мемонем”, - гуфт ӯ.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб се сол боз сарпараст надорад. Ин даста ба далели мушкили молӣ натавонист, ҳузурашро дар Лигаи олӣ таъмин кунад.

Зайниддин Давлатов, раиси шӯъбаи ҷавонони дар минтақаи Кӯлоб, дар як нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта дасти шаҳрдорӣ низ барои кумак ба “Равшан” кӯтоҳӣ кард. Ӯ гуфт, “бо қарз ва бидуни маош даста фаъолият кард ва дар лигаи аввал монд. Ҳарчанд соҳиби ҷой нашуд, дар сурати умум аз байн нарафт.”

Масъулони даста ва Раёсати ҷавонони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҳоло тими “Равшан” як “Мерседес” дорад, ки камхарҷ буда, бозигарон метавонанд тавассути он ба ҳар гӯшаи кишвар бираванд.

Ҳашт сол пеш бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти Лигаи олӣ зери суол рафта буд, дар пайи дахолати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт.

Президент Раҳмон он вақт вуҷуди бошгоҳи футболро барои шаҳри Кӯлоб муҳим хонда буд. Баъди он даста якбора соҳиби сарапараст шуд, вале се соли ахир ҳеч сармоягузору сарпарасте надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG