Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе ба поён расид. «ДИСИ Инвест», ки бори чаҳорум қаҳрамони Тоҷикистоншуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 мушарраф гардид.
«ДИСИ Инвест» аз 28 бозӣ дар 26-тоаш ғолиб омада, танҳо дар ду дидор мағлуб шуд ва бо 78 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Душанбегиҳо бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.
Медалҳои нуқра барои аввалин бор насиби дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд гардид. Ин даста, ки 65 имтиёз дорад, мақоми дувумро азони худ кард.
Ду даста – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Соро компания»-и Душанбе - 55-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои миёни ҳарду «Равшан» мақоми севумро соҳиб шуд ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад. Бозигари «Равшан» Шодӣ Муродов, ки 46 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими соли 2017:
1. «ДИСИ Инвест» (Душанбе) – 78 имтиёз, тӯбҳо 258-69
2. «Сипар» (Хуҷанд) – 65 имтиёз, тӯбҳо 190-78
3. «Равшан» (Кӯлоб) – 55 имтиёз, тӯбҳо 178-97
4. «Соро компания» (Душанбе) – 55 имтиёз, тӯбҳо 181-82
5. «Садовая» (Истаравшан) – 36 имтиёз, тӯбҳо 189-176
6. «Сино» (Душанбе) – 22 имтиёз, тӯбҳо 125-236
7. «Самандар» (Турсунзода) – 19 имтиёз, тӯбҳо 106-207
8. «Алоқа» (Душанбе) – 3 имтиёз, тӯбҳо 61-343
Нишонзанҳо: Шодӣ Муродов («Равшан») – 46 тӯб, Баҳодур Хоҷаев («Садовая») – 44 тӯб, Беҳрӯз Сангинов («Садовая») – 43 тӯб.
Ҷавоб ба Эраҷи Тилисмшикан, Маҳз бефикри, куҳтоназари, эркагии ,,лидерони,, маҳали, худписанди ба чунин натиҷа оварда расонд. Мардуми буми ба ақалияӣҳои милли, мазҳаби ва фарҳанги тааллуқ доранд ва бояд дар сиёсат аз эҳтиёт кор гиранд. Хубтараш аз сиёсат тамоман канор раванд.
Ин бизнесро хам манаполия кард Бек Капур . Чашмгуруснахо шумо агар аз хоки ГУР сер накунед , аз моли дунё сер накардед !
Руки прочь от радио озоди !!! Идите в свой Сафина
Кори макомот дурустай... Амхе кадан даркор
Магар ин одам хизматчии давлатӣ буд ки статяи хиёнат ба давлат заданд? Ягон прокурори боақл мондааст дар ин ҳукумат ё не?