Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд барпо гардид.
Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ҳимоятгар Далерҷон Тухтасунов дар дақиқаи 57-ум ҳисобро боз кард. Як голи дигарро бозигари меҳмонон Султоншо Мирзоев дар дақиқаи 77-ум ба дарвозаи дастаи худ зад.
Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ” ва “Хуҷанд” имрӯз, 4-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфт дар финали Ҷоми Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти дигари даври ниманиҳоӣ - «Истиқлол» (Душанбе)/ ССКА «Помир» (Душанбе) – рақобат мекунад.
Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.
Соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Шумохо радиои озоди ба жои ин ки аз кимати маводи газоии тожикистон сухан гуед нохун аз эрон ба забон миёрен
Да режими рахмонуф аз ҳаққи конститутсионӣ талаб кунӣ хоин аз озодии сухан гап занӣ ифротӣ
Хинда боши Эрон ту ҳазорон сол дар назди думанонат сар хам накардаи ин ша Аллоҳ рузҳои беҳтаринат дар пеш.
Хукумат ревизоротона аз институтои илми даф кунен ино инсол зиёд шудан. Олимо базур гаштан ин ревизоротон бошад руирост омада пул гирифтестан. Онхоро Вазирон тайин караанд вазиронро шумо таъин мекунедку ина чихел фахмем.
Агроинестбанк низ пули мардумро дуздидааст чаро дар бораи пулхои дуздидаи он ягон гап нест. Кай бармегардонанд?