Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи таҷовузгар ва қотили кӯдакон дар Покистон. ВИДЕО


Тани беҷони Зайнаб Амини 6-соларо дар ноҳияи Касури Панҷоб ёфтанд. Дар ҳаминҷо дар чанд соли ахир мисли Зайнаб чанд кӯдаки дигарро пайдо кардаанд.

Қатли Зайнаб дар Покистон суоли мубрамеро матраҳ кард. Суоли муҳофизати осебпазиртарин қишри ҷомеа. Посухе, ки мардуми инҷо ба зудӣ намегиранд.

Қатли такондиҳандаи Зайнаб хашми мардуми Покистон ва ин нигарониро барангехт, ки қотили ҳамаи онҳо як нафар аст. Нусрат Бибӣ, модари Зайнаб гуфт, "шояд ба духтарам гуфтаанд, ки ӯро пеши ман меоранд. Шояд чизе гуфтаанд, ки аз пасашон биравад. Вагарна духтари зираку гапшунаве буд ва медонист, ки набояд бо бегонагон гап занад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шикори таҷовузгар ва қотили кӯдакон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Мисли Зайнаб дар 2 соли ахир дар шаҳри Панҷоб 12 кӯдакро таҷовуз карда, куштаанд. Муфаттишон дар чанд қатл аломатҳои ДНК-и як нафарро пайдо кардаанд ва мегӯянд, мумкин аст, як қотил кӯдаконро шикор мекунад.

Фарид Хон, табиби ташхисгар, гуфт, “метавонам бигӯям, ки дар 80 то 90 дарсад қурбониён захмҳои шабеҳ доранд. Осори нафасгир кардан, осори сӯхтагӣ, захми теғ ва ҳатман озори ҷисмонии қурбонӣ дида мешавад.”

Покистон фақат соли 2016 барои озори кӯдакон ҷазо муқаррар кард. Коршиносон мегӯянд, азбаски дар кишвар, дарси ҷинсӣ вуҷуд надорад, мумкин аст, бисёре аз ин ҷиноятҳо пинҳон монанд.

Дар Панҷоб, инчунин, соли 2015 ҳалқаи кӯдакозоронро фош карданд, аз ин рӯ сокинон аз танҳо гузоштани кӯдакон метарсанд. Ғулом Фарид, як сокини Панҷоб мегӯяд: «Кӯдаконро дар хона маҳкам карда мегӯем, дар хона дарс хонанд. Ё кӯдаконро худамон ба мактаб бурда меорем. Мо бояд кор кунем ё кӯдаконро посбонӣ кунем?»

Қатли Зайнаб дар Покистон суоли мубрамеро матраҳ кард. Суоли муҳофизати осебпазиртарин қишри ҷомеа. Посухе, ки мардуми инҷо ба зудӣ намегиранд.

XS
SM
MD
LG