Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон Набиев чӣ гуна президент интихоб шуд? Нигоҳе ба маъракаи сиёсии 29 сол пеш. ВИДЕО


Раҳмон Набиев

29 сол пеш, рӯзи 24-уми ноябри соли 1991, бори аввал дар интихоботи умумимардумӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистонро интихоб карданд. Ҳарчанд Раҳмон Набиев як сол кор кард ва баъдан зери фишор истеъфо дод, ҷонибдоронаш ин интихоботро "танҳо раъйдиҳии озоду демократӣ дар Тоҷикистон" унвон мекунанд. Мухолифонаш "интихоботи пур аз тақаллуб, қонуншиканӣ ва суистифода аз имкониятҳо" медонанд.

Нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аст, вале аз сӯи вакилони Шӯрои Олӣ интихоб шуда, сипас, дар пайи эътирозҳо ба истеъфо рафтааст.

РАҚОБАТИ 11 НОМЗАД

Барои иштирок дар интихоботи 24-уми ноябри соли 1991-ум 11 номзад сабти ном шуданд. Нерӯҳои озодихоҳ дар атрофи Давлат Худоназаров, коргардони синамо ҷамъ омада буданд. Бештаре аз мақомот аз номзадии Раҳмон Набиев, роҳбари пешини Тоҷикистони Шӯравӣ ҳимоят мекарданд.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов он замон устоди хабарнигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нафари боэътимоди номзад Раҳмон Набиев интихоб шуда буд. Ба гуфтаи вай, қонунгузории он солҳо барои сабти номи номзад ҷамъоварии танҳо 10 ҳазор имзоро тақозо мекард ва ба ин далел ёздаҳ нафар тавонистанд дар интихобот ширкат кунанд.

Усмонов мегӯяд, “намедонам тақаллубкорӣ дар он интихобот то чӣ ҳад шуд, лекин ҳақиқат он аст, ки мо баъди он ҳам ҳеч вақт ин хел интихоботи озод надоштем. Мо бисёр кӯшиш мекунем, вале чунин интихобот надоштем. Зеро ҳар номзаде пешниҳод шуд, ба ғайр аз ду нафар, номзади ҳақиқие буд, ки мардум пешниҳод кард”.

Раҳмон Набиев чӣ гуна президент интихоб шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

ТАРАФДОРОНИ ДАВЛАТ ХУДОНАЗАРОВ ЧӢ МЕГӮЯНД?

Дар интихоботи президентии соли 1991 рақобати асосӣ миёни ду номзад – Раҳмон Набиев, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва Давлат Худоназаров, коргардони маъруфи синамои тоҷик – сурат гирифт. Дар интихобот Раҳмон Набиев бо касби 56 дарсад раъйи мардум пирӯз шуда буд.

Нур Табаров
Нур Табаров

Нур Табаров, шахси боэътимоди Давлат Худоназаров, номзади дигар дар ин интихобот мегӯяд, ҳарчанд тарафдорони ин номзад талошҳое ба харҷ доданд, натавонистанд Раҳмон Набиевро шикаст диҳанд: "Ман тарафдори Давлат Худоназаров будам, ҳарчанд ки зӯр задем, зӯр задем, сиву чанд фоиз овоз гирифтем. Аз ин зиёд нашуд."

Сокинони бузургсоли Тоҷикистон, ки шоҳиди ин интихоботи президентӣ буданд, мегӯянд, рақобат дар шароити озод сурат гирифта буд ва мардум имкон доштанд бо барномаи интихоботии номзади худ ошно шаванд.

БОБОҶОН ИКРОМОВ: РАҲМОН НАБИЕВ НАОМАД

Бобоҷон Икромов он замон муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва муҷрии баҳсҳо ё дебати ниҳоии номзадҳои интихоботӣ буд. буд. Ӯ гуфт, дар барномаҳо барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар дода шуда буд.

Бобоҷон Икромов
Бобоҷон Икромов

“Дар он барнома Давлат Худоназаров ширкат дошт, лекин Раҳмон Набиев бо сабаби беморӣ иштирок накарданд. Барои ҳамон 12 ё 13 нафар номзад, ҳоло дақиқ дар хотирам нест, мизу курсӣ гузошта будем, барномаи мустақими телевизионӣ буд. Аз номзадҳо танҳо хоҳиш кардем, ки ба таҳқиру дашноми ҳамдигар роҳ надиҳанд”, -- ба ёд овард ӯ.

Бо ин вуҷуд, Давлат Худоназаров ва ҷонибдоронаш то ҳол ин интихоботро пур аз тақаллуб медонанд. Худи Давлат Худоназаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шароит онҳоро водор кард, то аз эътирозҳои густурда худдорӣ кунанд.

"БА МО ИМКОНИЯТ НАДОДАНД..."

Вай афзуд: “Мисол, ба мо имконият надоданд, ки бо интихобкунандагон дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон озодона ҳамсуҳбат шавем, озодона мулоқот кунем. Ва ғайр аз ин, ҳисобу китоби хотимавӣ ҳам, албатта, нодуруст буд, чунки баъд аз 2-3 моҳи интихобот бо бюллетенҳои қайчинозада дар бозорҳо мол мефурӯхтанд”.

Давлат Худоназаров
Давлат Худоназаров

Раёсати ҷумҳурии Раҳмон Набиев дар пайи хушунатҳои дохилӣ дар Тоҷикистон зиёд дароз накашид ва ҳудуди як сол баъд аз пирӯзӣ дар интихобот нерӯҳои мухолиф ӯро ба навиштани аризаи истеъфо маҷбур карданд. Аммо, сиёсатшиносон мегӯянд, интихоби нодурусти кадрҳои роҳбарӣ ва надоштани артиши миллӣ сабаби аслии нокомии президентии Раҳмон Набиев шуданд.

Аммо поёни раёсати ҷумҳурии Раҳмон Набиев ба ҷанги дохилии Тоҷикистон печид, ки ҳазорҳо кушта ба ҷо гузошт ва ҳазорҳо нафари дигарро гуреза кард. Худи Раҳмон Набиев 11-уми апрели соли 1993 дар манзилаш дар шаҳри Хуҷанд дар шароити мармуз ҷон бохт.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG