Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ҳамсари президенти собиқи Тоҷикистонро ташхис мекунанд


Манзили президенти пешини Тоҷикистон Раҳмон Набиев. 29-уми декабри соли 2017.

Мақомоти интизомӣ тасмим гирифтанд ҷасади хонум Майрам Набиева, ҳамсари президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиевро, ки дар паи сӯхторе дар манзилаш дар Хуҷанд рӯзи 28 декабр ҷони худро аз даст додааст, ба ташхиси тиббӣ ирсол карданд.

Cанҷиши колбадшиносӣ сабаби аслии марги хонуми 80-соларо мушаххас хоҳад кард ва хешовандон умед доранд, ки рӯзи 29 декабр натиҷаҳои ин таҳқиқ барои онҳо эълон мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, рӯзи 29 декабр маросими дафни хонум Набиева ҳам баргузор мешавад.

Дар як мусоҳибаи охирини худ ба «Азия-Плюс» дар соли 2015 Майрам Набиева гуфт, ки бовар дорад ҳамсараш баъди истеъфои маҷбурӣ аз мақоми президентӣ кушта шуд. Сабаби расмии марги Раҳмон Набиев – сактаи қалб гуфта мешавад

Хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки соатҳои 19:30 рӯзи 28 декабр аз манзили Майрам Набиева дар маҳаллаи Себзори Хуҷанд дидан кард, гуфт, манзили якошёнаи ӯ дар як ҳавлие воқеъ дар назди як роҳи мошингарди калоне ҷойгир аст. Дар дохили ҳавлӣ он лаҳзаҳо хешовандон, ҳамсояҳо ва дигар афроди наздики хонадон ҷамъ омада буданд. Ҳамон лаҳзаҳо духтари ӯ Мунаввара Набиева ҳам аз Душанбе расида омад ва дар як ҳолати ошуфтаву ҳаяҷонзада қарор дошт. Ӯ омода набуд, ки бо матбуот сӯҳбат кунад.

«Дар хона кормандони полис ва оташнишонӣ кор мекарданд. Яке аз хешовандоне, ки дар ҳамон ҷо ҳузур дошт, гуфт, ки сӯхтор баъди нисфирӯзӣ дар як хонаи ин манзил сар зад. Хонум Набиева дар он лаҳза дар хона танҳо будаанд», гуфт Маъсуми Муҳаммадраҷаб.

Акс аз хабаргузории "Азия плюс"
Акс аз хабаргузории "Азия плюс"

Фарзияи аввалини марги хонум Набиева заҳролудшавӣ бар асари дуди ғализи сӯхтор гуфта мешавад, вале боз ҳам хешовандон мунтазири хулосаи колбадшиносон қарор доранд.

Ба мушоҳидаи хабарнигори Озодӣ, мизони сӯхтор чандон зиёд набуд ва дида мешуд, ки қисме аз як утоқи ин хона ба коми оташ рафтааст. Сабаби сӯхтор ҳам ҳанӯз маълум нест. Фарзияи пешакии сӯхтор – тасодуфи фаннӣ гуфта мешавад.

Майрам Набиева соли 1937 таваллуд шуда дар солҳои охир дар Душанбеву Хуҷанд зиндагӣ мекард. Ҳамсараш Раҳмон Набиев 11 апрели соли 1993 даргузашт. Дар як мусоҳибаи охирини худ ба «Азия-Плюс» дар соли 2015 Майрам Набиева гуфт, ки бовар дорад ҳамсараш баъди истеъфои маҷбурӣ аз мақоми президентӣ кушта шуд. Сабаби расмии марги Раҳмон Набиев – сактаи қалб гуфта мешавад. Аз се фарзанди онҳо танҳо писару духтар – Рустам ва Мунаввара қайди ҳаёт ҳастанд. Дар ҳамин мусоҳиба ӯ гуфта буд, ки баъди марги ҳамсар ҳеҷ кӯмаке аз давлат дарёфт намекард ва нафақаи ҳармоаашро дар Русия танзим карда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG