Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: шояд ба ҳамаи сокинони Украина шаҳрвандии Русияро диҳем


Президенти Русяи Владимир Путин дар нишасти Пекин, 27 апрели соли 2019.
Президенти Русяи Владимир Путин дар нишасти Пекин, 27 апрели соли 2019.

Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, ҳукумати ӯ масъалаи додани сабукиҳоро ба ҳамаи украинҳо дар гирифтани шаҳрвандии Русия баррасӣ мекунад. Ин изҳорот эътирози мақомоти украинро ба бор овардааст.

Дар паёмаш ба нишасти сарон дар Пекин, рӯзи 27 апрел, президенти Русии Владимир Путин масъалаеро матраҳ кард, ки шиддатро миёни кишвараш ва ҳукумати нави Украина таҳти сарварии президенти тозаинтихоб Владимир Зеленский афзоиш хоҳад дод.

"Ба сурати умум, мо дар бораи он меандешем, ки додани шаҳрвандиро ба ҳамаи шаҳрвандони Украина осон гардонем", -- гуфт Путин.

Бо як пирӯзии чашмгир Влдимир Зеленский дар даври дувуми интихоботи президентии Украина рӯзи 21 апрел, Петро Порошенкоро шикаст дод, ки аз замони ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва бо ёрии ангехтани ҷанг дар шарқи Украина соли 2014 дар сари қудрат буд. Зеленский пас аз эълони пирӯзияш гуфт, ки мумкин аст, дар мавриди Қрим ва шарқи Украина бо Владимир Путин, президенти Русяи вориди гуфтушунид шавад.

Путин ғалабаро ба Зеленский табрик накард. Дар ҷойи ин Кремл эълом дошт, ки дарёфти шиносномаҳои Русияро ба сокинони минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина осон хоҳад кард. Украина дар ин робита ба Шӯрои амнияти СММ шикоят бурд ва амалкарди Маскавро зидди созишномаи Минск номид.

Аммо дар фармони Владимир Путин гуфта мешавад: "Дарёфти шаҳрвандии Русия бо ҳадафҳои башардӯстона ва ба хотири ҳимояти ҳуқуқу озодии инсон" сода гардонида шуд". Акнун изҳороти нави Путин, ки мегӯяд, ин фармон на танҳо минтақаҳои ҷангзада, балки тамоми қаламрави Украинаро дар назар дорад, вазхро печидатар кард.

Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА ин қарорро танқид карданд. Петро Порошенко гуфт, дастури нави Путин "дар асл омодагии Кремл ба марҳалаи нави таҷовузгарист". Вай афзуд, Путин мехоҳад дар дохили қаламрави Украина анклав ё ҷазирақаламравҳое бо шаҳрвандони Русияро таъсис диҳад ва ба истиқлолитяи Украина зарба занад.

Дар посух Путин дар Пекин гуфт, омодааст дар ин ва масъалаҳои дигар бо Зеленский вориди гуфтугӯ шавад.

Таҳлилгарон ба он ишора мекунанд, ки бо додани шаҳрвандии худ ба сокинони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ Русия нақшаҳои дарозмуддат дорад. Аз ҷумла дар мавридҳои зарурӣ он метавонад, мудохила дар умури ин кишварҳоро бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҷомаи қонунӣ диҳад.

Соли 2002 Кремл ба сокинони минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон -- Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ шиносномаҳои русӣ дод. Бо ин роҳ шумораи шаҳрвандони Русия дар ин минтақаҳо аз 20 ба 85 дарсад расид.

Вақте ки Русия дар моҳи августи соли 2008 бо Гурҷистон вориди ҷанг шуд, Кремл вуруд ва пойгозании нерӯҳи худро дар Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ як зарурати пуштибонӣ аз шаҳрвандони худ эълом дошт.

Русия ҳамин гуна ба шаҳрвандони Молдова низ ба осонӣ шиносномаи русӣ медиҳад. Аммо бо Тоҷикистон қонуни душаҳрвандӣ дорад ва шумораи зиёди тоҷикон ҳамзамон шиносномаи русӣ низ доранд. Сол то сол шумори сокинони Тоҷикистон, ки барои дарёфти шиносномаи русӣ талош мекунанд, афзоиш меёбад. Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин пойгоҳи ҳарбӣ дорад, ки калонтарин пойгоҳи он дар хушкӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG