Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон шаҳрвандии Русияро мегиранд, аммо намекӯчанд"


Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ёздаҳ моҳи имсол 2300 хонавода аз Тоҷикистон дар бораи кӯчидан ба Русия ариза додаанд. Вале онҳо аз он нигаронӣ доранд, ки бисёре аз сокинон баъди дарёфти шаҳрвандии Русия ба он кишвар нарафта, балки ба зиндагии худ дар Тоҷикистон идома медиҳанд.

Ҳадаф маълум аст: шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки бе гирифтани патент, пардохти андоз ва орӣ аз дардисарҳои ходимони ҳифзи ҳуқуқ ба сар баранд

Владимир Маркевич, раиси намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст, шумораи талабгорони кӯчидан ба Русия то охири имсол ба тақрибан дуним ҳазор хонавода хоҳад расид. Оҷонсии “Интерфакс” ба нақл аз Маркевич навишт, сокинон асосан аз тариқи дар барномаи давлатии “Переселение” ба Русия рафтан мехоҳанд.

“Имсол аз Тоҷикистон ба Русия бар асоси барномаи “Переселение” тахминан 1300 оила, иборат аз 5500 нафар, кӯч бастааст. Соли 2017 аз Тоҷикистон бар асоси ин барнома 1200 оила ва соли 2016 – 820 оила кӯчидааст. Ин шумор дар ҳоли афзоиш аст”, - гуфтааст Маркевич.

"Ба кӯчидан шитоб намекунанд"

Ба иттилои ӯ, онҳое, ки бар асоси барномаи “Переселение” мекӯчанд, ба минтақаҳои мавриди назари ҳукумати Русия сафарбар мешаванд. Барои кӯчидану шурӯи зиндагӣ дар ҷои нав ҳукумати Русия ба ҳар аризадиҳанда 250 ҳазор рублӣ ва барои ҳар сари узви оила 120 ҳазор рублӣ медиҳад. “Ҳоло масъалаи афзоиши маблағ баррасӣ мешавад”, - гуфтааст Маркевич.

Бар асоси ҳисобҳои оморӣ, дар тӯли солҳои истиқлолият, беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Дар нишасти матбуотии масъули ВКД-и Русия оид ба муҳоҷират, бештар аз он интиқод шудааст, ки бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон баъди гирифтани шаҳрвандии Русия “аз кӯчидан ба ин кишвар шитоб намекунанд” ва дар Тоҷикистон зиндагиро идома медиҳанд.

Маркевич гуфт, “мутаассифона, як дархости аризадиҳандаҳо барои иштирок дар ин барномаи давлатӣ бо ҳадафҳои ниҳоии онҳо мувофиқат намекунад. Бисёре аз онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, бо назардошти осонтар будани гирифтани шаҳрвандӣ аз рӯи барнома, соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд, вале ба Русия намекӯчанд. Ҳадаф маълум аст: шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки бидуни гирифтани патент, пардохти андоз, халос шудан аз дардисарҳои ходимони ҳифзи қонун ба сар баранд.”

Маҳдудиятҳо барои афроди душаҳрвандӣ

Ҳукумати Русия тавассути барномаҳои кӯч додани собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ва тақдими шаҳрвандӣ, ҳадаф дорад масоили демографиву иқтисодии худро ҳал кунад.

Барномаи давлатии “Переселение” аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва дар 11 соли фаъолияташ, бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, 800 ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ тавонистанд шаҳрвандии ин кишварро қабул кунанд.

Бархе соҳибназарон мегӯянд, дар солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд, ба маротиб бештар аз он аст, ки дар матбуот нашр мешавад. Тоҷикистону Русия низоми барномаи душаҳрвандӣ доранд, ки ҳуқуқи доштани шиносмномаҳои ду кишварро ба сокинони ин кишвар фароҳам меоварад.

Вале бино ба муқаррароти нав дар Тоҷикистон он кормандони ниҳодҳои давлатӣ, бахусус низомӣ ва қудратӣ, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд аз ду якеро интихоб кунанд. Яъне, ё аз шиносномаи кишвари дуюм, яъне Русия даст кашида ба кори худ дар Тоҷикистон идома диҳанд, ва ё бо интихоби шиносномаи кишвари дуюм корро дар сохтори давлатӣ тарк кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 нахуст, дипломатҳо, баъдан кормандони амнияту андоз, додситонӣ, вакилони мудофеъ, хидматичёни давлатӣ ва ахиран милисаҳоро аз доштани душаҳрвандӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG