Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"20 сол хеле зиёд аст". Путин ва баҳси ҳукуматдории тӯлонӣ


Солҳои гуногуни раҳбарии Путин дар як акс
Солҳои гуногуни раҳбарии Путин дар як акс

Владимир Путин – раиси ҷумҳурии Русия – гуфтааст, бозгашт ба шеваҳои ҳукуматдории Шӯравиро намехоҳад, чун, ба қавли ӯ, "он замон раҳбарон солҳои дароз дар ҳукумат буданд ва бе ҳеч расмиёти возеҳи супурдани қудрат аз дунё мерафтанд". Вай дар ин бора рӯзи 18-уми январ ҳангоми мулоқот бо собиқадорони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дар Санкт-Петербург ибрози назар кард.

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи шанбе гуфт: "Бозгашт ба вазъияти солҳои 80-ум, ки раҳбарон яке пайи дигаре то лаҳзаи охири умр дар ҳукумат меистоданд ва барои интиқоли қудрат шароити заруриро фароҳам намеоварданд, нигаронкунанда аст." Путин илова кард, ки "фикр мекунам, беҳтар аст, ба он шароит барнагардем."

Владимир Путин аз охири соли 1999 ба ҳайси президент – сарвазир – президент зимоми қудратро дар Русия дар даст дорад. Ҳоло давраи чаҳоруми президентии ӯ дар Русия аст ва соли 2024-ум ба поён хоҳад расид.

Дар Русия ин баҳс доғ шудааст, ки дар сурати хатми давраи раҳбарии ӯ чӣ иттифоқ хоҳад афтод, чун бар асоси Қонуни асосие, ки ҳоло амал мекунад, Путин ҳақ надорад бори дигар ба мансаби президентӣ бирасад. Бино ба Қонуни асосии Русия як нафар танҳо ду дафъа пайи ҳам метавонад раиси ҷумҳурӣ интихоб шавад.

Путини 67-сола дар суханронии худ дар рӯзи 15-уми январи имсол як силсила тағйиротро ба Қонуни асосӣ пешниҳод кард, ки дар сурати қабул шудан, метавонад пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳурӣ дурнамоҳои гуногунеро барои ҳоким монданаш бидиҳад, аз ҷумла дар мансаби раиси Шӯрои давлатӣ.

Қонуни асосии Русия соли 1993 қабул шудааст. Владимир Путин дар суханронии рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар шарҳи тағйироти мавриди назараш барои Қонуни асосӣ гуфт, ҳаққи таъйини нахуствазир ва аъзои кобина бояд ба Дума супурда шавад. Ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи ихтиёроти президент аст. Баъди ин суханронӣ, нахуствазир Дмитрий Медведев бо аъзои ҳукумат ба истефо рафт. Ба ҷойи ӯ Михаил Мишустини 53-сола, ки аз соли 2010 раиси Кумитаи андози Русия буд, сарвазир таъйин шуд.

Тағйирот дар ҳукумати Русия дар ҳоле анҷом мешавад, ки тобистони соли гузашта он кишвар шоҳиди бузургтарин эътирозҳо алайҳи ҳукумат дар беш аз ду даҳаи раҳбарии Путин будааст. Бисёре аз шаҳрвандони Русия аз бадтар шудани шароити иқтисодӣ, ки сабаби асосии он таҳримҳои Ғарб алайҳи он кишвар бинобар бӯҳрони Қрим ва коҳиши қимати нафт аст, норозӣ мебошанд.

Уилям Померантс, корманди Wilson Center дар Вашингтон рӯзи 18-уми январ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз пешниҳодҳои Путин барои ислоҳи Конститутсия ҷиддӣ ба назар мерасад.

"Ҷолибтаринаш, аз нигоҳи ман, пешниҳод дар бораи боло бурдани мақоми Шӯрои давлатӣ ва сабт кардани ин мақом дар Қонуни асосии Русия аст. Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз ҳамин сохтор баъди соли 2024 ба Путин ҳамчун пойгоҳ хидмат хоҳад кард. Ҷое, ки ӯ метавонад ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвар таъсир расонад," – илова кард ӯ.

Нина Хрушева, профессори донишгоҳи New School дар Ню-Йорк мегӯяд, муроҷиат ба Маҷлис ва ба истеъфо рафтани кобинаи вазирон қадами аввал барои ҳифзи қудрати Путин дар Русия аст. Ӯ афзуд: "Пештар вақте дар бораи чунин модел суҳбат мекардем, Дэн Сяопинро дар Чин (солҳои 70-ум) дар назар доштем. Ҳоло метавон дар бораи Нурсултон Назарбоев ҳам инро гуфт."

Коршиноси дигар Ричард Эриксон аз Донишгоҳи Каролинаи Шарқӣ мегӯяд, бист сол дар сари қудрат будан тӯлонист ва бояд ҳар раҳбаре дар ин муддат иваз карда шавад. "Ба назарам, ҳатто раҳбари тавоно ва сахттгир ҳам бояд бо гузашти замон иваз карда шавад. Ҳеч кас беохир наметавонад ҳукумат ронад. 20 сол ин хеле зиёд аст," – иброз дошт ӯ дар суҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ.

Он бахши таърихи Русия, ки бо номи Владимир Путин пайванд мегирад, аз 9-уми августи соли 1999 сар мешавад. Он вақт касе пешбинӣ карда наметавонист, ки мудири начандон маъруфи Хадамоти Федеролии Амнияти Русия – ФСБ раиси ҳукумати Русия мешавад. То ин дам ба замони раёсати ӯ бар Русия бист сол пур шудааст ва касе намедонад, даврони Путин то кай идома хоҳад кард.

Тағйири қудрат дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, масоили доғ ба шумор меравад. Дар Осиёи Марказӣ, ки даҳсолаҳо зери идораи Шӯравӣ будааст, аз охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-ум танҳо дар Қирғизистон панҷ дафъа раиси ҷумҳур иваз шудааст. Дар Туркманистону Узбекистон даргузашти раҳбарони пешин боиси ба сари қудрат омадани президентҳои нав шуд. Раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъд аз сӣ соли раҳбарӣ соли 2019 истеъфо дод ва дар курсии раиси Шӯрои амнияти кишвараш нишаст ва аз салоҳиятҳои зиёде бархурдор аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 28 сол боз дар сари ҳукумат аст. Ӯ соли 1992 аввал ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва дар интихоботи соли 1994 ба ҳайси президенти кишвар интихоб гардида, аз он замон то кунун раҳбари кишвар аст. Қарор аст, моҳи ноябри имсол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ сурат гирад ва ҳама нигоҳҳо ба ин сана дӯхта шудааст, ки кишвар ба чӣ роҳе хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG