Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Statista: Рӯйхати 13 кишваре, ки раҳбаронаш беш аз 18 сол дар қудратанд


www.statista.com

Муҳаққиқони олмонӣ дар матлабе мушаххас карданд, ки феълан дар саросари ҷаҳон 13 кишвар аз ҷониби раҳбароне идора мешавад, ки президентонаш беш аз 18 сол дар сари қудрат боқӣ мемонанд. Ба ин феҳраст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ шомил шудааст.

Муаллифи ин таҳқиқоти интернетӣ, қароргоҳаш дар Ҳамбурги Олмон, мегӯяд, агар моҳи март аз курсии президентӣ дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва оғози апрел аз раҳбарии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа истеъфо намедоданд, феҳристи дарозумртарин президентон дар ҷаҳон ба 15 нафар мерасид.

Ба навиштаи ин манбаъ, президенти Гвинеяи Экваториалӣ Мбасого, ки соли 1979 ба сари қудрат омада будааст, дарозумртарин президент номида шуд. Баъди ӯ дар ин феҳрист раҳбари Камерун – Бийя қарор дорад, ки 36 соли охир дар сари қудрат боқӣ мебошад. Баъди Камбоҷаву Уганда дар ҷои панҷум раҳбари олии Эрон Оятулло Хоманеӣ қарор гирифтааст, ки 29 соли охир дар вазифаи муҳими сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ қарор дорад.

Баъди раҳбарони Судон, Чад ва Эритрея, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми нӯҳум қарор гирифтааст, ки ба навиштаи ин вебсайт, 26 соли охир раҳбари Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 раиси Шӯрои олии Тоҷикистон шуд, дар интихоботи соли 1994 президенти кишвар интихоб гардид ва аз он замон то кунун сари қудрат боқӣ мемонад.

Соли 2016 дар паи як раъйпурсӣ Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”-ро соҳиб шуд ва ин мақом барояш ҳақи раҳбарии бемӯҳлатро фароҳам овард. Қабули ин қонун ва ҳам таҳкими қудрати президент мавриди интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

Дар мақомҳои поинтари феҳристи президентони дарозумр раҳбарони Беларус (Александр Лукашенка), Ҷумҳурии Конго (Нгуессо), Ҷибуттӣ (Гуелле) ва Русия (Владимир Путин) қарор гирифтанд.

Муаллифи ин раддабандӣ менависад, ки аксари ин раҳбарон дар натиҷаи кудатои муваффақ сари кор омада, қудратро дар дасти худ нигаҳ доштанд. 17 раҳбар аз роҳи тағйири конститутсияи кишвар қудратро тақвият додаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG