Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"10 миллион овоз ба тарафдории Путин тақаллубӣ аст"


Тақаллубро дар ҷараёни овоздиҳии интихоботӣ мешавад, на танҳо аз роҳи андохтани баргаҳои зиёд ба қуттӣ ё ташкили овоздиҳии такрорӣ, ки "карусел" ном гирифтааст, таъмин кард. Натиҷаҳои интихоботро аз роҳи математикӣ низ тағйир медиҳанд.

"Интихоботи имсола нисбатан тозатар буд"

Ҳар чизе, ки аз ҳад баланд аст, аномалия ё ғайримуқаррарӣ ҳисобида мешавад. Ҳар чизе, ки аз ҳад зиёд баланд аст, тақаллуб шудааст.

Як мутахассиси фаъоли омори интихоботӣ, ки дар бораи тақаллубҳои интихоботӣ таҳқиқоти худро нашр кардааст, физики рус Сергей Шпилкин аст. Ӯ рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, интихоботи охир назар ба раъйгириҳои дигари 15 соли гузашта "нисбатан тозатар" буд, вале "ба фоидаи номзади калидии интихобот 10 миллион баргаи тақаллубӣ партофта шуд".

Шпилкин ва мутахассисони дигар натиҷаҳои интихоботро аз рӯи маълумоти қитъаҳои раъйдиҳӣ, ки Кумисюни марказии интихобот нашр мекунад, ҳисоб менамоянд. Яке аз методҳои маъмулии ҳисобу китоб – ҳузури раъйдиҳандагон мебошад. Масалан, гоҳо маълум мешавад, ки дар нуқтаҳои раъйдиҳии як ноҳия натиҷаҳо дар 70 дарсади ҳолатҳо ба ҳам наздик ҳастанд. Яъне, аз монанд будани натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар як нуқтаи ҷуғрофӣ мешавад, хулоса кард, ки тақаллуб роҳ ёфтааст. Зоҳиран, дар ин нуқтаҳо ҳар як варақаро ҷудогона ҳисоб ва таҳлил накарда, балки ба кумисюни интихоботӣ шумори умумии раъйдодаҳоро гузориш додаанд ва бар асоси ин омор натиҷаҳои аз қабл маълумро сабт кардаанд.

Чӣ гуна рақамҳоро тағйир медиҳанд?

Ин метод, ки хеле маъмулӣ будааст, аз рӯи ҳисобу китоби математикӣ тақаллубро фош мекунад. Зимнан, ин метод соли 2004 ошкор ва фош шуд ва дар интихоботи соли 2011 истифода аз он хеле коҳиш ёфт.

Як методи дигари тақаллубкорӣ ба дарсади аз ҳад зиёди шумори раъйдиҳандагон дар бархе нуқтаҳои ҷудогонаи овоздиҳӣ ва ҳам дарсади аз меъёри маъмулӣ зиёди овоздодаҳо ба фоидаи як номзади калидӣ мебошад. Масалан, дар нуқтаҳои раъйдиҳие, ки ҳузури мардум аз 40 то 60 дарсадро ташкил медиҳад, ба манфиати номзади калидӣ маъмулан дар ҳудуди 50 дарсад овоз медиҳанд, аммо дар нуқтаҳои раъйдиҳии махсус ташкилшуда аз 80 то 90 дарсад ба фоидаи номзади калидӣ овоз медиҳанд. Ин нишондод аз натиҷаҳои маъмулии тақсими овозҳо тафовути ҷиддӣ дорад.

Сергей Шпилкин
Сергей Шпилкин

Сергей Шпилкин мегӯяд, методи таъмини овози бештар ва ҳам ҳузури зиёди раъйдиҳандагон аз рӯи нақшаҳои тақаллубӣ чунин аст: бояд шумори варақаҳои раъйдиҳӣ ва ҳам шумори овозҳо ба манфиати номзади рақами як афзоиш дода шавад. "Дар сабтҳои зиёди видеоӣ, ки аз соли 2012 дар ҷараёни интихоботҳо барпо мешавад, ҳодисаҳои дар як вақт ба сандуқ партофта шудани баста ё шумори зиёди бюллетенҳо дида мешавад", - гуфт ӯ.

"Имкон надорад, ки дар ҳама нуқта як хел овоз дода бошанд"

Шпилкин мегӯяд, дар баъзе ҳолат эҳсос мешавад, ки бюллетенҳоро ҳисоб накарда, натиҷаҳоро аз пеши худ навиштаанд. "Масалан, чунин таҷриба соли 2016 нисбат ба ҳизби “Русияи воҳид” ба кор бурда шуд. Дар Саратов он сол гӯё дар ҳама 140 нуқтаи раъйдиҳӣ ба фоидаи ҳизби ҳоким 62 дарсад овоз додаанд. Ин омор чунон ғайритабиӣ аст ва имкон надорад, ки дар ҳама нуқтаҳо як хел овоз дода бошанд", - афзуд Шпилкин.

Методи дигари тақаллуб ин аст, ки аз баргаҳои нав истифода накарда, балки бастаи бюллетенҳоро аз як баста ба бастаи дигар гузошта, бо ин роҳ овози як номзадро ба фоидаи дигаре ҳисоб кунанд. Ингуна сохтакориҳоро аз назари омор исбот кардан душвор аст, вале бо нигоҳ ба мутобиқати овозҳо барои ҳар як номзад натиҷаҳои графика ваё сурати маҳбубияти номзадҳо метавонад ин сохтакориро фош кунад.

Яке аз методҳои ҷолибтарини фош шудани тақаллуб ба намуди графика бастагӣ дорад. Барои ин бояд графика сохта шавад, ки он шумори раъйдодаҳоро бо шумори тарафдорони номзади рақами як инъикос кунад. Масалан, дар саросари Русия аз 69 то 70 дарсад дар интихобот иштирок карда, ҳамин миқдор ҳам гӯё ба фоидаи Владимир Путин овоз додаанд. Графикаи кашидашуда нишон медиҳад, ки қисмати рости он хеле боло рафта, нишондодҳои номзадҳои дигар симметрӣ ё бо ҳам дар тавозун ҳастанд.

"Ҳар чизе, ки аз ҳад баланд аст"

Ҳар чизе, ки аз ҳад баланд аст, аномалия ё ғайримуқаррарӣ ҳисобида мешавад. Ҳар чизе, ки аз ҳад зиёд баланд аст, тақаллуб шудааст.

Бо назардошти ин таҳлилҳои математикӣ, ба гуфтаи Сергей Шпилкин, ба фоидаи Путин дар интихоботи ахир каме беш аз 10 миллион барга тақаллуб шудааст.

Шпилкин мегӯяд, ин рақам назар ба тақаллубҳои солҳои гузашта, масалан, соли 2004 хеле кам аст ва зоҳиран интиқод аз сохтакориҳое, ки аз ҷониби маъмурияти президент то худи Кумисюни интихоботӣ роҳ дода мешуд, натиҷа дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни интихоботҳои гузашта се маърака буд, ки фавқулода “ифлос” гузашт: сохтакорӣ барои сари қудрат овардани Дмитрий Медведев, ки дар ҷараёни он 15 миллион овоз тақаллуб шуд. Интихоботи Думаи давлатии солҳои 2011 ва 2016, ки аксар тақаллубҳо ошкор шуд ва ба мазҳари ом баромад. "Дар ин ду интихоботи ахир 11-12 миллион овоз тақаллуб шуд", - мегӯяд Шпилкин.

"Туҳфаҳои шоҳона"

Вай гуфт, Путин дар воқеъ метавонист 45 миллион овоз ба даст орад ва боқӣ 10 миллион ба фоидаи ӯ илова шуд.

Таҳлилгари дигари интихоботӣ Дмитрий Орешкин мегӯяд, аз назари тақдими овозҳо ба фоидаи номзади калидӣ бархе минтақаҳо дар Русия “тӯҳфаҳои шоҳона” мекунанд. “Ин ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ, Тотористону Бошқирдистон, Мордовия ва вилояти Кемерово мебошанд”, - гуфт Орешкин. Ин таҳлилгар гуфт, эҳтимол сабаби чунин “подошҳои султонӣ” дар кумакҳои зиёди иҷтимоии Маскав ба ин минтақаҳо мебошад.

Орешкин гуфт, эҳтимол дар интихоботи ахир 62 дарсади мардум иштирок карда, ба фоидаи Путин 45 миллион нафар овоз додаанд. Ин омор назар ба он чи ки расман эълон шуд, ду баробар кам аст.

Ин таҳлилгар гуфт, соли 2004 ба фоидаи Путин расман 49 миллион нафар овоз дод ва ин омор, ба бовари ӯ, наздик ба ҳақиқат буд ва дар солҳои баъдӣ ба самти афзоиш таҳрир шуд.

XS
SM
MD
LG