Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоӣ дар Тоҷикистон – барои раъйдиҳӣ дар интихоботи Русия. АКС, ВИДЕО


Назди бинои "Россотрудничество" дар шаҳри Душанбе. 18-уми марти 2018. Акс аз Шуҳрат Ҷӯраев

Садҳо шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми март ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафта, ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назарашон овоз доданд. Дар интихоботи рӯзи якшанбеи Русия ҳашт нафар, аз ҷумла президенти кунунӣ Владимир Путин, довталаби курсии раёсати ҷумҳурианд.

Дар ин бора бештар бихонед:

Бино ба чанд аксе, ки Радиои Озодӣ аз Душанбе дастрас кард, даҳҳо нафар дар паси бинои Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар Душанбе истода, барои овоздиҳӣ навбат мепоянд.

Русия дар Тоҷикистон шаш нуқтаи раъйдиҳӣ ташкил кардааст. Ин нуқтаҳо дар бинои Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия ё "Россотрудничество" дар Душанбе ва қисмҳои низомии пойгоҳи 201-ум ҷойгиранд.

Инчунин, шаҳрвандони Русия дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд ва ҳудуди иншооти "Окно" дар Норак раъй доданд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ба овоздиҳӣ бо ҳамсараш омад. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ба мушоҳидааш, теъдоди зиёди раъйдиҳандагон ба нуқтаҳои интихоботӣ ҳозир шудаанд. "Ин баёнгари он аст, ки дар Тоҷикистон ба ончи дар Русия мегузарад, бе тафовут нестанд", - афзуд ӯ.

Маълумоти бештар дар бораи интихоботи президентии Русия:

Назди бинои "Россотрудничество" дар Душанбе. 18-уми марти 2018.
Назди бинои "Россотрудничество" дар Душанбе. 18-уми марти 2018.

Бино ба чанд аксе, ки Радиои Озодӣ аз Душанбе дастрас кард, садҳо нафар дар паси бинои Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар Душанбе навбат истодаанд, то раъй бидиҳанд. Яке аз онҳое, ки барои раъйдиҳӣ рафта буд, телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як гуруҳи ин афрод русҳои муқими Тоҷикистон ҳастанд.

"Бахши дигар тоҷиконе мебошанд, ки дар солҳои гуногун шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд", - афзуд ӯ. Мусоҳиби мо гуфт, дар лаҳзаҳои навбатпойӣ бархе аз раъйдиҳандаҳо муҳаббати худро ба Путин, раиси ҷумҳурӣ феълӣ, пинҳон накардаанд.

Ӯ гуфт, "албатта, баъзеҳо мегуфтанд, ки ба Собчак ё Явлинский овоз медиҳанд. Мехостанд, Русияи навро бибинанд. Аммо аксарият мегуфтанд, ки дар миёни номзадҳо Путин шахси озмудашуда ва рақиби тавоно аст, бахусус дар муқоис ба Жириновский, Собчак ё дигарон."

Назди бинои "Россотрудничество" дар Душанбе. 18-уми марти 2018.
Назди бинои "Россотрудничество" дар Душанбе. 18-уми марти 2018.

​Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, омори дақиқи шумораи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар даст нест.

Аммо шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар давоми 20 соли охир соҳиби шиноснома ва шаҳрвандии Русия шудаанд, аз рӯи омори расмӣ то 500 ҳазор нафар мерасад ва бахше аз онҳо мақоми душаҳрвандӣ доранд.

Интихоботи Русияро мустақим дар инҷо тамошо кунед:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG