Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифат ба сохтмони масҷиди муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Сокинони маркази шаҳри Перми Русия алайҳи сохтмони бинои масҷид дар маҳалли иқоматашон эътироз карданд. Норозиён гуфтанд, ки сохтмони зиёду зич ба гаштугузори онҳо халал мерасонад. Таҷаммӯи расмии сокинон рӯзи 10 декабр баргузор шуда, аммо зоҳиран оташи хашмашон ҳанӯз поён наёфтааст.

Баъд аз тазоҳурот шаҳрдорӣ паси дарҳои баста масъалаи сохтмони масҷидро баррасӣ кард. Натиҷа ин шуд, ки шаҳрдорӣ то моҳи майи соли оянда бунёди масҷидро мутаввақиф намудааст.

Яке аз сокинони маркази шаҳри Перм гуфт, "якдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Маро чунин ҳукумате, ки замонавӣ нест, ба ташвиш овардааст. Дар рӯзи ҷашн мошинҳоро ҳар куҷо мегузоранд ва мо тамоман гузашта наметавонем. Дар рӯзҳои маъмулӣ ҳам вазъ метавонад чунин шавад.”

Гузориши видеоӣ инҷост:

Эътирози сокинони Перм ба зидди бунёди масҷид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Дар оғози имсол муфтиёти шаҳри Перм эълон кард, ки барои бунёди масҷид дар маркази шаҳр бо мақомот ба мувофиқа расидааст. Ин масҷид бояд дар байни ду бозоре сохта мешуд, ки дар онҳо муҳоҷирони зиёд кор мекунанд ва бештарашон пайрави Исломанд. Ҳукумати Перм дар муддати кӯтоҳ баъди машварат бо намояндагони ҷомеа тарҳро тасдиқ кард, вале сокинон эътироз намуданд. Онҳо иддао доранд, ки натиҷаи ҷаласа ва овоздиҳӣ бо тақаллуб ба даст омадааст.

Татяна Кротова, аз ташаббускорони эътирози сокинон гуфт, «вақте 30 май маҷлис шуд, на мардум ва на расонаҳои маҳаллиро огоҳ накарданд. Ҳеҷ кас намедонист, ки он кай ва дар куҷо доир мешавад. Чунин маҷлисҳо, ки ба манфиати ҳукумату ҷамъиятҳои муҳоҷирон аст, мисли маъмул бардурӯғ гузаронда мешавад.”

Мардуми ҷамъомада мегӯянд, аз он асабонианд, ки то имрӯз шаҳрдорӣ ба дархостҳои батакрорашон барои бунёди боғ дар ин минтақа посухи рад медод. Людмила Нефедова, сокини маркази Перм гуфт, “мо зидди ягон миллат ва бунёди масҷид нестем. Мо дар умум муқобили ҳама гуна сохтмон ҳастем, барои онки ҷое барои истироҳат ва бозии кӯдакон надорем.”

Онҳо имзо ҷамъ карда аз шаҳрдорӣ дархост доранд, ки масҷид дар ҷойи дигар сохта шавад. Аз ин баҳс тамоми шаҳр огоҳ шуд. Ба тазоҳурот на танҳо сокинони биноҳои ҳамсоя, балки афроде низ ҳамроҳ шуданд, ки назари ифротӣ доранд. Яке аз норозиён гуфт, "намегӯям, ки ҳамаи онҳо ҷинояткоранд. Аммо бояд дар бораи амният ҳам фикр кунем. Кӣ кафолат медиҳад, ки дар инҷо ягон амали терористӣ сурат намегирад? Бояд дар бораи бехатарии фарзандонамон фикр кард."

Муфтиёт аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунад. Баъд аз тазоҳурот шаҳрдорӣ паси дарҳои баста масъалаи сохтмони масҷидро баррасӣ кард. Натиҷаи ҷаласа ин шуд, ки шаҳрдорӣ то моҳи майи соли оянда бунёди масҷидро мутаввақиф кардааст. Фаъолони ҷамъиятӣ ба ин боваранд, ки мақомот мехоҳанд, вақтро тӯл диҳанд, то хашми эътирозгарон фурӯ нишинад. Аммо фаъолон мегӯянд, то охир барои роҳ надодан ба бунёди масҷид талош хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG