Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бӯстон"-и Панҷакент аз камбуди оби ошомиданӣ азият мекашад. ВИДЕО


Сокини деҳаи Бӯстон дар шаҳри Панҷакент

Сокинони деҳаи Бӯстон дар шаҳри Панҷакент мегӯянд, 25 сол боз аз ҷӯйборе, ки барои обёрии заминҳои полезӣ пешбинӣ шудааст, об менӯшанд.

Дар ин деҳа, ки беш аз 150 хонавода зиндагӣ мекунад, ин ҷуйбор ягона манбаи об аст. Рӯйпӯш надорад, дохили он ифлосиҳо мерезанд ва чорвои сокинон низ аз ин ҷо об менӯшанд.

Видеоро ин ҷо бинед.

"Бӯстон"-и Панҷакент аз камбуди оби ошомиданӣ азият мекашад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Фозила Розиқова, сокини деҳаи Бӯстон мегӯяд, ин об пур аз ифлосӣ ҳаст, вале роҳи дигаре, ба ҷуз истифодаи он, надоранд.

“Ҳашарот ҳам мегардад, ахлоти молу ҳайвон ҳаст ва мағзобаи ҷомашӯиамон низ мерезад. Ҳатто як ҳамдеҳаи мо аз ҳисоби ҳамин об бемор шуду даргузашт”,‑‑гуфт Фозила.

Оби ин ҷӯйбор танҳо дар фасли гармо барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ҷорӣ мешавад ва охири тирамоҳу зимистон баста мегардад.

Вақте ин ҷӯйбор об надорад, сокинон зарфҳои худро зери новадон мегузоранд ва интизори барфу борон мешаванд.

Сокинон мегӯянд, обро такшин мекунанд, вале тоза намешавад ва зиёни онро ба саломатии худу пайвандонашон эҳсос мекунанд.

Уғулой Авезова, сокини деҳаи Бӯстон гуфт, ки “ин обро гоҳо кӯдакон ноҷӯшонида менӯшанд ва касал мешаванд”.

Ӯ гуфт, ки кӯдаконашро борҳо дар Хуҷанду Душанбе табобат кардааст. Пизишкони низ бемории онҳоро аз истифодаи оби нопок донистаанд.

Аз наздикии деҳаи Бӯстон рӯди бузурги Зарафшон мегузарад ва қисме аз сокинони деҳ фасли зимистон аз инҷо об мекашанд. Танҳо манбаи оби тозаи полоишгардида дар дурии 5 километр аз ин деҳа қарор дорад ва бархе аз сокинон онро бо нақлиёти шахсӣ ё хару аробаҳояшон меоранд.

Фозила Розиқова, сокини деҳаи Бӯстон гуфт, ки “аз 150 хонаводаи ин деҳа ҳамагӣ 20 нафар мошин ё хару ароба доранд ва дигарон чунин шароити обкашӣ надоранд”.

Бошандагони ин деҳа тибқи тақсимоти мақомоти маҳаллӣ соли 1995 аз деҳаҳои Артуч, Мадовра ва Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии Панҷакент ба инҷо кӯчидаанд ва ба гуфтаи сокинон, 150 хонаводаи дигар низ омодаи сохтани хона ҳастанд.

Ҳукумати маҳаллӣ бо гузашти солҳо натавонист аз сарбанди канали Марғедар то деҳаи Бӯстон, ки ҳамагӣ 17 километр аст, оби ошомиданӣ биёрад ва ба муроҷиатҳои пайдарпайи сокинон расидагӣ кунад.

Мақомот ба сокинон гуфтаанд, ки барои кашидани хатти оби ошомиданӣ маблағ надоранд.

Сокинон бар он бовар ҳастанд, ки дар гузашта борҳо ба идораи обёрии ноҳия аз буҷа пул ҷудо гардидааст ва қисме аз қубурҳоро васл кардаанд, аммо бо сабаби назорат нашудани маблағҳо лоиҳа сохтмони хатти об қатъ шуда, қубурҳо дар нимароҳ мондаанд.

Сайфулло Насриддинов, раиси ҷамоати Рӯдакии Панҷакент мегӯяд, “сокинон ба ӯ гуфтанд, ки ба ягон созмони хориҷӣ муроҷиат кунад ва агар 50 дарсади маблағи сохтмони кашидани хати об пайдо шавад, боқимондаро худи сокинон дастаҷамъона ба анҷом мерасонанд”.

“Мо ҳоло дар ҷустуҷӯи ширкатҳои хориҷӣ ҳастем, то барои кашидани хатти об кумак намоянд”,‑‑гуфт ӯ.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба эътирофи мақомоти масъул, наздик ба 40 дар сади мардум ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд, вале зоҳиран ҳоло низ мушкил ҳали худро наёфтааст.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG