Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлаи обе, ки сохта нашуд. Мушкили деҳаи Тоҷикон ҳалношуда мемонад


Сохтмони лӯлаи об сентябри соли 2019 боздошта шуд

Сокинони деҳкадаи наздимарзии Тоҷикон дар ноҳияи Исфара оби нӯшокӣ надоранд ва обро дастиву бо хару нақлиёт аз масофаи 3 километр роҳ мекашонанд.

  • Сокинони деҳаи воқеъ дар марзи Қирғизистон мегӯянд, мақомот панҷ моҳ аст, ки ба онҳо ваъда медиҳанд мушкили оби деҳа ҳал мешавад, вале бенатиҷа.
Мо чанд бор ба мақомоти вилояти Суғд, шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух муроҷиат кардем. Аммо ҳар бор мегӯянд, ки сабр кунем ва албатта мушкилӣ ҳал мешавад. Вале 5 моҳ зиёд гузашт, аммо ягон кор накарданд

Сокинони деҳкадаи Тоҷикон мегӯянд, аз камбуди оби нӯшокӣ азоб мекашанд ва аз танқисии оби полезӣ зироат ва ниҳолҳояшон хушк шудааст. Мирзошариф Сангинов, яке аз сокинони ин маҳал мегӯяд:

“Кӣ нақлиёт дошта бошад, бо мошинаш об мекашонад. Ман худам обро дар сабукравам дар зарфҳо аз рӯди Исфара мекашонам. Касе харароба дошта бошад, бо он меорад. Нақлиётнадоштаҳо обро мехаранд. Як бушкаи 1 тоннаии об, ки дар болои “Портер” меоранд, то 100 сомонӣ нарх дорад. Хулоса, мо ба мушкили беобӣ гирифторем.”

Мирзошариф Сангинов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба деҳкадаи наздимарзии Тоҷикон оби полезиро аз баҳор то тирамоҳ аз канал медиҳанд. Аммо об барои ҳама кофӣ нест ва сокинон обро бонавбат мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳудуди 20 оилаи деҳкада оби полезӣ тамоман намеояд.

Сохтмоне, ки моҳи сентябр қатъ шуд...

Деҳкадаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара ҳудуди 8,5 ҳазор аҳолӣ дорад ва он дар марз бо деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст. Ин яке аз маҳалҳои муноқишахези сарҳадии байни Тоҷкикистону Қирғизистон аст, ки дар гузаштаи наздик борҳо байни сокинон ва сарҳадбонҳо низоъҳо рух додааст.

Моҳи сентябри соли 2018 мардуми деҳкадаи Тоҷикон хостанд чоҳе канда лӯлаи обе ҷой кунанд ва аз ин роҳ мушкили норасоии оби нӯшокиро ҳал кунанд. Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, ин тарҳ 100 ҳазор сомонӣ арзиш дорад ва 20 дар сади онро сокинон ҷамъ оварда, 80 дар сади харҷро Бунёди рушди Оғохон ба тариқи хайрия пардохт кард. Вале мақомоти Қирғизистон бо даъвои он ки ин хат аз “қисмати таъйиннашудаи марзӣ“ мегузарад, корро боздоштанд.

Моҳи сентябри соли 2018 ​масъулони Бунёди Оғохон гуфтанд, ки бунёди лӯлаи обгузар дар ҷамоати Ворухи Исфара муваққатӣ ба таъхир гузошта шудааст. Як масъули Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин созмон аз сармоягузории тарҳи лӯлаи оби нӯшокӣ дар деҳаи “Тоҷикон”-и шаҳри Исфара пурра даст накашидаанд, аммо то ҳал шудани баҳс бо ҷониби Қирғизистон бунёди лӯла мавқуф гузошта мешавад.

Сокинони деҳкадаи Тоҷикон мегӯянд, он вақт мақомоти Суғд сокинонро ба гузашт розӣ карданд ва ваъда доданд, ки хати дигари оби нӯшокӣ мекашанд ва ба мушкили онҳо поён медиҳанд. Аммо ин ваъда то имрӯз иҷро нашудааст.

“Мо чанд бор ба мақомоти вилояти Суғд, шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух муроҷиат кардем. Аммо ҳар бор мегӯянд, ки сабр кунем ва албатта мушкилӣ ҳал мешавад. Вале 5 моҳ зиёд гузашт, аммо ягон кор накарданд,” - мегӯяд Мирзошариф Сангинов, сокини ин маҳал.

Мақомот: Масъала ҳал мешавад, сабр кунед

Мансабдорони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳалли ин мушкили худ “дасти кӯтоҳ” доранд. Чунки баъд аз баҳс ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа кардаанд, ки ҷои бунёди хат “муайянношуда” ва “баҳснок” аст ва сохтмон мумкин нест.

Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 4-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки хати обро кашида медиҳанд. Албатта ин корро мекунанд. Мо ба ин масъала бепарво нестем, корбарӣ карда истодаем. Аммо ин ҷо баъзе масъалаҳои сарҳадӣ ҳаст.”

Мансабдорони маҳаллӣ ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти сокинони наздисарҳадӣ, умдатан истифода аз манобеи обӣ, замину роҳ ва чарогоҳҳоро ба ҳалли куллии масоили аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳал шудани мақоми қаламравҳои баҳсӣ рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, муайян ва аломатгузорӣ шудани хати марзи байни кишварҳо ба мушкилоти сокинони наздимарзӣ хотиима хоҳад дод.

Президентони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков
Президентони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон моҳи феврал гуфт, дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Самарқанд моҳи январи имсол суръат бахшидани ҷараёни баррасӣ ва ҳалли масоили сарҳадиро дар нуқоти баҳсии марзӣ баррасӣ кардааст. Ӯ афзуд, мутмаин аст баъд аз ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Тоҷҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузории хати сарҳади байни ин кишварҳо “ҷараёни гуфтугӯҳо тезонида мешавад ва мулоқотҳо бештар натиҷаи амалӣ хоҳанд овард.”

Решаи мушкилоти аслӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмате калони хати марз мебошад, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, ки мушкил дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад. Аксари баҳсҳои марзӣ дар хати сераҳолии марз, аз ҷумла дар сарҳади ноҳияҳои Исфараву Ботканди Тоҷикистону Қирғизистон сар мезанад ва асосан ба масъалаи дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо рабт мегирад.

Хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст, ки то кунун 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG