Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Оғохон сохтмони лӯлаи обро дар Ворух ба таъхир гузошт


Масъулони Бунёди Оғохон гуфтанд, ки бунёди лӯлаи обгузар дар ҷамоати Ворухи Исфара муваққатӣ ба таъхир гузошта шудааст. Чунин тасмим рӯзи 13-уми сентябр баъди он гирифта шуд, ки мавзӯи сохтмони лӯлаи об дар маҳаллаи "Тоҷикон"-и Ворух боиси баҳс бо сокинони Бодканди Қирғизистон шуд.

Дар тааҷҷубам, чаро ҳамсояҳо ба мавзее, ки қитъаи баҳсӣ нест ва ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад, даромада даъво мекунанд?

Як масъули Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин созмон аз сармоягузории тарҳи лӯлаи оби нӯшокӣ дар деҳаи “Тоҷикон”-и шаҳри Исфара пурра даст накашидаанд, аммо то ҳал шудани баҳс бо ҷониби Қирғизистон бунёди лӯла мавқуф гузошта мешавад.

Ду рӯз пеш миёни сокинони Бодканди Қирғизистон ва маҳаллаи "Тоҷикон"-и ҷамоати Ворухи Исфара бар сари сохтмони лӯлаи об баҳсе сар зад. Ин лӯла, ки қарор аст бо беш аз 500 ҳазор сомонӣ сармояи Бунёди Оғохон сохта шавад, сокинони маҳаллаи "Тоҷикон"-ро бо об таъмин хоҳад кард. Вале аҳолии маҳаллаи қирғизнишин ба ин кор эътироз намудаанд.

“Лӯла танҳо баҳона аст”

Як масъули Бунёди Оғохон рӯзи 14 сентябр бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, тарҳи бунёди лӯлаи об барои сокинони маҳаллаи “Тоҷикон” аз ду моҳ ба ин тараф идома дорад ва то ҳол баҳсеро ба миён наоварда буд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ҳарчанд мушкил дар тарҳи лӯлаи об нест, аммо онҳо то ҳалли баҳс муваққатан маблағгузориро боздоштаанд.

“Маблағгузорӣ дар он маврид идома меёбад, ки агар тарафҳо ба як мувофиқа бирасанд. Мо омода ҳастем, ки ҳатто ҳамон лоиҳа дигар шавад. Агар қирғизҳо мехоҳанд аз ин лӯла об бигиранд, марҳамат биёянд пайваст кунанд. Ягон гап нест. Лекин баҳс бар сари ин нест, лӯла танҳо баҳона аст. Чун лоиҳа ду моҳ аст, ки идома дорад ва то ҳол ягон мушкил эҷод нашуда буд. Ҳатто техникаҳо аз ҳудуди Қирғизистон гузашта ба Ворух рафтанд, ягон гап набуд. Мо даст кашидагӣ нестем, мо танҳо корҳоро мавқуф гузоштем, то инҳо ба як мувофиқа бирасанд,”-гуфт манбаъ.

Масъули Бунёди Оғохон афзуд, лӯлаи об дар доираи лоиҳаи “Беҳсозии субот” ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон амалӣ мешавад ва ҳадафаш ҳам дастрасии мардум ба оби тозаи ошомиданӣ аст.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, сокинони маҳаллаи “Тоҷикон”-и Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки аз беобӣ ранҷ мекашанд. Ба қавли манбаъ, аз 500 ҳазор сомонӣ маблағи таъиншуда Бунёди Оғохон аллакай наздики 50 дарсади онро сармоягузорӣ кардааст.

Қирғизистон: Бунёди лӯла дар минтақаи аломатногузорӣ шуда ҷараён гирифт

Моҷаро миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз зуҳри 12 сентябр сар зад. Мақомоти ҳукумати шаҳри Исфара расман то ҳол шарҳе надодаанд. Аммо як манбаъ дар ин ниҳод гуфт, ҳайатҳои ду ҷониб то дергоҳи дирӯз 13 сентябр бо ҳам дар ин бора гуфтугӯ карданд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шоми 13 сентябр гуфт, ки баҳси миёни сокинони манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бунёди лӯлаи обгузар бархост. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шуд, ки корҳои сохтмони лӯла дар манотиқе ба роҳ монда шуд, ки ба қисматҳои аломатгузориношудаи марз тааллуқ дорад. “Сокинони рустои Боқаи вилояти Ботканд ба сокинони маҳаллаи “Тоҷион” гуфтаанд, ки анҷоми корҳои хоҷагӣ дар ин макон мумкин нест, вале онҳо корҳои худро идома доданд. Дар натиҷа, баҳси лафзие сар зад, ки баъди ним соат пахш карда шуд”, гуфтааст Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Дар паи ин ба назди сокинони деҳоти Ботканду Исфара раисони ҳукуматҳо ҳозир шуда ба хотири ором кардани вазъ бо онҳо сӯҳбатҳо анҷом додаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки вазъ дар марзҳо назорат мекунед ва воҳидҳои марзбонии мустақар дар Ботканд ба “режими шадиди назорати марз” гузаронида шуданд.

“Тоҷикон”: Тарҳ аз ҷониби мақомот расман тасдиқ шудааст

Вале ҷониби Тоҷикистон бо чунин иддаои кишвари ҳамсоя розӣ нест ва мегӯяд, ки тарҳи бунёди лӯлаи аз ҷониби созмони Бунёди Оғохон ва ҳам ҳукумати Исфара расман тасдиқ шуда буд.

Адолат Раҳимова, сардори созмони ҷамъиятии дастгирӣ дар ҷамоати Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи хати лӯлаи об барои сокинони деҳаи “Тоҷикон” расман аз ҷониби ҳукумати Исфара тасдиқ шудааст.

"Дар тааҷҷубам, ки чаро ҳамсояҳо ба мавзее, ки қитъаи баҳсӣ нест ва ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад, даромада даъво мекунанд? Аз соли 1990 ба ин тараф сокинони “Тоҷикон” оби ошомиданӣ надоранд ва обро аз каналу дарёҳо мекашонанд", - гуфт ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG