Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳамин наҳр об менӯшем, дар дарунаш памперс ҳам ҳаст" ВИДЕО


Наҳри мазкур ҳамеша оби олуда ва тира дорад.

Як наҳре, ки аз ду рустои Кӯлоб мегузарад, чаҳор фасли сол оби тира дорад, вале бо вуҷуди ин манбаи аслии оби ҳазорон нафар сокини деҳа ба ҳисоб меравад.

Сокинони деҳаҳои Мирнишин ва Кул мегӯянд, ночор оби наҳрро истифода мебаранд, зеро оби пок дар наздикиҳояшон нест. Ба қавли сокинон, 30 сол боз аст, ки ҳолашон ҳамин аст. Дар ҳарду деҳа беш аз 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Раҷабалӣ Акбаров, сокини деҳаи Мирнишин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, обро бо шеваҳои қадима пок ва барои истифода муносиб мекунанд: “Аз ҳамин канал об менӯшем дар дарунаш, памперс, хасу хошок ҳам ҳама чиз ҳаст. Хайр чӣ кор кунем? Дар бӯшкаҳо мегирем, ду ҳафта таҳшин ва соф мешавад баъд менушем. Дарунаш кирм ҳам мезанад, ҳама чиз дорад.”

Сӣ сол мунтазири оби пок ва иҷрои ваъдаҳои мақомоти Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Дар тобистон кӯдакон мунтазир намемонанд, ки об таҳшин шавад, рост аз наҳр менӯшанд, ки аз барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ орӣ нест. Оишамо Тӯраева, мудири бунгоҳи саломатии деҳаи Мирнишин мегӯяд, маҳз нӯшидани оби нопок сабаби аслии афзоиши бемориҳои рӯдаву меъда дар байни кӯдакон мешавад: “Инҷо дуто мактаб аст. Яслӣ барои кӯдакон ҳаст. Дар тобистон кӯдакон, ки бисёр обнӯшӣ мераванд, бемории дарунрав зиёд мешавад. Дар яслӣ то таҳшин шудани об баъзе кӯдакон аз ҳамин ҷӯйбор об менӯшанд.”

Ҳалим Шарипов, сокини деҳа як баста номаҳои шикоятӣ, муроҷиатнома ва аризаҳои сокинонро ба хабарнигори Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз шаҳри Кӯлоб то ба Маҷлиси миллӣ ҳам рафтаанд. Яке аз посухҳо низ дар дасти ӯ буд ва бо чунин мазмун: “Бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд иншоотҳои обтаъминкунии ҷамоатҳои деҳаи Даҳана, “Ёқсучиён”, “Олтовул” “Дамарик”, “Кул, ва “Мирапоқ” анзавсозӣ карда шуда аҳолӣ бо оби нушокӣ таъмин мешаванд. Айни ҳол корҳои банақшагирӣ ба анҷом расонида, дар охирҳои соли 2015 ва аввалҳои соли 2016 аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. Раиси шаҳри Кӯлоб, Хайрулло Амонулло”.

Аммо сокинони ду деҳа ҳамчунон оби пок надоранд. Абдусаттор Одилов, раиси деҳаи Мирнишин мегӯяд, баро иҷрои тарҳи таъмин кардани мардум бо об, “аз ҷумла барои Кӯлоб 700 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Кори лоиҳа тамом шуд, вале то ҳол мо оби нӯшокӣ надорем.” Раиси вилояти Хатлон дар як посух ба сокинон гуфтааст, ки барои кашидани об ба деҳот бештар аз 2 миллион сомонӣ зарур аст. Ҳоло маълум нест, мақомот ин маблағро аз буҷа меёбанд ва ё мунтазири манбаъи дигари сармоягузорӣ мешаванд. Дар Тоҷикистон мисли сокинони деҳаҳои Мирнишин ва Кул садҳо ҳазор нафар ба оби пок дастрасӣ надоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар тӯли як даҳсолаи гузашта барои иҷрои тарҳу барномаҳои вобаста ба таъмини обу обёрӣ тақрибан 1 миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст. Аз ҷумла барои иҷрои тарҳҳои таъмини мардум бо оби нӯшокӣ бештар 1 миллиард доллари амрикоӣ, харҷ шудааст. Ба қавли ҳукумат, дар ин давра бештар аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кардаанд. Аммо ҳанӯз ҳам 30 дар сади аҳолӣ аз наҳру рӯдхонаҳое об мегиранд, ки метавонанд олуда ва дорои ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ бошанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG