Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаҳои кабелӣ дар Суғд ҷои ТВ-ҳои маҳаллиро "танг" мекунанд


Шабакаҳои кабелии телевизионӣ дар шимоли Тоҷикистон сол то сол ба гӯшаву канорҳои минтақа доман паҳн карда, фазои итттилоотиро ба шабакаҳои маҳаллӣ тангтар мегардонад. Ба хотири ҷалби бештари бинанда, шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ низ намоишҳои худро тавассути шабакаҳои кабелӣ бозпахш мекунанд. Аксари ин телевизионҳо хусусияти тафреҳӣ дошта, аз Русия пахш мешаванд.

Дар тӯли беш аз 10 соли охир дар шаҳри Хуҷанд 2 шабакаи кабелӣ, нахуст “АНТ” ва пасон “Мавҷи Ориёно” ба фазои иттилоотӣ ворид гашта, аз марказ то гӯшаву канорҳои дури вилояти Суғд доман паҳн карданд. Ҳоло як шабакаи нави кабелӣ бо номи “Сомониён” низ аз пахши қарибулвуқӯи намоишҳои худ аз шаҳри Гулистон эълон медиҳад.

Шабакаҳои кабелии телевизионӣ дар шимоли Тоҷикистон сол то сол ба гӯшаву канорҳои минтақа доман паҳн карда, фазои итттилоотиро ба шабакаҳои маҳаллӣ тангтар мегардонад.

Исохоҷа Исохоҷаев, намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, дар ҳоли ҳозир минтақаҳои дастрасии намоишҳои шабакаҳои “АНТ” ва “Мавҷи Ориёно” шаҳри Хуҷанд, қисматҳои марказии вилояти Суғд, то марказҳои ноҳияҳои Исфараву Мастчоҳ ва Истаравшану Спитаменро фаро мегирад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳама гуна маълумот оид ба шумори муштариҳояшон сирри тиҷоратӣ аст ва дар ин бора маълумот намедиҳанд.

Телевизионҳои кабелии Суғд бо нархи 20 сомонӣ барои як моҳ намоишҳои ҳудуди 80 шабакаи телевизионӣ ва умдатан Русияро барои муштариёни худ ироа мекунанд. Дар феҳристи онҳо ба ҷуз телевизионҳои Русия ва бахши русии бархе шабакаҳои ҷаҳонии мисли “Евронюс”, “Дискавери” ва “NatGeoWide”, шабакаҳои телевизионҳои дигар шомил нест. То рафт васеъ шудани минтақаҳои фарогири шабакаҳои кабелӣ ва ба майдон омадани шабакаи нав бозгӯи он аст, ки бозори онҳо гарм ва теъдоди муштариёнашон рӯ ба афзоиш аст. Ва дар зимн телевизионҳои кабелӣ дар фазои иттилоотии минтақа ҷойгоҳи чашмрасе касб мекунанд.

Неъматуллоҳи Мирсаид.
Неъматуллоҳи Мирсаид.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили иттилоотии минтақа мегӯяд, агар афзоиши бозори шабакаҳои телевизиони кабелӣ тақозои муштариро ба барномаҳои тафреҳӣ қонеъ кунад, барои амниятии иттилоотии кишвар чандон созгор нест. Ӯ гуфт: “Вақте ҳамеша барномаҳои иттилоотии Русияро тамошо мекунем, ногузир зери таъсири онҳо мемонем. Ба ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ҷаҳон ва минтақа ва ҳатто Тоҷикистон мегузарад, танҳо аз дидгоҳи Русия менигарем ва ба дидану шунидани мавқеи ҷонибҳои дигар ва фаҳмидани назари онҳо имкон надорем. Ин албатта, бад аст”.

Айни замон, Неъматуллоҳи Мирсаид шомил шудани барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявиву маҳаллиро ба феҳрасти телевизионҳои кабелӣ иқдоме хуб арзёбӣ мекунад, чун доираи бинандаҳои онҳо зиёдтар мешавад. Дар чунин шароит, қонуни бозор ҳам рақобат байни шабакаҳо ва мубориза барои тамошобинро шадидтар мекунад.

Бар пояи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир тақрибан 100 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба тамошои намоишҳои шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон ва ҳудуди 80-90 дар сади сокинон ба тамошои 3 шабакаи дигари умиҷумҳуриявӣ дастрасӣ доранд. Дар вилояти Суғд намоишҳои шабакаи давлатии телевизионии “СТВ” барои ҳудуди 80 дар сади сокинон дастрас аст. Вале амвоҷи телевизионҳои маҳаллӣ, ба шумули 7 телевизиони ғайридавлатии Хуҷанд барои сокинони минтақаи фаъолияти онҳо ва атрофи он пахш мешавад.

Зафар Шафиев, раҳбари маркази технологияҳои иттилоотии «Кова» дар Хуҷанд мегӯяд: “Ба назари ман, шумораи телевизионҳои кабелӣ зиёд гардад, беҳтар аст. Чунки ҳар телевизион каму беш бинандаи худро дорад. Гар онҳо бинанд, ки бинандаҳояшон ба шабакаҳои дигари телевизионҳои кабелӣ аз даст дода истоданд, намоишҳои ҷолиби диққат ва шавқангез таҳия кунанд. Яъне аз ин рақобат телевизионҳои маҳаллӣ низ бурд мекунанд. Бо ҳамин роҳ дар бозори иттилоотӣ ҷойгоҳе пайдо кардан мумкин мешавад”.

Салимҷон Камолов, раҳбари телевизиони кабелии “АНТ” мегӯяд, телевизионҳои кабелӣ тибқи қонун намоишҳои шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистонро ройгон бозпахш мекунанд. Вале дастрас кардани намоишҳои телевиизионҳои ғайридавлатӣ бар асоси шартнома ва пулакӣ сурат мегирад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вале намоиши телевизионҳои маҳаллиро ҳам тақрибан бепул бозпахш карда истодаем. Чунки вазъи молии онҳо дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ хуб нест ва мо онҳоро дастгирӣ мекунем. Хароҷоти бозпахши намоишҳои онҳоро аз ҳисоби худамон мепӯшонем.”

Вале гоҳу ногоҳ “ғайб” задани бархе шабакаҳои маҳаллӣ аз феҳристи телевизионҳои кабелӣ ҳодисаи нодир нест. Ахиран намоиши телевиионҳои “Ҷаҳоноро” ва “Салом”-и шаҳри Хуҷанд дар шабки кабелии “Мавҷи Ориёно” дастнорас гардид. Як корманди ин шабака инро ба тамдид нашудани шартномаи байни ширкатҳо марбут донист.

XS
SM
MD
LG