Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми охири Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернет


Тоҷикистон аз лиҳози суръати вуруд ба шабакаи ҷаҳонии Интернет миёни кишварҳои минтақа пас аз Туркманистон дар ҷои охир қарор дорад.

Миёни кишварҳои минтақа аз лиҳози суръати вуруд ба шабакаи ҷаҳонии интернет, Тоҷикистон дар раддаҳои ахир қарор доштааст. Ин нуқта рӯзи 2-уми март дар Симпозиуми дувуми рушди интернет дар Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, садо дод.

Ба гуфтаи коршиносон, суръати миёнаи вуруд ба интернет дар Тоҷикистон 2,5 мегабайт дар як сония будааст. Дар Туркманистон суръати миёнаи вуруд ба интернет ҳамагӣ 0,6 мегабайт дар сонияро ташкил медиҳад.

Озарбойҷон, Қазоқистон ва Гурҷистон миёни кишварҳои минтақа аз интернети босуръат бархурдор будаанд ва дар садри ҷадвали кишварҳои дорои интернети босуръат қарор доранд. Дар ин ҷадвал Афғонистон ва Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон дар раддаҳои болотар қарор доранд.

Дуввумин Симпозиуми рушди интернет дар Осиёи Марказӣ рӯзи 2-юми март дар толори меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе бо ширкати мақомоти давлатӣ, меҳмонон аз Финландия, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин масъулони Хадамоти алоқа, Анҷумани дастраскунандагони интернети Тоҷикистон, ширкатҳои мобилӣ ва интернетӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ ва коршиносони соҳа, ҷараён дорад.

Асомиддин Атоев, коршиноси масоили интернетӣ ҳадаф аз баргузории ин Симпозиумро, баррасии нақшаҳои стратегии рушди инфрасохтори интернет, талошҳо барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ, тиҷорат ва хизматрасониҳои нави ин соҳа, густариш додани соҳибкории онлайнии ватанӣ, амнияти кибернетикии минтақавӣ ва мушкилоти соҳа дар пасманзари таҳаввулоти марбут ба бӯҳрони молӣ унвон кард.

Интизор меравад, таҷрибаи кишвари Финландия дар соҳаи рушди интернет барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуда, мутахассисону коршиносон роҳҳои беҳтар кардани дастрасӣ ва рушди интернет дар фазои кишварҳои минтақаро пешниҳод намоянд.

Баргузории дуввумин Симпозиуми рушди интернет дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки бино ба маълумоти тозаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон истифодабарандагони интернет то 800 ҳазор кам шудааст. Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 5 феврал зимни ниҳасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки теъдоди корбарони интернети мобилӣ ва кабелӣ дар Тоҷикистон ҳоло ба 3 миллион мерасад, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта 800 ҳазор нафар камтар аст.

Ба таъкиди Холмуродова, дар кишвар беш аз 11 миллион симкорт вуҷуд дорад, аммо шумораи истифодабарандагони фаъоли телефони мобилӣ 5 миллиону 200 ҳазор нафар аст. Дар гузашта дар Тоҷикистон 6 миллиону 400 ҳазор нафар аз истифодабарандагони фаъоли телефонҳои мобилӣ буданд

Коҳиши корбарони интернети мобилӣ ва умуман интернет дар Тоҷикстонро Татяна Холмуродова ба кам шудани қобилияти харидории мардум дар пайи таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ марбут донист.

Арсаи мухобирот дар Тоҷикистон аз ангуштшумор соҳаҳое буд, ки тайи ҳадди ақалл даҳ соли охир рушди бемайлон дошт ва ҳар сол хадамоти алоқа бо ифтихор аз бештар шудани шумораи корбарони интернет ва алоқаи мобилӣ гузориш медод. Ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани шумораи корбарони интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон дар як соли ахир собиқа надорад.

Ҳарчанд масъулони хадамоти алоқа таваҷҷуҳи ками корбаронро ба интернету алоқаи мобилӣ ба буҳрони иқтисодӣ рабт медиҳанд, аммо нозирони умур мегӯянд, ки маҳдудиятҳои охир, дар дастрасии корбарон ба шабакаи интернет ва ҳам боло рафтани қимати аксизҳо сабаби рукуди ин соҳа шудааст.

Соли гузаштаи 2015 нахуст бо ташаббуси Кумитаи андози Тоҷикистон мизони андози аксизии алоқаи барқӣ аз 3 дарсади қаблӣ то ба 5 дарсад боло бурда шуд. Баъдан, тобистони соли гузашта хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо судури як амр иҷораи рақамҳои мобилӣ ва NGN-ро ба якборагӣ то 18 баробар боло бурд. Агар дар гузашта иҷораи як рақам дар як моҳ ба 10 дирам баробар буд, пас аз амри хадамот ин қимат ба 1 сомониву 82 дирам расонда шуд.

Ширкатҳои мобилӣ дар навбати худ ин маблағи иловагиро аз ҷайби муштариён меситониданд, ки табъан қимати гуфтугуҳои телефониро боло мебарад. Бинобар ҳисобҳои коршиносон, танҳо муштариёни фаъол дар як сол аз ин ҳисоб 139 миллион сомониро иловатан ба буҷаи хадамоти алоқа ворид мекунанд.

Ҳамаи ин маҳдудиятҳо дар маҷмӯъ ба гароншавии нархи гуфтугӯҳои мобилӣ ва трафики интернетӣ овард ва дар натиҷа шумори муштариён коҳиш ёфт.

Дар Тоҷикистон чор ширкати бузурги мобилӣ – Бабилон, Мегафон, Билайн ва Тселл ба муштариён хидматрасонии гуфтугӯҳои мобилӣ ва интернети мобилӣ ироа мекунанд. Дар бозори интернет беш аз 10 ширкат фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG