Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис таҳқиқи ҳамла ба Раҳматилло Зоировро оғоз кард. САДО


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Мақомоти умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт гуфтанд, ки таҳқиқи ҳамла ба Раҳматилло Зоиров – раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – оғоз шуд. Онҳо гуфтанд, ки айни замон ҷустуҷӯи омилони латту кӯб ва гирдоварии мавод барои оғози парвандаи ҷиноӣ идома дорад.

Дирӯз аз ин ҳодиса дарак ёфтем. Мо ба ҷои ҳодиса рафтем, аз назар гузарондем. Дар робита ба ин масъала кор оғоз шудааст. Ҷустуҷӯ давом дорад ва парванда боз мешавад

Ҳабиб Қаҳҳоров, сардори идораи корҳои дохилии Сино-2, рӯзи 16-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ин ҳодиса дирӯз хабардор шуданд. Ӯ гуфт, бо вуҷуди онки Раҳматилло Зоиров расман муроҷиат накардааст, кормандони милиса талош мекунанд, гумонбарони ҳамларо ошкор намоянд. “Он кас ба мо муроҷиат накардаанд. Дирӯз аз ин ҳодиса дарак ёфтем. Мо ба ҷои ҳодиса рафтем, аз назар гузарондем. Дар робита ба ин масъала кор оғоз шудааст. Ҷустуҷӯ давом дорад ва парванда боз мешавад”, - афзуд ӯ.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 9-уми ноябр аз тарафи афроди ношинос мавриди латту кӯб қарор гирифта, танҳо ду рӯз пеш ин хабар расонаӣ шуд. Раҳматилло Зоиров 16-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки рӯзи гузашта гурӯҳи 30-нафарии маъмурони милисаи шаҳри Душанбе ба наздаш омада, маводи расмии ҳамла ба ӯро ба расмият дароварданд.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Зоиров: "Ин чӣ гап? Ба ҳизб ва раисаш 11 бор ҳуҷум карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Зоиров мегӯяд, ҳамроҳи муфаттишон ба ҷои ҳодиса рафта, чӣ гуна сурат гирифтани ҳамларо ба онҳо нишон дод. Вале ӯ гуфт, “бовар дорам, ки ин ҳамла мисли 10 ҳамлаи пеш ошкор нахоҳад шуд”.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зоиров ду фарзияи сабабҳои ин ҳамларо пешбинӣ мекунад. “Яке ин нукта, ки ин ҳамла кори сохтори поёнии ВКД мебошад. Зеро аз соли 2013 ба ин тараф танҳо маъмурони милиса ба аъзои ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон фишор меоваранд. Дирӯз муфаттишон ҳатто аз ман пурсиданд, ки шояд ин кори амниятиҳо бошад. Ман гуфтам, ки не. Амниятиҳо баъд аз ҳодисаи исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ва баста шудани ҲНИТ бо мо коре надоранд. Фарзияи дувум ин аст, ки ин ҳамла эҳтимол дорад ба фаъолияти касбии ман, яъне вакили дифоъ буданам рабт дорад. Дар мурофиаҳои додгоҳӣ ман бо чанд тан аз мақомот ҳам рӯбарӯ шуда будам ва ҳарчанд онҳо расман таҳдиде накардаанд, метавонанд ғайримустақим ин ҳамларо тарҳрезӣ карда бошанд”, - шарҳ дод Зоиров.

Сиёсатмадори тоҷик дар идома гуфт, рӯзи гузашта ҷаласаи раёсати ҳизби сотсиал-демократ низ баргузор шуда, тасмим гирифтаанд, моҳи марти соли 2018 аз 20-умин солгарди таъсиси ҳизб таҷлил намоянд. Вай гуфт, дар канори баргузории маросими ҷашнӣ анҷумани ҳизб низ баргузор хоҳад шуд.

Қаблан Раҳматилло Зоиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳамлаи шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме ки сагашро ба берун бароварда буд, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт иттифоқ афтодааст. Зоиров бе аз як сол боз дар Қазоқистон кор мекард ва рӯзи 28-уми октябри имсол расман эълон дошт, ки ба Душанбе баргаштааст.

XS
SM
MD
LG