Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Зойиров мегӯяд, писари ӯро задаанд. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ мекунанд. САДО


Маҳмурод Одинаев тахмин мезанад, ки ҳодиса ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад
Маҳмурод Одинаев тахмин мезанад, ки ҳодиса ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар дод, ки афроди ношинос шабона писарашро латукӯб кардаанд. Маҳмурод Одинаев гуфт, бинии писараш шикаста ва майнаи сараш осеб дидааст. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шайх Ризоев, писари 24-солаи ӯро шаби гузашта дар Ҳисор задаанд. Ба қавли муовини раиси ҲСДТ, писараш ронандаи таксӣ аст ва ҳодиса замоне рух додааст, ки як мусофирро ба ҷамоати Сомони Ҳисор бурдааст.

"Писарам барои пайдо кардани манбаи даромад таксӣ меронад. Касе занг занад, рафта хизматашро мекунад. Ҳамон шаб баъди занг задан як нафарро ба назди маркази дилхушӣ мебарад, ту ба инҷо омада, "каттагӣ" мекунӣ гуфта, сахт задаанд. Биниаш шикааст. Ларзиши майнаи сар дорад," – афзуд Одинаев.

Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чунин ҳолат ҷой дорад ва корҳои фаврӣ барои муайян кардани гумонбарон идома дорад."

Мақомот аз ин бештар шарҳ надоданд, аммо Маҳмурод Одинаев тахмин мезанад, ки латукӯби писараш эҳтимол ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад. Муовини раиси ҲСДТ гуфт, "ҳодиса барои тарс додани дигарҳо ва ман аст, то фаъолияти сиёсиро бас кунам." Мақомот ба ин иддао то ҳол вокуниш накардаанд, вале дар гузашта идораҳои расмии Тоҷикистон ҳамеша фишор ба мухолифинро рад намудаанд.

Муовини Зойиров мегӯяд, ки писари ӯро ҳам задаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Латукӯби писари муовини раиси ҲСДТ дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи 22-юми сентябри имсол Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизб ҳам аз латукӯб шуданаш хабар дода буд. Дертар масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Зойировро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯй афтондааст.

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократ, ки интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим кардааст, борҳо аз фишори мақомот шикоят кардаанд. Аз ҷумла, раҳбари ҳизб моҳи июн гуфт, мақомот бар асоси рӯйхати аъзои ҳизб, ки онҳо ба Вазорати адлия дода буданд, тарафдорони ҲСДТ-ро "таҳдид мекунанд" ва "метарсонанд".

Мақомоти расмии Тоҷикистон ин иддаои раиси ҲСДТ-ро рад карда буданд.

Дар гузашта низ таҳдид ва ҳамла ба раҳбарияти ҲСДТ расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2015 гуруҳи заноне ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамла карда, ба нишасти хабарии Зойиров халал расонда буданд.

Ҳизби сотсиал-демократ соли 1998 ва замоне сабти ном шуд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯб кардани намояндагони аҳзоби мухолиф ва фаъолони сиёсӣ танқид кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора мегӯянд, дар кишвар ба ҳуқуқи мардум ва озодиҳои сиёсӣ эҳтиром мегузоранд.

XS
SM
MD
LG