Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исматулло Ҳаёев, раиси ХИМА-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кардаанд. ВИДЕО


Исматулло Ҳаёев, писари Иззатулло Ҳаёев, раиси собиқи девони вазирони Тоҷикистонро ба 11 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардаанд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро моҳи январи имсол ба "тасарруфи пулу мол" гунаҳкор донист.

Исматулло Ҳаёев раиси ширкати "Хима текстайл" ва "Корпоратсияи ХИМА" буд. Баъзе аз пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "Исматулло Ҳаёев ба ҷавобгарӣ кашида шуд ва бо ҳукми суд маҳкум гардид". Вай ҷузъиёт надод ва ишора кард, ки парвандаашро маъмурони Оҷонси мубориза бо фасод таҳқиқ кардаанд.

Як манбаъ дар Оҷонси давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал бе зикри номаш гуфт, Исматулло Ҳаёев бар асоси қисми чаҳори моддаи 246‑и Кодекси ҷиноӣ (тасарруфи пулу моле, ки тариқи кредит додаанд) айбдор дониста шуд. Манбаъ афзуд, таҳқиқи парвандаро ду моҳ пеш ба анҷом расонда, ба додгоҳ фиристода буданд, вале тафсилоташро ошкор накард.

Маҳкум шудани Исматулло Ҳаёевро наздиконаш низ тасдиқ карданд ва дар айни замон гуфтанд, бо хулосаи додрас розӣ нестанд.

Муродалӣ Ҳаёев, яке аз пайвандони ӯ, дар номааш ба Радиои Озодӣ навишт: "Хабари ба зиндон кашида шудани Исматулло Ҳаёевро, бигузор, халқ донад. Исматулло писари Изатулло Ҳаёеви зиндаёд, собиқ раиси девони вазирони Тоҷикистон аст. Барои ҳукумат, ки нолозим шуд, аз вай халос шуданд."

Писари Изатулло Ҳаёев-раиси пешини Девони вазирони Тоҷикистон, аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Бо ин ҳол, тафсилоти парвандаи Исматулло Ҳаёев феълан дастрас нест. Маълум нест, ки ӯро дар робита ба кадом қазия ба зиндон маҳкум карданд.

Чаҳор сол пеш Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси бонки русии "Авангард"-ро бо ширкати зери раҳбарии ӯ – "Хима текстайл" – баррасӣ карда буд. Бонки русӣ даъво дошт, ки ширкати "Хима текстайл" аз онҳо 3 миллион доллар қарздор аст ва баргардонда наметавонад. Ва талаб дошт, "Хима-Текстайл"-ро муфлис эълон кунанд ва аз ҳисоби фурӯши моликияташ қарзро баргардонанд.

Аз ин қабл қазияи мазкур дар Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ ва ба нафъи "Хима-текстайл" ҳал шуда буд. Дертар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ даъвои "Авангард"-ро рад кард.

"Хима-Текстайл"соли 2010 таъсис ёфта, корхонаи нассоҷист ва пештар масъулонаш гуфта буданд, қодир аст, солона то 3 ҳазор тонна нахи баландсифат истеҳсол кунад. Ҳоло рӯшан нест, тақдири корхона чӣ шудааст.

Исматулло Ҳаёев, писари Иззатулло Ҳаёв, раиси собиқи девони вазирони Тоҷикистон аст. Ҳаёеви калонӣ соли 2015 дар 79-солагӣ даргузашт. Ӯ аз соли 1986 то 1990 раиси Шӯрои вазирон ва аз соли 1994 то соли 1996 раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Аз афроди наздик ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешуд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG