Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи озурдани Лоҳутӣ. Чаро филми "Устод"-ро дар Тоҷикистони шӯравӣ хуш надоштанд? ВИДЕО


Абдулқосими Лоҳутӣ

Филми мустанади “Устод”-и Давлат Худоназаров, ки ба зиндагии шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шуда буд, танҳо дар чаҳорчӯби ҷашни садсолагии ин шоир дар доираи маҳдуд намоиш дода шуд ва сипас ба мавзӯи баҳсӣ табдил ёфт.

Муаллиф дар ин мустанад роҳбарони вақти коммунисти Тоҷикистонро дар ранҷиши ин шоир ва тарки ватани дувумаш‑‑Тоҷикистон айбдор мекунад.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

Озурда кардани Лоҳутиро "нишон намедиҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00

Абулқосим Лоҳутӣ, ки тарафдори ақидаҳои коммунистӣ буд, аз Эрон ба Шӯравӣ фирор кард ва соли 1925 ба Тоҷикистон омад. Нақши ӯро дар ташкили ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон муҳим медонанд.

"УСТОД"-РО МАҶБУР КАРДАНД, КИ ФИРОР КУНАД

Мустанади “Устод”-ро коргардон Давлат Худоназаров дар соли бузургдошти садумин солгарди ин адиби фирорӣ аз Эрон таҳия кардааст. Аммо, ба гуфтаи муаллиф, онро танҳо дар рӯзҳои ҷашнӣ дар соли 1987 дар Кохи синамои Душанбе барои теъдоди маҳдуди меҳмонони ҷашнвора намоиш додаанд.

Дар солҳои баъд аз касби истиқлол бархе аз шабакаҳои телевизионӣ порчаҳоеро аз ин филм намоиш доданд, вале солҳои ахир вуҷуди ин филм ба фаромӯшӣ рафт. Зеро, ба гуфтаи Давлат Худоназаров, дар он ба таври рамзӣ ишора шудааст, ки раҳбарони вақти Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон боиси ранҷидан ва тарки Тоҷикистон кардани Лоҳутӣ шуда буданд.

Давлат Худоназаров дар сӯҳбати телефонӣ аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки он замон Лоҳутиро “маҷбур карданд, ки Тоҷикистонро тарк кунад".

"Боре ватанро гум кард ва дар симои Тоҷикистон ватани дуюмашро пайдо кард. Ҷигару ҷонашро дода буд барои пайдошавии адабиёти тоҷик. Дар охири солҳои 40-ум вай ҳатто натавонист дигар ба ватани дувумаш биёяд",‑‑гуфт Худойназаров.

Давлат Худоназаров дар посух ба ин савол, ки чаро дигар дунболи сарнавишти мустанадаш намешавад ва онро шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш намедиҳанд, гуфт, ки баъд аз анҷоми таҳияи филм дигар дар фикри он нест.

"ҲАМА ХОМӮШ ГИРЯ МЕКАРДАНД"

Гулҷаҳон Бобосодиқова, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ Тоҷикистон дар умури идеология дар посух ба саволи сабабҳои манъ шудани ин филм гуфт, ки чунин тасмимро танҳо ӯ нагирифтааст:

"Ҳамаи аъзои бюрои СЕКА мерафтанд ва баъзе филмҳоро медиданд. Фақат бо як фикри шахсии ин корҳо намешуд",‑гуфт ӯ.

Соли 1987 барои таҷлили 100 солагии зодрӯзи Абулқосим Лоҳутӣ фарзандонаш ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ба гуфтаи Тиллои Некқадам, синамошиноси тоҷик, онҳо огаҳ мешаванд, ки филме дар бораи падарашон таҳия шудааст, вале пахш намешавад. Баъдан, аз Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва раиси тадорукоти ҷашни садсолагии Абулқосим Лоҳутӣ хоҳиш мекунанд, ки он филмро намоиш диҳад. Ҳаёев иҷозат медиҳад ва дар ду толори «Кохи синамо»‑и Душанбе мустанади “Устод”-ро барои меҳмонони ҷашнвора намоиш медиҳанд:

Ӯ гуфт: "Як чиз дар ёдам ҳаст, вақте филм тамом шуд, одатан свет дар мегирад бад қарсак мезананд, аммо вақте ин филм тамом шуд, свет дар гирифт, ҳама хап, мо дар як кунҷаки қатори аввал менишастем, бачаҳои ҷавон, муҳоҷирои эронӣ дар қатори якум нишаста буданд, ҳамаашон хап гиря карда мекарданд".

МУСТАНАДИ БЕҲТАР АЗ САД ФИЛМИ ҲУНАРӢ

Ба гуфтаи Тиллои Некқадам, баъд аз анҷоми намоиши филм Сиёвуши Касроӣ, адиби эронӣ гуфтааст, ки "аҳамият ва таъсири ин мустанад аз сад филми ҳунарӣ бештар буд". Ин коршинос афзуд, ки дар рӯзҳои ҷашни 120-солагии Абулқосим Лоҳутӣ ба чанде аз шабакаҳои телевизионӣ муроҷиат кардааст, ки ҳамин мустанадро намоиш диҳанд, вале роҳбарони ин шабака посух додаанд, ки “аз боло иҷозат нест”.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони тоҷик дар таҳияи ин филм ба унвони муҳаррир ҷалб шуда буд. Вай мегӯяд, ки дар аввали қарни бисту як дар замони роҳбарии Сайф Раҳимзоди Афардӣ, адиби шинохта дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон иҷоза шуд, ки чанд порае аз ин филм намоиш дода шавад:

“Солҳое, ки дар телевизион ҳам кор кардам, мо чандин бор намоиш додем, як бор ду бор не, ман худам он филмро, ки аз ду қисм иборат аст, 10 дақиқаӣ, 12 дақиқаӣ порча-порча кардам, ки лаззат баранд. Хеле таъсиркунанда буд. Он тахминҳову санадҳое, ки дар ин филм ҳаст ва ишора ба ранҷидани устод Лоҳутӣ аст, шояд каме дигар хел тафсир биёбад”,‑‑ гуфт Сафари Ҳақдод.

НАФАРЕ, КИ АЙНИРО АЗ ЗИНДОН ШУДАН НАҶОТ ДОД

Аммо, ба гуфтаи Заур Дахте, наворбардори филми “Устод” дар ин мустанад ба заҳматҳои Абулқосим Лоҳутӣ барои фарҳангу адабиёти тоҷик, бавижа ҳимояташ аз адибони тоҷик дар солҳои ҳассоси истибдоди сталинӣ дар солҳои 30-уми қарни гузашта тасвир ва ишорат шудааст.

Ӯ гуфт, ки “Лоҳутӣ вақте, ки дар ин ҷо кор мекард, мехостанд Айниро зиндонӣ карда, китобҳояшро нобуд созанд, вале ӯ тавонист бо он номе, ки дошт тавассути эҳтиромаш дар Кремл Сталинро мутақоид созад, ки чунин афкор дар бораи Айнӣ иштибоҳ аст. Ба ҳамин тартиб Айнӣ аз ҳабсу истибдод наҷот ёфта буд”.

Заур Дахте афзуд, ки филми “Устод” танҳо мустанади Давлат Худоназаров нест, ки намоиши он маҳдуд ё манъ шудааст. Ба гуфтаи ин синамогар, боз ду филми мутсанади Давлат Худоназаров манъ ва ҳатто наворҳои яке аз онҳо сӯзонида шудааст. Иддаое, ки ба он Сафари Ҳақдод розӣ нест ва мегӯяд, ки ин наворҳо дар пайи оташсӯзӣ дар бойгонии “Тоҷикфилм” нобуд шудаанд.

ЛОҲУТӢ КӢ БУД?

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ соли 1887 дар Кирмоншоҳи Эрон таваллуд шудааст. Ӯ дар ватанаш яке аз фаъолони ҳаракати озодихоҳӣ буд, ки зидди шоҳи вақт мубориза мекард. Пас аз шикаст дар Эрон соли 1922 ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд. Муаррихон мегӯянд, Лоҳутӣ дар ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1929 ва дар рушди адабиёту фарҳанги нав дар ин кишвар нақши назаррас дорад. Ӯ соли 1957 дар шаҳри Маскав аз дунё даргузашт.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG