Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Ғаффор Мирзоев гуфтанд, "шароиташ каме беҳтар шуд", вале афвашро мехоҳанд


Ғаффор Мирзоев. Акс аз бойгонӣ

Пайвандони генерали зиндонӣ, Ғаффор Мирзоев, мегӯянд, ҳарчанд шароити нигоҳдории ӯ дар муқоиса ба солҳои гузашта "каме беҳтар шудааст", аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ки дар остонаи таҷлил аз 30-солагии истиқлол ӯро афв кунанд.

Мирзоеви 65-сола ҳабдаҳ сол қабл дастгир ва баъдан ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ин гуна афрод шомили афв намешаванд.

Рӯзи 9-уми сентябри имсол ба қабули эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон сӣ сол пур мегардад, вале мақомот дар бораи эҳтимоли эълони афв чизе нагуфтаанд.

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, рӯзи 8-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шароити нигоҳдории бародараш нисбат ба давраи пеш "сабуктар шудааст".

"Агар қаблан дар шаш моҳ як бор бо ӯ мулоқот мекардам, ҳоло баъд аз ҳар чаҳор моҳ аз аҳволаш хабар мегирам. Дар ду моҳ барояш ғизо мебарам. Дар чаҳор моҳ либосу заруриёташро дар як баста (посилка) дар ҳаҷми 15 кило мебарам. Пештар ин хел набуд", -- афзуд ӯ.

Ҷамила Комилова, вакили мудофеи Ғаффор Мирзоев, мегӯяд, нафари зери ҳимояташ борҳо ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва мехоҳанд, ӯро афв кунанд. Аммо баъзе аз ҳуқуқдонҳо гуфтанд, бар асоси қонунҳои кишвар, маҳбусони якумрӣ аз эҳтимоли афв маҳруманд.

Аммо ҳуқуқдон Шуҳрат Қудратов гуфт, танҳо як шонс ё имконият ҳаст: “Агар Мирзоев айбномаи худро, ки аз чанд модда иборат аст, эътироф кунад ва изҳори пушаймонӣ кунад, президент метавонад, ӯро бибахшад. Дар он сурат бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ҳукми абади ӯ ба адои ҷазо барои 27 сол дар маҳбас иваз карда мешавад. Пас аз он имкони шомил шуданаш ба афв пеш меояд."

Бори охир қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 мавриди иҷро қарор гирифт. Бино бар он, беш аз ҳафт ҳазор кас аз зиндон озод ва муҳлати ҳабси бархеи дигар кам карда шуд.

Дар умум, қонун нисбат ба 20 ҳазор нафар татбиқ гардид. Аммо мухолифон гуфтанд, қонуни афв нисбат ба шахсоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, татбиқ нашудааст, ҳарчанд мақомот гуфтанд, аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ, шаш сол кам карданд.

Дар моҳи октябри соли 2020 ва баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки созмонҳои ғарбӣ онро ғайришаффоф номиданд, Эмомалӣ Раҳмон 378 касро афв кард. Вале бо гузашти моҳҳо ному насаби онҳоро ошкор накарданд.

Ғаффор Мирзоев то замони боздошт ва ҳукми зиндонаш дар мансаби фармондеҳи Горди президентӣ, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ хатмкардаи шуъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро хатм кард.

Мирзоевро ниҳодҳои интизомии кишвар моҳи августи соли 2004 боздошт карданд ва Додгоҳи олӣ баъд аз ду соли баррасии парванда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд.

Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев бо ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, суистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин, гунаҳкор дониста шудааст, ҳарчанд худаш борҳо хостааст, парванда аз нав баррасӣ карда шавад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG