Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Ғаффор Мирзоев то... Тарҳи эҷоди "ҷои кор" ба маҳбусони якумрӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон баробари сохтани зиндони вижа барои маҳбусони якумрӣ, онҳоро дар дохили иморатҳои махсус ба кор ҷалб хоҳад кард. Феълан зиндониҳои якумрӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида дар зиндонҳо ва ё боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Барои ба кор ҷалб шудани маҳбусони якумрӣ, инчунин, ислоҳи қонуни иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар назар аст.

  • Масъалаи ҷалби маҳбусони якумрӣ ба кор аз тарафи як гурӯҳи вижа зери раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, охири моҳи январи имсол ва ҳангоми баҳси барномаи зидди шиканҷа баррасӣ шудааст.
Вазорати адлияи Тоҷикистон соли 2017 гуфта буд, дар зиндонҳои Тоҷикистон 80 маҳбусе нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳукми абад гирифтаанд.

"То ду моҳи дигар маълум мешавад"

Дар сурати иҷро шудани ин тасмим, маҳбусони якумрие ба монанди Ғаффор Мирзоев, раҳбари собиқи Горди президентӣ, Сӯҳроб Лангариев, бародари яке аз фармондеҳони Фронти Халқӣ ва Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлавар ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар дохили зиндон ба кор хоҳанд пардохт. Аммо мақомот эълон накарданд, ки кори ин афрод аз чӣ иборат хоҳад буд.

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, гуфт, дар ду моҳи оянда нақшаи сохтмони зиндони маҳбусони якумрӣ таҳия хоҳад шуд. Қарор аст, ин зиндон ва як боздоштгоҳи дигар дар минтақаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бунёд шавад.

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

“Аз нақшаи генералии зиндон вобаста аст. Дар он ҷо иморатҳои махсус мекунем, то зиндониҳои якумрӣ дар дохили он ба кор ҷалб шаванд”, - афзуд ӯ.

"Корду сандуқ месозанд"

Феълан дар баъзе аз зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусоне, ки ҳукми нисбатан сабуктар доранд, ба кор ҷалб шудаанд. Ин гурӯҳи маҳбусон бештар сандуқ ва корду гаҳвора месозанд ки дар бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад. Дар гузашта масъулони зиндон аз маҳбусоне мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон мисол оварда буданд, ки ба сохтани сандуқ машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, рақобат дар бозор бисёр сахт аст ва бояд маҳбусон маҳсулоте омода кунанд, ки ба талаботи мардум ҷавобгӯ бошад.

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукми қатл содир намекунанд ва дар ин муддат ҳеҷ кас эъдом ҳам нашудааст.

Ҳабси абад ба ҷои қатл

Барои ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, таҷовуз ба номуси ноболиғон, терроризм, наслкушӣ ва зиёни бузург ба муҳити зист ҳабси абад муқаррар гардидааст. То ба ҳол даҳҳо нафар бо ҷурми куштори ваҳшиёна, бандитизм ва, инчунин, терроризму талош барои сарнагунии сохти давлатдорӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

Оиша Ғаффорова, хоҳари Ғаффор Мирзоев, рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “орзуи мо дар берун кор кардани Ғаффор аст. Лекин то он вақт дар ҳамон дарун ба ягон кор банд шавад, хуб аст. Ду моҳ пеш дида будам. Радио надошт, бо радио таъмин шудааст. Ҳозир дар ҳамон ҷо китобхона ҳам кардаанд.”

Оиша Мирзоева
Оиша Мирзоева

Аксари онҳое, ки ҳукми абад доранд, ҷиноятҳои сангине содир кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳи гузашта Ҳусейн Абдусамадов, ки дар қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ даст дошт, ҳукми абад гирифт. Мақомот ӯро узви гурӯҳҳи террористӣ медонанд.

Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн, баръакси Оиша Ғаффорова мегӯяд, ба кор кардан ва бо дигарон нигаҳдории фарзандаш ризо нест. Ӯ гуфт, ҳанӯз ақидаҳои писараш дигар нашудааст. “Танҳо буданаш ба фикрам беҳтар аст. Ақидаҳояш ҳанӯз вайрон аст. Метарсам, ки бо дигарон бошад, ягон кор накунад”, - афзуд ӯ.

"Бархе ҳасуд мешаванд"

Вакили мудофеъ Низомиддин Ёқубов ҳам мегӯяд, ҷалби зиндониҳои якумрӣ ба кор ва нигаҳдории онҳо бо маҳкумшудагоне, ки дар интизори озодӣ ҳастанд, кори сахт ва номумкин аст.

Гулчеҳра Шодмонова
Гулчеҳра Шодмонова

"Ба ҷойи кор таъмин шудан хуб аст, ки ӯ бо меҳнат зиндагӣ мекунад ва фоида меорад. Лекин дараҷаи хафвнокии бисёри онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд, болост. Умед ба озодӣ надоранд. Дар ҳолати кор метавонанд, ба ягон нохушӣ даст зананд ё ба маҳбусоне, ки ҳукми камтар дорад, аз ягон нигоҳ таъсир расонанд. Бархе каме ҳасуд ҳам мешаванд, ки ин нафар пеш аз ман озод мешавад гуфта", - шарҳ дод ин ҳуқуқдон.

Вазорати адлияи Тоҷикистон соли 2017 гуфта буд, дар зиндонҳои Тоҷикистон 80 маҳбусе нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳукми абад гирифтаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои шеваи нигаҳдории маҳбусони якумрӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ борҳо интиқод шунидааст. Азбаски Тоҷикистон барои маҳбусони якумрӣ зиндони махсус надорад, онҳо дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳҳо ваё дар зиндонҳои низомаш махсус нигаҳдорӣ мешаванд.

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон соли 2012 дар як гузориши худ маҳбусони якумриро дар зиндонҳои Тоҷикистон “осебпазир” унвон карда буд. Ин созмон навишта буд, “шахсоне, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, дар ҳолати махсусан обебпазир қарор доранд. Онҳо якумрӣ дар маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) ва як бахши боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунанд”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG