Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба автобус (ВИДЕО)


Дар як ҳамлаи хунин ба автобуси мусофирбар дар вилояти Донетски Украина дастикам 11 нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шуданд. Амрикову Аврупо ин ҳамларо маҳкум карданд.

Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар пайи ҳалокати дастикам 11 мусофири як автобус бар асари ҳамлаи мушакӣ афзоиши хушунатҳо дар шарқи Украинаро маҳкум карданд. Дар ин ҳамла, ки хунинтарин ҳамлаи моҳҳои охир шуумурда мешавад, ба гуфтаи низомиҳои Украина, як автобуси мусофирбар, ки аз маркази вилояти Донетск меомад, рӯзи 13 январ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ аз сангарҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор гирифтааст. Маркази Донетск низ тақрибан аз баҳори соли 2014 таҳти назорати ин ҷудоиталабон қарор дорад.

Раҳбарони ҷудоиталабон масъулияти ҳамла ба ин автобусро рад мекунанд.

Дар Вошингтон, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Мари Ҳарф гуфт, ҳамла ба автобус ва даргириҳои шадид дар атрофи фурудгоҳи байналмилалии Донетск “танҳо мавридҳои охири ба таври тоқатнопазир вайрон шудани ӯҳдадориҳоест, ки ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия додаанд.”

Ҳамлаи хунин ба автобус дар шарқи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини длар Брюссел гуфт, хушунати афзоянда дар шарқи Украина ба зарурати пойбандӣ ба муқаррароти созишномаи оташбаси Минск аз моҳи сентябр таъкид мекунад.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ҳамла ба автобусро ҳамчун як амали “дилрешкунанда” маҳкум кард ва гуфт, ҷудоиталабон “посухи ин кушторро хоҳанд дод.” Порошенко гуфт, рӯзи 14 январ фармони истиқрори нирӯҳои бештар дар хатти ҷабҳаро имзо хоҳад кард.

Шӯрои Амнияти СММ низ ҳамла ба автобус дар шарқи Украинаро маҳкум кард ва хостори таҳқиқи қазия ва ба масъулият кашондани омилонаш шуд.

Як мақоми аршади САҲА тамоми ҷонибҳои дахил дар низои шарқи Украинаро ба ҳадди аксари хештандорӣ хонд. Эртугрул Апакан, раҳбари ҳайати вижаи нозирони САҲА ҳамчунин гуфт, вазъ дар 24 соати охир, ба хусус дар атрофи фурудгоҳи Донетск, “ба таври назаррас” бадтар шудааст.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба хабарҳо, манораи назоратии фурудгоҳ, ки тайи моҳҳои тирандозиҳо сахт тахриб шуда буд, пурра хароб шудааст. Ҳарчанд шаҳри Донетск таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, вале фурудгоҳи ҳоло дар пайи тирандозиҳои мудавмо аксаран харобшудаи шаҳр дар дасти нирӯҳои давлатии Украина аст.

Бо ин ҳол, дар Киев як вакили порлумон гуфт, ҷудоиталабон ба нирӯҳои давлатӣ то шоми 13 январ фурсат додаанд, ки фурудгоҳи Донетскро тарк кунанд, вагарна “маҳв карда мешаванд.” Ин иддао ҳанӯз аз сӯи ҷудоиталабон тасдиқ ё рад нашудааст.

Мақомоти ба Киев содиқи вилоят мегӯянд, автобус бо мушаки “Град” дар назди як посгоҳи нирӯҳои давлатӣ дар наздикии шаҳри Волноваха ҳамла шудааст. Дар ин ҳамла 17 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Наворҳои нашршуда ҳокист, ки бадани автобус аз асобати мушак сӯрох-сурох шуда, фаршаш пур аз хун аст.

Волноваха дар байни Донетски таҳти назорати чирикиҳо ва шаҳри Мариупол дар соҳили баҳри Азов, ки аз сӯи нирӯҳои давлатӣ назорат мешавад, қарор дорад.

Раҳбари бахши вазорати умури дохилаи Украина дар вилояти Донетск Вячеслав Аброскин гуфт, дар рустои Ҳранитне, дар шимолушарқи Мариупол низ як духтари дуюнимсола аз тири мушаки ҷудоиталабон ҷон бохтааст.

Денис Пушилин, яке аз раҳбарони ҷудоиталабони Донетск аммо гуфтааст, ин ҳамла метавонад аз сӯи Киев ҳамчун “иғво” анҷом шуда бошад, то дар он ҷудоиталабонро айбдор кунанд.

Бино ба ҳисобҳо, аз моҳи апрели соли 2014 ба ин тараф, дар низои шарқи Украина беш аз 4700 мардуми мулкӣ кушта шудаанд. Ҳарчанд созишномаи оташбаси Минск пайваста поймол мешуд, баъди як тавофуқи дигар дар моҳи декабр набардҳо хеле хомӯш шуда буд.

Мавҷи нави хушунат дар шарқи Украина дар ҳолест, ки рӯзи 15 январ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон музокироти сулҳи Украина бо ширкати раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар назар гирифта шудааст. Аммо Ангела Меркел рӯзи 11 январ дар як тамоси телефонӣ ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, дар ғайри сурати пешрафти чашмгир дар масъалаи сулҳи Украина нишасти Остона маъно нахоҳад дошт.

Дар Ғарб ва дар Киев бар инанд, ки ҷудоиталабони шарқи Украина аз сӯи Русия пуштибонӣ ва бо нирӯву силоҳу пул таъмин мешаванд. Русия инро рад мекунад.

Аммо вазъи Украина дар пайи тасарруфи вилояти Қримаш аз сӯи Русия дар моҳи марти соли 2014 рӯ ба вахомат овард. Дар пайи Қрим ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар вилоятҳои низ умдатан русзабони Донетску Луҳанск сар бардоштанд.

Хабарнигори Асошиэйтед Пресс мегӯяд, дар поёни ҳафта ҳудуди 30 мошини низомии бидуни шумораи давлатиро дар роҳ ба сӯи Донетску мушоҳида кардааст. Генерал Филип Бридлов, як фармондеҳи аршади паймони низомии НАТО рӯзи 13 январ гуфт, дар тамои тӯли таътилоти солинавӣ таъмину тамрини нирӯҳои чирикӣ дар шарқи Украина идома дошт. Сухангӯи артиши Украина Андрий Лисенко гуфт, ҳамлаҳои рӯзҳои охири ҷудоиталабон нишон медиҳад, ки онҳо мехоҳанд дар хатти ҷабҳа пешравӣ кунанд. Раҳбари ҷудоиталабон Александр Захарченко аммо нирӯҳои Украинаро дар бурузи душманиҳои ахир айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG