Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муродалӣ - аввалин тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина (ВИДЕО)


Муродалӣ Барфиев - дар марказ
Муродалӣ Барфиев - дар марказ

Мақомоти вилояти Хатлон ҳалокати дастикам як ҷангии тоҷик дар ҷангҳои Украинаро тасдиқ карданд. Падари Муродалӣ Барфиев мегӯяд, то шунидани хабари маргаш дар 3 моҳи пеш намедонист, ки писараш аз муҳоҷират дар Русия ба ҷанг рафтааст.

Падархонди Муродалӣ Барфиев, ки ба гуфтаи мақомот, дар ҷангҳои шарқи Украина аз тарафи ҷудоихоҳон меҷангид, мегӯяд, бо гузашти се моҳ аз дафни писархондаш андӯҳи ӯ ҳамоно амиқ аст.

Раҷабалӣ Барфиеви 73-сола, сокини кӯчаи Файзулло Насруллоев дар маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ҳоло ӯ хуб дарк мекунад, ки волидон бояд дар тамоси пайваста бо фарзандони муҳоҷирашон бошанд ва нагузоранд мисли Муродалӣ ба роҳи бад раванду ҷони ҷавони худро қурбон кунанд. Баъди онки рӯзи 8 январ хабари кушта шудани писари 30-солаи ӯ дар нишасти хабарии додситонии вилояти Хатлон расонаӣ шуд, Раҷабалӣ Барфиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Писари ман 12 ё 13 сол аз мо дур буд. Намедонам, ӯро кӣ ба ҷанг бурд? Ӯ аз тарафи Тоҷикистон нарафтааст. Падару модар бояд фарзандони худашонро эҳтиёт кунад ва нагузоранд, ки ба роҳи бад раванд.”

Раҷабалӣ Барфиев
Раҷабалӣ Барфиев

Раҷабалӣ Барфиев гуфт, соли 1984 бо сабаби безурётӣ Муродалиро аз серӯзагиаш ба фарзандӣ қабул карда, бо ҳазор умед ба ӯ Муродалӣ ном дода, ба воя расонданд. Раҷабалӣ Барфиев баъди марги ҳамсари аввалаш бо зани дигаре, ки се фарзанд дорад, издивоҷ кардааст. Ҳоло модарандари Муродалӣ намехоҳад дар бораи ӯ сӯҳбат кунад.

Аммо Раҷабалӣ Барфиев мегӯяд, Муродалиро сахт дӯст медошт, вале мушкили зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, ки аз марди ҳамсоя қарз гирифта, ягона фарзандашро соли 2003 ба муҳоҷират барои кор фиристад: “Баъди бузург шуданаш гуфт, ба Русия меравам. Писарам ба ҷавононе, ки бо ӯ буданд, гуфтааст, агар мурдан бошад, як рӯз мемирам. Ягон се моҳ дар Украина будааст. Ман гуфтам, ки бигзор мурдаашро дар ҳамонҷо гӯр кунанд, вале баъдан ба раҳбарияти шаҳр муроҷиат кардем, ки мурдаро оварданд.”

Падар намедонист, ки писараш дар Украина меҷангад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Муродалӣ Барфиев, ба гуфтаи мақомот, моҳи октябри соли 2014 дар ҷанги Украина кушта шудааст ва баъди ду ҳафтаи маргаш ҷасадаш ба зодгоҳи ӯ, шаҳри Қӯрғонтеппа оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон танҳо баъди се моҳ, яъне 8 январи соли 2015 барои нахустин бор дар бораи ширкат ва кушта шудани як шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина хабар доданд.

Назарзода Анвар
Назарзода Анвар

Назарзода Анвар Сайдназар, ёвари додситони вилояти Хатлон рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муродалӣ Барфиев аз тарафи ҷудоиталабони Русия дар Украина меҷангидааст. Ӯ гуфт, ки Муродалӣ аз ҷумлаи нафароне буд, ки вақти ҷангиданаш нисбати ӯ бар асоси моддаи ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва баъди маргаш қатъ карда шуд: “Муродалӣ Барфиев, ки дар гурӯҳои опазитсиюнӣ иштирок карда фавтид, ҷасадаш баргардонида шудааст. Онҳо аз роҳи муҳоҷират ба онҷоҳо мераванд. Ҳоло маълумоти фаврӣ надорем, ки боз ҳам шаҳрвандони мо дар Украина ҳастанд ё на.”

Дар бораи эҳтимоли ширкати тоҷикистониҳо дар дар ҷангҳои Украина Назарзода изҳори бехабарӣ кард. Айни замон, ӯ дар мавриди шумораи дақиқи ҷавонони хатлонӣ, ки бар зидди режими Башор Асад дар Сурия меҷанганд, хабар дод. Ба иттилои ӯ, 24 сокини маҳаллӣ аз ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қумсангир ва минтақаи Кӯлоб ҳоло дар Сурия дар ҳайати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” меҷанганд. Илова ба ин, 5 ҷавони дигар аз вилояти Хатлон дар Афғонистон ва 5 нафари дигар дар Ироқ меҷанганд ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Танҳо як нафари онҳо аз 50-сола боло буда, боқӣ дигарҳо ҳама ҷавон будаанд, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

"Толиб" ва "Муҷоҳид"
"Толиб" ва "Муҷоҳид"

Мавзӯи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Украина ва он ҳам аз тарафи ҷудоиталабони тарафдори Русия бори аввал моҳи декабр, дар пайи нашри як навори видеоӣ дар Интернет вирди забонҳо шуд. Бино бар гузориши маҷаллаи интернетии “36on.ru”, портали иттилооотии шаҳри Воронежи Русия, ду нафар гуфтаанд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар шарқи Украина дар сафи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия зидди нерӯҳои давлати Украина меҷанганд. Дар ин навор ду нафар, ки худро «Толиб» ва «Муҷоҳид» аз Тоҷикистон муаррифӣ карданд, изҳор мекунанд, ки «инҷо барои Иттифоқи Шӯравӣ меҷанганд.»

Аммо сафорати Тоҷикистон дар Украина шаҳрванди Тоҷикистон будани ду нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз ширкати худ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳикоят кардаанд, рад мекунад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Украина Хайрулло Толибов дар моҳи декабр гуфт, дар натиҷаи пажӯҳиши диаспораҳои тоҷик дар вилояти Луҳански Украина маълум гаштааст, ки чунин афрод дар он ҷо зиндагӣ намекунанд ва рабте ба тоҷикон надоранд.

Ин дар ҳолест ки дар бораи ширкати ҷангиён аз минтақаи Қафқози Русия ва ҳамчунин аз Осиёи Марказӣ дар сафи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина манобеи дигар, аз ҷумла расонаҳои русиву украинӣ чандин бор гузориш додаанд.

XS
SM
MD
LG