Дар Тоҷикистон, ки мардуми зиёде ба оби пок дастрасӣ надоранд ва аз наҳру ҷӯйборҳои боз об мегиранд, нархи истифодаи об болотар рафтааст. Мақомот гуфтанд, ҳадаф беҳтар кардани шеваҳои таъмини мардум бо об ва хадамоти дигари зарурӣ аст, вале шубҳа сари чунин гуфтаҳои мақомот зиёд аст.
Нархи об ва хидматрасониҳои дигаре ба мисли кашондани партов барои мардум дар Тоҷикистон понздаҳ дарсад гарон шудааст. Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ ҳадафро "беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ" номид.
"Мо бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон нархномаҳоро 15 дарсад зиёд кардем. Ба корхонаҳо 30 дарсад, ба аҳолӣ 15 дарсад. Ҳадаф беҳтар кардани низоми обтаъминкунӣ. Албатта, ҳадафи асосӣ беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ аст," -- афзуд ӯ. Ин дар ҳолест, ки сокинон пайваста аз камбуди обу тӯдаи партовҳо дар Душанбе ва гӯшаҳои дигари ҷумҳурӣ шикоят доранд.
Ҳоло арзиши як метри мукааб об барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна 1 сомониву 50 дирам шудааст. Пештар 1 сомониву 30 дирам буд. Барои касоне, ки дастгоҳи ҳисоби об надоранд, арзиши об барои ҳар узви оила ба ҳисоби миёна 8 сомониву 10 дирам нарх дорад.
Ин нарх на фақат ба сокинони шаҳри Душанбе, балки ба мардуми маҳаллаҳои берун аз пойтахт низ рабт дорад. Ҷое, ки мақомот иддао доранд, ки ҳар сол дастрасии мардумро ба об беҳтар мекунанд.
Раҷабалӣ Расулзода, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, гуфт: "Бо дарназардошти афзоиши аҳолии Тоҷикистон ҳамасола мо дастрасии 2,5 дарсади мардумро ба оби ошомиданӣ таъмин менамоем”.
Боло рафтани нархи об дар ҳолест, ки бахше аз сокинони Тоҷикистон аз мушкили дастрасӣ ба об нигаронӣ доранд. Сокинон дар бисёре аз деҳаҳо маҷбуранд, ки аз дурии чанд километр ба хонаашон об кашонанд ва ё аз мошинҳо об харанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкили об дар ҷаҳон ба Созмони Милал пешниҳодҳо фиристода, дар Душанбе чанд нишасти бузург гузаронидаанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол зиёда аз 30 дарсади аҳолӣ дар дохили кишвар ба оби ошомиданӣ таъмин набудаанд.
Ба ҷуз аз об, дар аввали соли 2026 дар Тоҷикистон арзиши нерӯи барқ ва андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо низ боло рафт.
Дар Тоҷикистон, ки мардум аз камбуди кору маоши муносиб азият мекашанд ва бештар ба пули фиристодаи наздикони муҳоҷирашон такя задаанд, афзоиши нархи обу барқ ба ҷайби онҳо бетаъсир нахоҳад монд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: