Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон вуруди бе иҷозати амниятҳо ба манзили шаҳрвандонро лағв кард. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 30 июн тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи сохторҳои амнияти миллӣ»-и Тоҷикистонро, ки соли гузашта тасвиб шуда буд, бидуни баррасӣ бекор кард. Ин тарҳ бояд то тирамоҳ бозбинӣ ва такмил шавад.

Парлумон: Амниятиҳо беиҷозат ба хонаи мардум надароянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Хабарнигори радиои Озодӣ аз порлумон рӯзи 30 июн гуфт, ки дар як овоздиҳии бидуни баррасӣ вакилони маҷлис, тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи сохторҳои амнияти миллӣ»-и Тоҷикистонро, ки соли 2016 аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов пешниҳод шуда буд, бекор карданд.

Принсипи Конститутсия дар бораи ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро ин қонун бекор намекунад. Ватанзода

Як тағйироти ҷиддӣ ба қонун марбут ба он буд, ки сохторҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ доштанд ба хонаҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза ворид шаванд. Ятимов он замон гуфта буд, ки муборизаи зидди терроризму ифротгароӣ онҳоро водор мекунад, бархе бандҳои қонун бозбинӣ шаванд. Вай гуфта буд, ки дар бархе ҳолатҳо маҳз ҷараёни гирифтани иҷозатномаи додситонӣ барои ворид шудан ба манзили гумонбар фурсати сари вақт боздошт шудани ҷинояткорро аз байн мебарад.

Вале дар баррасии Маҷлиси миллӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ин тағйироту иловаҳо пазируфта нашуд. Он замон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки тағйирот ба қонун ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунад ва дар миёни таъмини амнияти шаҳрвандон ва мурооти ҳуқуқи инсон бояд марз гузошта шавад.

Замоне, ки палаи поёнии парлумони Тоҷикистон октябри соли 2016 вуруди бидуни иҷозати кормандони ҳифзи қонунро ба манзили шаҳрвандон баррасӣ мекарданд, дар Душанбе як зан аз рафтори худсарона ва хушунатомези полис шикоят кард. Ин зани 34-сола иддао кард, ки ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз зӯр вориди хонаи ӯ шуда соҳибхонаву меҳмонҳояшро ба шӯъбаи умури дохилӣ бурдаанд. Шикояти ин зан аз рафтори полис дар дасти баррасии додгоҳ аст.

Назари бархе сокинони Радиои Озодӣ 19 октябри соли 2016 дар робита бо вуруди бидуни иҷозати полис ба манзилашон инҷост:

Иҷоза медиҳед, кормандони амният нопурсида ба хонаатон дароянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Ятимов аз таҷрибаи Афғонистону Покистон мисол овард

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳи қонун дар порлумон моҳи октябри соли 2016 гуфта буд: “Таҷрибаи ҳодисаҳои террористӣ дар Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Ховари Миёна нишон доданд, ки ин гурӯҳҳо ба таври махфиёна амал мекунанд ва ин рафтори онҳо посухи баробарвазн мехоҳад. Яъне, махфиёна ба манзилҳое рафтан, ки дар он ҷо террористҳо мехоҳанд амали ҷиноятии худро содир кунанд.”

Ятимов гуфт, ин қонун "дар навбати аввал ба таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона карда шудааст” ва афзуд, “бидуни иҷоза ба манзилҳои шахс ворид шудан масъулияти бузургро талаб мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои фавқулода амалӣ мешавад. Кормандони амнияти миллӣ бояд интихобан амал карда ва мақсадҳои гузоштаро иҷро кунанд. Ин таҷриба дар кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст."

Ватанзода: Принсипи констутсия дар бораи дахлнопазии манзил нақз мешавад

Он замон Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар порлумон гуфт, ки дар сурати ворид шудани хисорот ба манзилҳои мардум дар пайи амалиёти террористӣ, “ҷуброни зарар аз ҷониби давлат сурат мегирад”.

Маҳмадалӣ Ватанзода, ки зоҳиран яке аз мухолифони қабули тағйирот ба қонун буд, гуфт, “касе ҳақ надорад бесабаб вориди манзили сокинон шавад”. Ӯ гуфт, “Принсипи Конститутсия дар бораи ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро ин қонун бекор намекунад».

Мақомоти Тоҷикистон таҳдидҳои терроризму ифротгароиро яке аз мушкилоти рақами яки амнияти давлат меҳисобанд. Марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон, ки 1400 км тӯл дорад, нуқтаи ҳассос барои вуруди гурӯҳҳои шӯришии мухолифи давлат маҳсуб мешавад. Илова ба ин, дар дохили кишвар дар натиҷаи амалиёти вижаи мақомот афроди тарафдори гурӯҳҳои ифротии мисли ба ном "Давлати исломӣ" боздошт мешаванд, ки тавассути шабакаи Интернет ҳавохоҳи ин гурӯҳҳо мешаванд.

Вале ин андеша ҳам дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки солҳои охир муборизаи давлат бо зуҳуроти терроризму экстремизм аз болои арзишҳои мисли озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ ва шаҳрвандӣ боло мегирад. Дар ин замина таҳлилҳои созмонҳои байналмилалии мисли "Хонаи озодӣ" ва Ҳюман Райтс вотч ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, Душанбе бояд ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар мадди дуюм нагузорад.

XS
SM
MD
LG