Пайвандҳои дастрасӣ

Хона ба хона дар Хатлон. Чаро телефони мобили муҳоҷирро мепурсанд?


Дар вилояти Хатлон мақомот ташаббуси наверо барои огаҳӣ ёфтан аз ҳузур ва шароити буду боши сокинон дар шаҳру манотиқи Русия роҳандозӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, бо ҳадафи хабардор шудан аз макон ва ҳузури сокинон дар Русия ва барои ҷилавгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ, бо ҳар як нафар телефонӣ ҳамсӯҳбат мешаванд.

Мақомот мегӯянд, ки 90 дар сади ҷавонҳои тоҷике, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Ироқу Сурия пайвастаанд, маҳз аз Русия ба он кишварҳо сафар кардаанд. Ҳоло гурӯҳи вижаи корӣ хона ба хона мегардад ва бо иҷозат ва дар ҳузури волидон бо фарзандони муҳоҷирашон сӯҳбат мекунанд. Шумораи телефонҳои онҳоро дар Русия сабт мекунанд ва месанҷанд, дар бораи шароити кору зиндагӣ, тамосҳояшон бо афрод дар кишварҳои бегонаро мепурсанд ва ба онҳо аз хатарҳои ақидаву гурӯҳҳои ифротӣ ҳушдор медиҳанд.

Таҳқиқи коди телефонҳо

Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини раиси ноҳия оид ба масоили идеологӣ дар ноҳияи Бохтар рӯзи 27 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи асосии чунин санҷишҳо огоҳ шудан аз зиндагии муҳоҷирон мебошад, ки ба чӣ кор машғул ҳастанд ва чӣ фикрҳое дар сари худ мепарваранд. ​"Ба хотири он мебошад, ки фарзандони мо ба кадом корҳо банд ҳастанд, ба гурӯҳҳои мамнӯъ напайванданд, худи ман ҳам бо писарам зуд-зуд сӯҳбат мекунам. Кормандони ҷамоат маълум мекунад, ки бачаҳо дар куҷо ҳастанд ва дар кадом бозорҳо кор мекунад." -мегӯяд ӯ.

Агар волидайнаш мегӯяд, ки писарам дар Маскав аст бояд коди Маскавро вақти сӯҳбат маълум созем, агар телефонаш кор накунад, бояд рақами телефони фаъоли муҳоҷирро пайдо кунем.

Абдуҷаббор Қурбонов, раиси ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-и ноҳияи Бохтар гуфт, ки бо дастури Кумитаи амният онҳо хона ба хона гашта телефонони муҳоҷиронро сабт кардаанд ва бо онҳо сӯҳбат анҷом додаанд. ​"Дастур шуд, ки рафта рақамҳояшонро гирему бо онҳо суҳбат кунем, бо ҳамаи муҳоҷиронро барои санҷиш сӯҳбат кардем, агар волидайнаш мегӯяд, ки писарам дар Маскав аст бояд коди Маскавро вақти сӯҳбат маълум созем, агар телефонаш кор накунад, бояд рақами телефони фаъоли муҳоҷирро пайдо кунем." -гуфт Абдуҷаббор Қурбонов.

Аз ҷамоати "Бохтариён" ҳудуди 2000 муҳоҷири корӣ дар Русия қарор доранд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, шумораи умумии ҷавонони ноҳияи Бохтар, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, аз рӯи ҳисобҳои ду соли пеш ба 28 нафар мерасид.

Ноҳияи Ёвон
Ноҳияи Ёвон

Як масъули ҳукумати ноҳияи Ёвон ҳам вуҷуди чунин санҷиши хона ба хонаи муҳоҷиронро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ба гуфтаи ин масъул, ки нахост номаш бурда шавад, аз сокинони ин ноҳия 4 нафар дар Сурия қарор доштаанд. Исломиддин, як муҳоҷири кории тоҷик аз Қурғонтеппа, ки бо зану ду фарзандаш панҷ сол шуд дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад гуфт, ки ба ӯ аз Тоҷикистон мақомоти вилояти Хатлон занг зада пурсидаанд, ки чӣ ҳол дорад ва шароити корияш чӣ гуна аст.

Худи муҳоҷирон чӣ мегӯянд?

Ин муҳоҷир аз шаҳри Челябинск дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи кору зиндагияш ба намояндагони мақомот нақл кардааст: "Аз хона занг зада гуфтанд, ки “рақамҳои телефонатро мепурсанд”. Ман гуфтам, ки диҳед рақамҳоямро. Баъд сӯҳбат кардам. Онҳо мехоҳанд фарҳманд, ки бо кӣ суҳбатҳо мекунему чӣ рӯзгор дорем."

Хонаводаҳои муҳоҷирон мегӯяд, ки агарчӣ ба фарзандонашон, ки бо онҳо тамос мегиранд, бовар дорад, вале чун рақами телефони фарзандонашонро пурсидаанд, нигарон шудаанд. Давлатбӣ, модари се ҷавони муҳоҷир аст, ки мегӯяд ахиран дар ҳузури намояндагони мақомот бо писаронаш суҳбат карда ва рақамҳои онҳоро ба мақомот додааст:

"Дар масҷид эълон кардаанд, ки рақамҳои писаронатонро навишта диҳед, раиси маҳалла омада навишта гирифт, боз бо онҳо суҳбат карданд. Мехоҳанд фаҳманд, ки ба дигар шаҳрҳо нарафта бошанд фарзандонамон, ҳамаи деҳаро пурсиданд ва рақамҳои онҳоро гирифтанд." –гуфт ӯ.

Самараи маъракаи хона ба хона

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯяд, ки тасмими мақомот барои сӯҳбату санҷиши ҳолу аҳволи муҳоҷирон дар Русия кори баде нест. Коршиносон мегӯянд, ҷавонҳои бекор ва ҷӯёи даромад, ки ба Русия мераванд, гоҳо дар муҳити бегонаи кишвари дур ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Дар бархе ҳолатҳо ин гурӯҳҳоро фиристодаҳои шӯришиёни Сурияву Ироқ дар Русия танзим мекунанд ва аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё қафқозӣ, ки аксарият мусалмонанд, ба сафи ҷангиён худ нирӯ ҷалб мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо таблиғи ҷангиён дар меҳмониҳо, шабнишиниҳо, масҷидҳо ва ё таҷаммӯъҳои дигари афроди ҳамфикру ҳаммазҳаб сурат мегирад.

Тибқи иттилои расмӣ, 210 нафар аз сокинони Хатлон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва марги беш аз 30 нафари онҳо таъйид шудааст. Мақомот дар давоми ду соли гузашта маъракаи зиддиифротгароиро бо сӯҳбату мулоқотҳои рӯбарӯ ва барномаҳои телевизиониву радиоӣ дар дохили кишвар ба роҳ монданд ва зоҳиран ин маъракаи онҳо натиҷа дод.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, иттиллои ҷомеа дар бораи ваҳшониятҳои гурӯҳҳои ифротӣ афзуд ва суръати пайвастшавии шаҳрвандон ба сафи ин гурӯҳҳо коҳиш ёфт. Ҳоло навбат ба ҷавонҳои муҳоҷир расидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG