Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони ҷаҳон аз Австрия мафтуни Рашту мардумаш шуд. АКС


Кристина Колб дар фазои Рашт.

Кристина Колб, қаҳрамони ҷаҳон дар параглайдинг, ки баҳори соли гузашта ба Тоҷикистон рафтааст, мегӯяд, азбаски мафтуни табиат ва мардум шуд, онро кишвари сеҳрангез номид.

Духтари 33-сола аз Австрия, ки бо як ҳамроҳаш баҳори соли гузашта ба Тоҷикистон рафтааст, мегӯяд, “азбаски аз бақияи ҷаҳон” озурда шуд, хост ба кишваре биравад, ки мардум намешиносанд.

“Параглайдерҳо бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро наозмудаанд. Ман медонам, ки дар Қирғизистон одамони зиёде бо параглайд парвоз мекунанд, аммо вақте Тоҷикистонро дар харита нигоҳ кардам, фаҳмидам, ки кӯҳҳои зиёде дорад ва мардуми зиёде ба онҷо нарафтаанд. Барои ҳамин ба худ гуфтам, мумкин ҷойи хубе бошад” – гуфт, Кристина Колб ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, бо дидани аксҳои водии Рашт ба ин хулоса омад, ки бояд ҷойи бисёр хубе барои параглайдинг бошад ва хато накард.

Кристина Колб
Кристина Колб

“Дар воқеъ дар ин водӣ минтақаҳое ҳаст, ки метавонед ҳар навъ парвоз кунед. (пасту баланд, бо суръати зиёд, ё кам) Дар нақша чунин ба назар мерасид, ки парвоз дар онҷо осон аст. Ман куҳҳои баландро ба инобат нагирифтам, аз ин рӯ парвоз дар Рашт онгуна ки тасаввур мекардам, осон набуд” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Кристина Колб соли 2016 дар Фаронса дар мусобиқоти ҷаҳонии параглайдинг, унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар байни бонувонро ба даст овардааст.

Параглайдери австриягӣ ҳамроҳ бо дӯстписараш, Алан Леу, мурабии параглайд ба Тоҷикистон рафтаанд ва як ҳамроҳи дигарашон Гилям Брост, филмеро ҳам дар бораи сафари онҳо бардоштааст.

Дар ин филм парвозҳои баланди ҳарду нафарро мебинед, ки дар фазои сабзи Рашт наворбардорӣ шудаанд. Филм Magikistan - Paragliding into the heart of Tajikistan” ва ё “Сарзамини сеҳрангез. Параглайдинг дар қалби Тоҷикистон” унвон дорад.

Кристина Колб, мегӯяд, азбаски мафтуни табиати дилфиреб ва бахусус мардуми Тоҷикистон шуд, филмашонро чунин ном гузоштанд.

“Ману дӯстписарам воқеан шигифтзада шудем ва онҷоро бисёр дӯст доштем. Мардумаш фавқуллода буд. Азбаски ман аз бақияи ҷаҳон озурда шуда будам, аз муносибату меҳрубонии мардум фавқуллода ҳайратзада шудам ва мо ҳарду инҷоро дӯст доштем. Табиаташ низ фавқуллода зебо аст” – гуфт, Кристина Колб.

Алан Леу дар ин филм мегӯяд, аз мардуми Тоҷикистон, ки ҳамеша шуморо бо оғӯши боз пешвоз мегиранд ва омодаанд ҳар лаҳза кумак кунанд, фурӯтаниро омӯхт.

Аммо рӯзҳои аввали сафар ба Рашт барояшон андаке маъюскунанда будааст, чун боронҳои пайдарпайи серӯза параглайдерҳо ва навобардори онҳоро маҷбур кардааст, ки аз даруни хаймаи танг берун наоянд.

Алан Леу
Алан Леу

“Мо дар ин ҷо зиндагӣ дар шароити номусоид барои зиндагиро меомӯзем” – мегӯяд, Алан Леу дар филм. Дар филми тақрибан 14 дақиқаӣ дар бораи сафари ду параглайдери хориҷӣ ҳамчунин муоширати онҳо бо мардум, мизбонӣ аз онҳо ва аз ҷумла аспу харсавории хориҷиён дида мешавад.

Дар шарҳи ин филм дар YouTube як нафар бо ситоиш аз кори ин ду нафар, ки варзиши муҳим барои саломатиро тарғиб кардаанд, ҳамчунин менависад, чунин видеоҳо, мардумро ба сафару парвоз ташвиқ кунанд.

Ин корбар худро gigaprose1 муаррифӣ карда ва ҳамчунин навиштааст, “Тоҷикистон ҷойи фавқуллодаест, ки замони шӯравӣ воқеан амн буд. Аммо ҳоло дар наздикии Афғонистон аст, ки онҷо Толибон амал мекунанд. Ба андешаи ман, хатар дар онҷо андаке зиёд шудааст. Барои ҳамин бояд аз миёни параглайдерҳо дар Тоҷикистон раҳбалад пайдо кунед ва бо онҳо биравед. Ё гуруҳи 5-8 нафарӣ шуда биравед. Ман фикр мекунам, шумо сайёҳони ботаҷриба ҳастед, вале мумкин аст, дигарон ба шумо пайравӣ кунанд.”

Бо вуҷуди ин Кристина Колб мегӯяд, агар фурсат даст дод, дигарбора ба Тоҷикистон бармегардад. “Мо барномаи мушаххаси бозгашт надорам, вале воқеан муштоқи баргаштан ба онҷо ҳастам” - гуфт, ӯ.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG