Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобат барои сайёҳон. Чаро роҳ ба зебогиҳои Тоҷикистон тариқи Ӯш аст?


Вақтҳои ахир дар Тоҷикистон шумораи сайёҳоне зиёд мешавад, ки ба хадамоти ширкатҳои сайёҳии қирғизӣ бартарӣ медиҳанд. Мутахассисон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳо гарон аст ва мақомот роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯй доранд.

Масири арзон

Бо афзоиши маҳбубияти экотуризм (сайёҳии зистмуҳитӣ) дар ҷаҳон, таваҷҷуҳи бештарро кишварҳое ҷалб мекунанд, ки манзараҳои кӯҳӣ доранд. Маҳз ҳамин, сокини Сан-Франсиско Ҷордонро водор кардааст, ки гардиши худро аз "Бузургроҳи Помир" оғоз кунад. Барои ин ба Қирғизистон сафар кард, вале тасмим гирифт то сафарашро давом диҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон 950 ҳазор сайёҳ аз 135 кишвари дунё омадааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 592 ҳазор бештар аст.

"Мо ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Бишкек рафтем ва бидуни навбатпоӣ ва мушкилии хос, раводид ва иҷозатномаи сафар ба ВМКБ-ро дарёфт кардем",- гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин шаҳрванди Амрико.

Бо андак ҷустуҷӯ дар сайтҳои интернетӣ, Ҷордон ронандаи муносиберо аз Бишкек пайдо кард ва ба гурӯҳи сайёҳоне, ки сафари худро аз Помир оғоз мекунанд, пайваст. Ҳарчанд ҷанбаи молиявӣ, ба гуфти Ҷордон барои сафараш бисёр муҳим набуд, вале ин масир барояш хеле арзон афтодааст.

Дар солҳои ахир қисмати шарқии шоҳроҳи Помир, ки аз қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон мегузарад, мавриди рақобати ширкатҳои сайёҳии ин ду кишвар қарор гирифтааст. "Бештари сайёҳон на аз роҳи пойтахт - Душанбе, балки тавассути Оши Қирғизистон меоянд",-эътироф мекунад роҳбалади сайёҳон дар Хоруғ Лалиш Бахталиев.

"Дар Қирғизистон билет хеле арзонтар аз мост ва ҳамчунин онҳо бо як қатор кишварҳои пешрафта реҷаи бидуни раводид доранд. Ҳамчунин дар ин кишвар қимати маводи сӯхт ба ҳадди қобили таваҷҷуҳ аз мо пойинтар аст, мусаллам аст, ки ҳар сайёҳе ба ҳамин масир бартарӣ медиҳад",- афзуд Бахталиев.

Рақобатпазирии заъиф

Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои калидии рушди иқтисод маҳсуб мешавад. Тоҷикистон худро дорои мероси бузурги фарҳангиву таърихӣ ва сарватҳои табиӣ медонад ва сиёсати дарҳои бозро пеш мебарад. Бо ҳамин ҳадаф, ҳукумати Тоҷикистон соли 2018-ро "Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ", эълон кард.

Ноҳияи Мурғоб.
Ноҳияи Мурғоб.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тоҷик, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд, ба таври ошкоро заъфи худ ва бартарии ҳамсояҳоро эътироф мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ширкатҳои сайёҳии Қирғизистон имтиёзҳои густурдае доранд, ки имкон медиҳад дар рақобат пирӯз шаванд.

Бахталиев сабаби асосии аз даст додани ин мавқеъро дар қимати гарони хизматрасониҳо, сифати роҳҳо ва зерсохтҳо медонад. "Қимати миёна барои як километр бо мошинҳои биёбонгард дар мо 65 сент аст, дар ҳоле ки дар Қирғизистон бо мошини навтар барои ин ҳамагӣ 45 сент мегиранд",- мегӯяд ӯ.

"Нархҳо гарон аст"

Аз гарон будани қимати ҳамлу нақл ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ, раиси як ширкати сайёҳӣ дар Хуҷанд, ки нахост номаш ифшо шавад, низ шикоят кард. "Дар ҳоли ҳозир ба далели билети арзон 90 дарсади ширкатҳои сайёҳии Олмон гардишгарони худро ба Тоҷикистон тавассути Бишкек ва ё Ӯш мефиристанд. Парвоз миёни Берлину Душанбе ва Душанбе Берлин танҳо бо роҳи тронзит мумкин аст ва ба ҳисоби миёна ҳудуди 1000 доллар қиммат дорад, ва ҳамин масирро тавассути Бишкек, тақрибан бо 600 доллар мешавад паймуд",-таъкид ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Як корманди ширкати сайёҳии "Мундуз" дар шаҳри Ӯш эътироф мекунад, ки чунин як раванд дар воқеъ вуҷуд дорад ва хориҷиҳо мехоҳанд, ки якбора ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кунанд. "Мо ба Аврупо аз тариқи Истамбул хеле билетҳои арзон дорем, ки онҳо аввал ба Истамбул ва баъдан ба кишвари мо меоянд",- афзуд ӯ. Ба гуфтаи вай, аксари сайёҳон вақте меоянд, аз қабл раводид доранд ва онҳо барояшон танҳо ронандаву нақлиёт пешниҳод мекунанд.

Мақомот чораандешӣ мекунанд

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, аз он чӣ дар соҳа мегузарад, огоҳанд. Ба гуфтаи корманди ин кумита Абдукарим Қурбонов, дар ҳоли ҳозир ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ ҳам имкони ба роҳ андохтани фаъолияти худ дар қаламрави Қирғизистон, аз ҷумла дар вилояти Ӯшро доранд. Ва аз ин имкон хеле хуб истифода мебаранд, ки василаи муассири ба роҳ андохтани ҳамкорӣ мебошад.

Ӯ мегӯяд, ки барои таъмини рақобатпазирӣ, кумитаи онҳо чораҳои зарурӣ андешидааст ва барои онҳо дар бахши андоз сабукӣ пешниҳод мешавад. "Дар ҳоли ҳозир мо талош дорем, ки масирҳои парвозро зиёдтар ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои муҳими гардишгариро бештар кунем. Дар назди ҳукумат шӯрои байниидоравӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар соҳаи сайёҳӣ амал мекунад, ки дар он ҳамаи мушкилоти ҷойдошта бо ҳадафи ҷалби бештари гардишгарон баррасӣ мешавад",-мегӯяд Қурбонов.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат дар соли равон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои то соли 2030-ро коркард намудааст, ки беҳтар кардани хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ, омӯзиши хизматрасонӣ ба муштариён, масъалаҳои марбут ба раводид ва сабти ном, ҳамчунин додани иҷозатнома дар соҳаи сайёҳӣ дар назар гирифтааст. Ин стратегия то 1 млн зиёд кардани сайёҳонро дар соли 2020 пешбинӣ кардааст

Дар шаш моҳи соли равон, тибқи маълумоти расмӣ ба Тоҷикистон 950 ҳазор сайёҳ аз 135 кишвари дунё омадааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 592 ҳазор бештар будааст. Ҳоло дар кишвар 140 ширкати сайёҳӣ фаъол мебошад. Бино ба омори расмии ҷониби Қирғизистон, танҳо дар соли 2017 ба ин кишвар 2,7 млн гардишгар омадааст. 70 дарсади онҳо аз Иссиккӯл 20 дарсад аз Ӯш дидан кардаанд. 10 дарсади боқимонда аз манотиқи дигари ин кишвар боздид намудаанд.

XS
SM
MD
LG