Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Қонуни асосӣ ё Конститутсияи Тоҷикистон, ки аксарият онро санади хубу муҳим мешуморанд, вале мухолифон баъзан аз иҷро нашудани бандҳои он нигаронанд, 26 сол пеш қабул шудааст.

Дар ин муддат чанд дафъа ба он тағйирот ворид карданд. Мақомот гуфтанд, ки ислоҳҳои нав заминаҳои беҳтари ҳуқуқиро барои сокинон фароҳам овардааст, аммо мунтақидон мегӯянд, ҳадафи тағйирот бештар тақвияти қудрати раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.

Конистутсияи Тоҷикистон кишварро ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян кардааст, ки сиёсати он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Қонуни асосӣ ҳамчунин плюрализми сиёсиву идеологиро пешбинӣ намудааст.

Моддаҳои Қонуни асосӣ дахлнопазирии шахс, манзил, маҳрамияти мукотибот ва гуфтугӯҳои телефониро замонат дода, сензура ва таъқиб барои танқидро манъ мекунад ва ҳуқуқи муттаҳид шудан ва мушорикат дар сиёсат ва ҳуқуқи бисёри дигарро таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ин, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Freedom House (Хонаи Озодӣ) ин замонатҳоро таҳти шубҳа қарор додаанд.

Панҷ нуктаи муҳим ва донистаниро дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон дар инҷо бихонед:

  1. Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябри соли 1994, ду сол пас аз эълони истиқлол, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ қабул шуд. Барои қабули Конститутсия раъйпурсии умумӣ баргузор карданд. Ин дар ҳолест, ки 850 000 нафар дар хориҷ аз кишвар паноҳанда буданд. Мухолифон даъвати ҳукуматро барои иштирок дар таҳияи он рад карданд. Қонуни асосии нав мансаби президентро барқарор кард ва назархоҳии қабули он ҳамзамон бо интихоботи президентӣ ҷараён гирифт.
  2. Конститутсияи Тоҷикистон се бор тағйир дода шуд. Дар райъпурсиҳое, ки созмонҳои байналмилалӣ “ношаффоф” номидаанд. Соли 1999 муҳлати президентӣ дар он аз ду давраи 5-солӣ ба як давраи 7-солӣ иваз карда шуд ва ба фаъолияти ҳизби динӣ, манзур ҳизби наҳзати исломӣ, иҷоза дода шуда, порлумон дупалатаӣ гашт. Дар ин тағйирот тарафи дигари сулҳ -- Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин низ ширкат кард.
  3. Соли 2003 як давраи 7-солии президентӣ ба ду давраи 7-солӣ иваз шуд. Бе ин тағйирот Эмомалӣ Раҳмон наметавонист дар интихоботи соли 2006 ширкат кунад. Соли 2020 ду давраи ҳафтсолии ӯ тамом мешуд, вале моҳи майи соли 2016 қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдат-пешвои миллат”-ро қабул карданд. Он ба Эмомалӣ Раҳмон ҳақ медиҳад, ки бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ номзад шавад.
  4. Дар таҳрири сеюм фаъолияти ҳизби динӣ дубора манъ шуд. Ба шахсони 30-сола иҷозаи иштирок дар интихоботи президентӣ ва узвият дар Маҷлиси Миллӣ иҷоза шуд. Писари Эмомалӣ Раҳмон -- Рустами Эмомалӣ дар 33-солагӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ шуд. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020 бори панҷум Эмомалӣ Раҳмон пирӯз эълон шуд. Намояндагони мухолифон интихоботро таҳрим карда, натиҷаҳояшро напазируфтанд.
  5. Бандҳои марбут ба салоҳиятҳои президент ва мақомоти давлатӣ пурра татбиқ мешаванд. Қонуни асосӣ тақсими шохаҳои қудратро кафолат медиҳад, вале Тоҷикистон ба самти таҳкими яккасарварӣ ҳаракат дорад. Танҳо як мисол. Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳақ медиҳад дар гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта ширкат кунанд, вале ин ҳуқуқ татбиқ намегардад. Аз камбуди адолати додгоҳӣ ва маҳдудияти озодиҳои динӣ шикоят мешавад. Бино ба моддаи аввали Конститутсия, “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Манбаъҳо: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гузориши СММ (1995), Human Rights Watch, Freedom House, Office of International Religious Freedom.

Наворро дар инҷо бинед:

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG