Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти конститутсионии Русия чӣ таъсире дар Осиёи Марказӣ хоҳад дошт?


Владимир Путин ҳангоми раъйдиҳӣ дар Маскав.
Владимир Путин ҳангоми раъйдиҳӣ дар Маскав.

Аз 4-уми июл дар Русия Қонуни Асосии ислоҳшудае ҳукми иҷро гирифт, ки ҳамаи давраҳои пешинаи раёсати ҷумҳурии Владимир Путинро сифр мекунад ва ба ӯ иҷоза медиҳад, ки ду бори дигар барои курсии президентӣ мубориза барад.

Раъйдиҳӣ барои иловаҳо ба Қонуни Асосии Русия як ҳафта давом кард ва 1-уми июл ба охир расид. Мувофиқи маълумоти расмии Комиссияи Марказии Интихоботӣ 77,92% дар сади мардум ба тарафдорӣ аз тағйирот раъй додаанд. Фаъолон, рӯзноманигорон ва интихобкунандагон ба қонуншиканиҳои зиёде ҳангоми раъйдиҳӣ, аз ҷумла маҷбур кардан ба раъй додан, то пур кардани қуттиҳо ишора кардаанд. Дар бораи раъйдиҳии такрорӣ ҳам хабарҳо зиёд нашр шуд, вале бо вуҷуди ин ҳама раъйпурсиро баргузоршуда эълон карданд.

Тағйироти асосие, ки ба Қонуни Асосӣ ворид шуд, бартарии ин санад бар қавонини байналмилалӣ, замонатҳои иҷтимоӣ, тавсеъаи нақши Шӯрои давлатӣ, афзудани салоҳияти президент, ихтисори шумораи додрасҳои Додгоҳи қонуни асосӣ ва қоидаҳои нави таъйиди аъзои ҳукуматро дар бар мегирад. Банди пурсарусадо сифрсозии давраҳои раёсатҷумҳурии Владимир Путин буд, ки ба ӯ имкон медиҳад, то соли 2036 раиси ҷумҳур бимонад.

Сарфи назар аз онки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ислоҳот барои тамдиди давраи президентӣ таҷрибаи ошност, бо вуҷуди ин тақвияти худкомагӣ дар Русия қобили таваҷҷуҳ дониста мешавад, зеро нухбагони сиёсӣ дар кишварҳои минтақа, ғолибан ба равандҳое пайравӣ мекунанд, ки Маскав таъйин кардааст. Сиёсатшиносони Осиёи Марказӣ таъсири ин ислоҳотро ба кишварҳои худ гуногун баҳогузорӣ мекунанд, вале тахмин мезананд, ки ин метавонад, монеи равандҳои сиёсии демократӣ шавад.

"Хабари хубе нест"

Профессори сиёсатшиноси Донишгоҳи Амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ Эмил Ҷураев мегӯяд, ки тағйирот мақоми президентии Владимир Путинро дар оянда ҳифз мекунад: “Агар дар мавриди тағйирот ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кунем, бояд гуфт, ки дар замони Путин ин чизҳо душвор мешаванд, ҳадди аққал дар самти демократисозӣ.

Ба гуфтаи вай, тағйирот ба Конститутсияи Русия, ки қонунҳои миллиро бар ӯҳдадориҳои байналмилалӣ авлавият медиҳад, барои кишварҳои минтақа намуна мешавад, ки дар сурати иҷрои ягон ӯҳдадории байналмилалӣ, аз ин тағйирот истифода баранд. Зимнан, ҳамаи панҷ кишвари минтақа пайваста барои беэътиноӣ ба уҳдадориҳои байналмилалияшон, хусусан барои нақзи ҳуқуқи инсон, танқид мешаванд. Ин гуна интиқодҳоро, маъмулан ҳукуматҳои минтақа ё ба эътибор намегиранд, ё рад мекунанд.

Вале на ҳама коршиносон бо ин гуфта мувофиқанд, ки кишварҳои минтақа мисли Русия метавонанд, ба худ иҷоза бидиҳад, ки авлавиятро ба суйи қонунҳои миллӣ тағйир бидиҳанд. “Шояд дар мо ин гуна маврид пеш биояд, вале ман шубҳа дорам, ки ин ба тағйирот дар қонунгузории кишварҳои мо сабаб шавад. Мо дар ин самт бисёр ҷиддӣ аз сармоягузориҳои байналмилалӣ, ҳузури тиҷорати байналмилалӣ вобастаем ва ин гуна тағйирот метавонад, ба фазои сармоягузорӣ таъсири ҷиддӣ бирасонад. Аз ин рӯ, дар кишварҳои мо талошҳои роҳандозии ин гуна идеяҳо шояд дар сатҳҳои поёнӣ зуҳур кунанд, вале на дар сатҳҳое, ки дар ҳақиқат тасмим мегиранд” - мегӯяд Рустам Бурнашев, профессори Донишгоҳи Қазоқистону Олмон.

Ӯ афзуд, тақрибан 30 сол аст, ки кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза мустақилона пеш мераванд ва амалкардҳои худро бо неруҳои берунӣ мувофиқа намекунанд, хусусан дар масоили сиёсати дохилӣ.

Як даҳсола ақиб аз шарикон?

Дар воқеъ, Маскав таҷрибаи сифрсозии давраи президентиро баъди даҳ соли шариконаш дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мекунад. Ҳанӯз дар соли 1998 ин корро раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Аскар Акаев карда буд. Баъдан дар соли 2000 ҳамин гуна раъйпурсиро Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон, соли 2003 Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ва соли 2007 Ислом Каримов дар Узбакистон баргузор карданд. Дасткории Қонуни асосӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба президентҳо ҳуқуқи якумраи рақобат кардан барои мақоми президентро дод.

Дар баробари ин, тақрибан дар ҳамаи кишварҳои минтақа раванди нусхабардорӣ аз ташаббусҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ ба назар мерасад. Муҳаққиқи амрикоӣ, Эдвард Лемон дар соли 2019 натиҷаҳои як таҳқиқро нашр кард, ки нишон додааст, 79% қонунҳои Қирғизистон, 56% қонунҳои Тоҷикистон дар мавриди терроризм ва ифротгароӣ аз қонунҳои русӣ рӯбардор шудаанд. Дар Қазоқистон ин нишондиҳанда 4% ва дар Узбекистон 5%-ро ташкил додааст.

Сиёсатшиноси мустақили Узбекистон Фарҳод Толибов мегӯяд, дар давраи ташаккули истиқлол нухбагони сиёсӣ дар кишварҳои минтақа бар ин буданд, ки Русия таҷрибаи ғании қонунофарӣ дорад. Ба пайравӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сифрсозии давраи президентиро коршинос “парадокс”-е ном мебарад, ки таҳаввулоти демократии дар Русия рухдодараро беэътибор кард.

Ӯ гуфт: “Фикр намекунам, ки ин раванд ба сифати намуна барои кишварҳои мо қарор бигирад. Барои мо аллакай лозим аст, ки вобаста ба шароит ва пешрафтҳои худ қонунҳои мустақил офарем, ниҳодҳои худро ташкил диҳем ва ба самти демкоратия раҳнамун шавем, тавре ин ҳама дар қонунҳои асосии мо навишта шудааст.”

Коршинос мегӯяд, агар Русия мехоҳад, дар даври худ кишварҳоро муттаҳид кунад, пас бояд кишвари ҷаззобтаре шавад ва ба ин танҳо аз роҳи ислоҳоти демократӣ метавон расид.

"Бозиҳои пешина ва бе тағйири зиёд"

Шореҳи сиёсӣ аз Душанбе Марат Мамадшоев мегӯяд, ки агар Русия аз манобеи зиёде бархурдор мебуд ва аз онҳо пуштибонӣ мекард, таҳаввулоти авторитарӣ дар Русия метавонист, дасти яккасолорҳои Осиёи марказиро бозтар кунад. “Мо метавонем бигӯем, ки дар Русия равандҳои зидди демкоратӣ шиддат гирифтанд ва ғайра, вале аз он ҷо нақши худи Русия дар минтақа бар асари надоштани зарфиятҳои лозим коҳиш ёфта истодааст, таъсиргузории он ба эҳтимол мисли пештара нахоҳад буд. Кишварҳо вазъи мавҷудро ҳифз мекунанд ва миёни Маскаву Пекину Вошингтону Брюссел бозӣ мекунанд” - хулоса мекунад ҳамсуҳбати мо.

Русия бо ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шарикии стратегӣ дорад. Ҳамчунин ҳамаи кишварҳои минтақа ба ҳар шевае бо Маскав вориди иттиҳод мебошанд. Қазоқистону Қирғизистон шомили Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ҳамаи панҷ кишвар дар сатҳҳои гуногун шомили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Қазоқистону Қирғизистону Тоҷикистон узви Созмони Паймони Ҳамкориҳои Дастаҷамъӣ мебошанд ва ба ҷуз аз Туркманистон аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ ҳастанд.

Русия ҳамчунин 7 таъсисоти азими низомӣ дар Қазоқистон; пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар “Кант”-и Қирғизистон, Пойгоҳи низомии 201 ва муҷтамеи кайҳонии “Окно” дар Тоҷикистонро дорад.

XS
SM
MD
LG