Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Шариф: "Бо кӯмаки Худо даррандаро дастгир кардем"


Зайнаб Ансориро аввали моҳи январ бераҳмона куштанд.
Зайнаб Ансориро аввали моҳи январ бераҳмона куштанд.

Амин Ансорӣ, падари Зайнаб Ансорӣ духтараки 7-солаи покистонӣ мехоҳад, қотили духтарашро дар пеши чашми мардум дар Покистон ба дор овезанд.

Ӯ рӯзи 23-уми январ дар шаҳри Лоҳур баъди гуфтӯгу бо афсарони пулис сӯҳбат кард. “Имрӯз дар ҷараёни нишасти кумита ман талаб кардам, ки муттаҳамро дар мазҳари ом ба дор овезанд“ – гуфт, ӯ.

Мақомоти пулиси Покистон дар ҳузури падари Зайнаб гуфтанд, ки муттаҳам ба қатли Зайнабро дастгир карданд. Аз ӯ Имрон Алӣ ном бурданд, ки 24 сол доштааст ва ба гуфтаи пулис чанд кӯдакро таҷовуз карда куштааст.

Шаҳбоз Шариф ҳамроҳ бо Амин Ансорӣ, падари Зайнаб
Шаҳбоз Шариф ҳамроҳ бо Амин Ансорӣ, падари Зайнаб

Шаҳбоз Шариф, сардори пулиси Панҷоб дар ин бора дар шаҳри Лоҳур эълон дод ва гуфт: “Мо ин даррандаро баъди таҳқиқи ДНКа-и 1150 нафар пайдо кардем. ДНК-и у ба осоре,ки аз ҷойи ҷиноят ёфтем, 100 дар сад мувофиқат кард. Ӯро бо истифода аз дурӯғсанҷ бозпурсӣ кардем, ки рост мегӯяд, ё дурӯғ.

Қатли бераҳмонаи Зайнаб дар рӯзи 4-уми январ мардуми Покистон ва бахусус мардуми вилояти Панҷобро ба хашм овард ва сабаби тазоҳуроти хушунатомез шуд. Мардум мегуфтанд, ки пулис барои пайдо кардани ҷинояткор кӯшиш намекунад ва мошинҳоро оташ заданду, чандин ҷоро вайрон карданд.

Шаҳбоз Шариф гуфт, ки агар ҳаққи ӯ мебуд, талаби падари Зайнабро иҷро мекард ва шоҳиди ба дор овехтани қотил мешуд, вале қонун дар Покистон чунин ҷазо муқаррар накардааст.

Шаҳбоз Шариф: Бо кӯмаки Худо даррандаро дастгир кардем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

“Марҳилаи аввали тафтишот такмил шуд, марҳилаи дуввум ҷазо додани ин дарранда аст. Ман дарди Ҳоҷӣ Соҳибро (падари Зайнаб) мефаҳмам. Агар ман будам, мехостам, ин даррандаро дар бозор дар пеши мардум ба дор овезанд. Вале ман мутеи қонун ҳастам ва қонун ҷазоро муқаррар мекунад. “

Мисли Зайнаб дар 2 соли ахир дар шаҳри Панҷоб 12 кӯдакро таҷовуз карда, куштаанд. Муфаттишон мегуфтанд, ки дар бадани аксари қурбониён захмҳои шабеҳ буд. Осори нафасгир кардан, сӯхтагӣ ва захми теғ. Ҷасади Зайнаб Ансориро рӯзи 9-уми январ ва баъд аз гум шуданаш, дар як партобгоҳ дар ноҳияи Касур ва бо чунин осор пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG