Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз ва куштори духтари 8-сола покистониҳоро ба шӯр овард


Акс аз бойгонӣ аст
Акс аз бойгонӣ аст

Тазоҳургарони покистонӣ, ки аз таҷовуз ва куштори духтараки 8-сола ба хашм омада буданд, ба идораи пулис ва як муассисаи давлатӣ ҳамла карданд. Дар натиҷа ду нафар кушта шуд.

Мақоми аршади пулис Имрон Хон рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлаи мардум ба идораи пулис дар ноҳияи Касури Вилояти Пунҷоб сурат гирифт.

Як мақомдори дигар ба суоле, ки оё ҳалокати ду нафар аз тири пулис буд ё амали дигар, посух надод.

Хушунат чанд соат пеш аз маросими ҷанозаи духтари 8-сола Зайнаб Ансорӣ сурат гирифт, ки ҷасадашро рӯзи 9 январ аз қуттии ахлот пайдо карданд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки духтарак рӯзи 4 январ, баъди иштирок дар дарси Қуръон нопадид шуд. Падару модари ин духтар ҳангоми ин ҳодиса барои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.

Пайдо шудани як навор дар интернет, ки дар он марде ин духтаракро ба самти номаълум мебурд, хашми одамонро бештар кард.


https://twitter.com/DunyaNews/status/950987046058897409
https://twitter.com/abuadamkk/status/950985093354590208

Навоз Хон гуфт, ки як нафар бо гумони куштори ин духтарак боздошт шуд. Ба гуфтаи ӯ, 57 боздоштшудаи дигар бинобар номувофиқ будани ДНК озод шуданд.

Додгоҳи Олии Лоҳур рӯзи 10 январ ба таҳқиқи қазияи Зайнаб Ансорӣ дастур дод.

XS
SM
MD
LG