Вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи шанбе бо нашри як баёния гуфт, ин 7 зиндонӣ ба шумули, Мансур Додуллоҳ, Саидвалӣ, Абдулманон, Каримоғо, Шерафзал, Гулмуҳаммад ва Муҳаммадзай буда ва ҷудо аз 26 зиндонианд, ки Покистон соли гузашта низ бо тақозои ҳукумати Афғонистон раҳо карда буд.
Бино ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, он замон мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ки теъдоде аз зиндониёни раҳошуда ба ҷойи кумак ба раванди сулҳ, дигарбора ба сафи Толибон пайвастаанд. Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон дар як баёнияи боэҳтиётона аз раҳоии Толибон аз зиндонҳои Покистон истиқбол кард.
Исмоил Қосимёр, раиси бахши равобити хориҷии ин шӯро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки зиндониёни раҳошуда дар феҳрасти пешниҳодии Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон буданд, ё на. Ӯ афзуд: “Мо бояд бигӯем, ки истиқбол мекунем аз ҳамон иддае, ки мавриди тақозои Шӯрои Олии Сулҳ ва ҳукумати Афғонистон буданд. Мо умед ҳам дорем, ки ингуна шахсиятҳо пас аз раҳоӣ ба ҳамкорон ва сафирони сулҳ мубаддал мешаванд. Ва дар тақвияти тарҳи сулҳ ва оштии миллӣ инҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард, лиҳозо мо инро як гоми муфиду муассир метавонем талаққӣ бикунем.“
Бино ба гузоришҳо, дар феҳрасти нашркардаи вазорати умури хориҷии Покистон, номи Мулло Абдулғанӣ Бародар, шахси дуввум дар раҳбарии Толибон нест, ҳарчанд ҳукумати Афғонистон борҳо хостааст, ки ӯро раҳо кунанд.
Исмоил Қосимёр, раиси бахши равобити байналмилалии Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, умедвор аст, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар - аз дастёрони наздики Мулло Умар, раҳбари Толибонро ҳам озод кунанд: “Мо умедвор ҳастем, ки дар раъс Мулло Абдулғанӣ Бародар раҳо шавад, тавре ки ҳукумати Афғонистон ва Шӯрои Олии Сулҳ раҳоии ӯро борҳо аз мақомоти покистонӣ талаб кардаанд. “
Раҳбарони Толибон ва шӯрои тасмимгирандаи ин гурӯҳ асосан дар Покистон паноҳ мебаранд ва ба эътиқоди ҳукумати Афғонистон, Покистон метавонад, бо истифода аз нуфузаш дар байни Толибон заминаро барои музокироти сулҳи ин гурӯҳ бо ҳукумати Афғонистон фароҳам кунад.
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон зимни сафараш ба Исломобод дар ҳафтаи гузашта аз Навоз Шариф, нахуствазири Покистон хост, Толибонро ба музокироти сулҳ бо ҳукумат моил кунад. Исмоил Қосимёр аз Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон дар робита ба раҳоии толибҳои зиндонӣ аз Покистон гуфт, шӯро хоҳони он аст, ки ҳукумати Покистон қабл аз раҳоии зиндониён, номи онҳоро ба мақомоти Афғонистон бидиҳад. Ба гуфтаи ӯ, баъди ин мақомоти Афғонистон метавонанд, феҳрастро баррасӣ кунанд ва имкони дигарбора пайвастани зиндониён ба сафи Толибонро коҳиш дода ва онҳоро ба ҳамкорӣ барои хотима додан ба муноқиша ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон ҷалб кунанд.

Миллион сарбозу Калашников ва дигар танку туб дошта боши дар хозир ягон кумак карда наметнад!ин тачхизот хо хамаш асри 19-20...хозир бояд ракета 4-5поколени самалиёт ва дигар тачхизот хои хавои зарур ва бошад вагарна ин автомату дигар тачхизот Кати хечи карда наметони ...
Эффект хаст, например, хар руз маълиму духтур бо пора ба маблаги 100 ё 200 сомони ба даст меафтанд ку
Худо куват дихад пирузи навбати таманно дорем!!!
Мухтарам корбарони РО, хохишмандем аз натичаи ин гузоришатон хабар медодед. Сохибкорони бозор мунтазири натича хастанд, ин казия халли худро ёфт ё ин ки касе гурбаи ин раисро ''пишт'' гуфта наметавонад???
Ҳақ омад ботил азбай меравад ҳаройина ботил раванда аст