Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Покистон дар пайи хушунатҳои хунин оғоз шуд


Интихоботи парлумонии Покистон бомдоди рӯзи шанбе дар ҳоле оғоз шуд, ки шаби гузашта як номзад дар шаҳри Карочӣ аз сӯи афроди номаълум кушта шуд.

Қатли Шакил Аҳмад, номзади 40-сола аз шаҳри Карочӣ идомаи силсилаи хушунатҳои марбут ба интихобот аст, ки то кунун ҷони беш аз 110 танро гирифтааст. Бо вуҷуди ҳама хушунатҳо, давлати Покистон ба ваъдаи худ амал ва интихоботро баргузор кард.

Рӯзномаи «Dawn», чопи Исломобод, интихоботи имрӯзро «ҳассостарин интихобот»-и Покистон номид, ки беш аз 75 ҳазор аз нерӯҳои артиш амнияти онро назорат доранд. Дар маҷмуъ беш аз 400 ҳазор нафар аз нерӯҳои амниятии Покистон масъули ҳифозат аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ҳастанд. Толибони Покистон рӯзи гузашта ба шаҳрвандони он кишвар ҳушдор доданд, ки «агар намехоҳанд кушта шаванд, беҳтар аст дар раъйдиҳӣ ширкат накунанд.»

Ин нахустин бор дар таърихи 66-солаи ин кишвар аст, ки давраи як ҳукумати ғайри низомӣ ба таври комил ба поён мерасад ва қудрат ба шакли маданӣ ба давлати баъдӣ вогузор мешавад. Дар маҷмӯъ беш аз 75 миллион нафар барои раъй додан номнависӣ карданд то намояндагони худро барои 268 курсии парлумони он кишвар баргузинанд. Бинобар хушунатҳои бесобиқаи интихоботӣ ва ҳамлаҳои Толибон, интихобот дар чанд ҳавза ба замони дигар гузошта шудааст.

Интихоботи Покистон: Қадам ба фардо ё бозгашт ба дирӯз?

Се ҳизби аслии рақиб дар ин интихобот Ҳизби мардумии Покистон, ки раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ узви он аст, Ҳизби Робитаи Мусалмонон бо раҳбарии нахуствазири пешин Навоз Шариф ва Таҳрики Инсоф (Ҷунбиши адолат) ба раҳбарии Имронхон, ба шумор мераванд.

Рӯзномаҳои покистонӣ менависанд, беҳбуди вазъияти иқтисодӣ, мубориза бо фасод аз ҷумлаи муҳимтарин мавзуоте буданд, ки номзадҳои интихоботи имрӯз, дар таблиғоти ҳафтаҳои гузаштаи худ ба он пардохтанд.

Wall Street Journal ба нақл аз дипломатҳо мегӯяд, натиҷаи интихобот метавонад ба ояндаи равобити ин кишвари атомӣ ва Амрико дар мавриди мавзуи ҳассоси мубориза бо гуруҳҳои мусаллаҳ дар Покистон, таъсири муҳиме бигузорад. Артиши Амрико борҳо нуқотеро дар дохили хоки Покистон ҳадаф қарор дода ва ин ҳамлаҳо бо вокунишҳои мақомҳои он кишвар ва аҳзоби мухолифи давлат рӯбарӯ шудааст.

Покистон ҷумҳурии исломии федералӣ ва дорои Сенат ва Маҷлиси Намояндагон аст. Аз панҷ вилоят, Исломобод ба унвони пойтахт, як минтақаи худмухтори Ҷому ва Кашмир ташкил мешавад. Президент раёсати давлат ва фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро ба ӯҳда дорад ва нахуствазир низ маъмулан раҳбари бузургтарин ҳизби пирӯз дар интихоботи Маҷлиси Намояндагони он кишвар аст.

Интихоботи таърихӣ дар Покистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00
XS
SM
MD
LG