Дар арафаи раъйдиҳӣ писари сарвазири пешини ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ аз тарафи мусаллаҳон рабуда шуд ва ҳам яке аз ширкаткунандагони номвари корзори интихоботӣ, ситораи варзиши Покистон Имрон Хон баъд аз афтодан аз баландии минбар дар раҳпаймоии мухилсонаш захмӣ гашт. Ҳафтае пеш аз авҷи маърака президенти пешини кишвар, генерал Парвиз Мушарраф, ки барои ширкат дар интихобот аз Дубай ба ватанаш баргашта буд, ба ҳабси хонагӣ маҳкум гашт.
Дар ҳамин шароит рӯзи шанбе қарор аст, зиёда аз 86 миллион интихобкунанда дар Покистон аъзои порлумонеро, ки аз 342 узв иборат аст, муайян кунад. 60 курсӣ дар ин порлумон барои занон, 10 курсӣ барои ғайримусулмонҳо ва 2 курсӣ барои муҳоҷирони меҳнатии Покистон ҷудо шудааст. 600 ҳазор корманди полис ва сарбозу афсарони артиш қарор аст, амнияти раъйдиҳиро таъмин намоянд.
Дувоздаҳ ҳизбу эътилофи асосии сиёсӣ дар ин сабқат ширкат доранд ва аввалин бор дар таърихи Покистон як ҳукумати интихобӣ то поёни давраи кораш дар сари қудрат боқӣ монда, ин қудратро аз тариқи интихобот ба ҳукумати нав хоҳад дод. Биноан ин раъйдиҳиро таҳлилгарон “имтиҳони ҳақиқии демократия дар Покистон” номидаанд.
Интихоботи ин кишвар дар ҳоле ҷараён мегирад, ки равобити Покистон бо ҳамсояаш Афғонистон ва ҳамчунин ҳампаймони собиқаш Иёлоти Муттаҳида ба сардӣ гароида, толибони покистонӣ ба мушкили азими давлат табдил ёфтаанд. Интихоботи Покистонро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бо диққати тамом думбол мекунанд ва ҳадс мезананд, ки ояндаи авзоъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 аз бисёр ҷиҳат ба Покистон бастагӣ хоҳад дошт. Инчунин бисёре аз барномаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни Осиёи Марказӣ ва Покистону Афғонистону Ҳинд то поёни интихобот дар Покистон ба таъхир афтодаанд.
Охири моҳи гузашта муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов гуфт, ба ин сабаб намояндагони Покистон дар баррасии тарҳи энержии «CАSA-1000» ширкат надоранд. Зоҳиран, ин тарҳ ва барномаҳои дигари марбут ба “Роҳи Нави Абрешим”, ки қарор аст аз як сӯ ба рушди суботу амният дар Афғонистон ва аз сӯи дигар ба пешрафти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба бархӯрди ҳукумати нави Покистон бастагӣ хоҳанд дошт.
Раиси дафтари маҷаллаи амрикоии “Нюсуик” дар Исломобод, Самеъ Юсуфзай мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи Покистон, он нерӯҳои сиёсӣ пирӯз хоҳанд шуд, ки худро мухолифи барномаҳои Амрико медонанд. Аммо, меафзояд ӯ, агар Навоз Шариф дигарбора ба қудрат расад, ба эҳтимоли зиёд ин тарҳҳоро барои ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвари худ пуштибонӣ кунад: “Навоз Шариф дар ду давраи кораш ба сохтани шабакаи роҳҳое аз Читрол то Карочӣ пардохта буд ва чанд рӯз пеш дар телевизион гуфт, бунёди роҳ ба Осиёи Миёна чизест, ки ба рушди тиҷорат миёни ду бахши Осиё мусоадат хоҳад кард.”
Аммо таҳлилгарони дигар бо ишора ба давраҳои қаблии сарвазирии Навоз Шариф аз соли 1990 то 1993 ва аз 1997 то 1999 мегӯянд, вай ба рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рағбат нишон надодааст. Дар тафовут бо ӯ Парвиз Мушарраф, ки дар моҳи октябри соли 1999 дар як табаддулоти бехун ҳокимиятро ба даст гирифт ва сарвазирони баъдии Покистон борҳо ба густариши ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ талош кардаанд. Ва ҳамчунин Навоз Шариф дар маъракаи пешазинтихоботӣ гуфтааст, ки артиши Покистонро зери даст хоҳад гирифт ва робитаи онро бо толибону гурӯҳҳои тундрав хоҳад бурид, то ба вазъи амниятии минтақа таъсир расонад. Вале нагуфтааст, ки дар ин роҳ ба рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо бартарӣ хоҳад дод.