Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Покистон қазияи духтараки боздоштшударо зери назари худ гирифт


Кӯдакони мусалмон дар атрофи манзили бастаи Римша равуо мекунанд
Кӯдакони мусалмон дар атрофи манзили бастаи Римша равуо мекунанд

Духтари ноболиғи маризи Даун дар оташ задани саҳифаҳои Қуръон муттаҳам мешавад.

Раиси ҷумҳурии Покистон аз мақомот талаб кард, ки боздошти духтараки масеҳиро бо иттиҳоми тавҳин ба худо, ки маризии Синдроми Даун дорад, шарҳ диҳанд. Ин духтараки 11 ё 12-сола гӯё чанд саҳифа коғазеро оташ задааст, ки дар он навиштаҷоти Қуръон дарҷ шуда будааст. Полис мегӯяд, ки рӯзи панҷшанбе духтараке бо исми Римша дар як маҳаллаи масеҳиёни нодор боздошт шуд ва бояд 14 рӯз дар ҳабс нигаҳдорӣ шавад. Издиҳоми мусалмонон бо талаби муҷозот шудани ин духтарак раҳпаймоӣ карданд. Дар хабарҳои расмӣ омадааст, ки президент Осифалии Зардорӣ “ҷиддияти мавзӯъро” ба эътибор гирифта, аз вазорати умури дохила талаб кард, ки ба ӯ гузориш диҳад.

Тибқи баъзе хабарҳо, гӯё ин духтарак пораҳои коғазро аз дохили партовҳо ҷамъоварӣ карда, барои таҳияи ғизо хостааст оташ афрӯзад, аммо касе ба манзили онҳо ворид шуда шоҳиди ин ҳодиса шудааст. Ба иттиҳоми шоҳидони эҳтимолӣ, гӯё ин духтарак матни Қуръонро ба оташ андохта будааст. Рӯзи душанбе манзили хонаводаи Римша аз берун баста буд ва тибқи гузориши хабаргузории Франс Пресс, дар дохили ин хона касе ба назар намерасид. Ҳамсояҳо ҳам нахостаанд дар ин замина изҳори назар кунанд ва гуфтаанд, ки худи онҳо ин ҳодисаро шоҳид нашудаанд.

Тоҳир Навид Чодурӣ, як мақоми баландпояи эътилофи аққалиятҳои Покистон ба Франс-Пресс гуфтааст, масеҳиёне, ки баъди ин ҳодиса манзилҳои худро дар маҳаллаи Меҳробод тарк карда буданд, тадриҷан ба маҳалли сукунати худ бармегарданд. Вай гуфт, ки ин духтарак дучори маризии мавсум ба Синдроми Даун буда, синнаш ҳатто ба давраи ноболиғӣ ҳам нарасидааст.

Боздошти духтаракро як созмони мудофеи ҳуқуқи занон бо номи Форуми занон маҳкум кардааст. Сухангӯи ин созмон Тоҳира Абдулло раҳоии билофосилаи духтаракро талаб карда нафаронеро, ки духтаракро ҳабс кардаанд, дар “ноодамӣ” муттаҳам кардааст.

Соли 2011 куштори як сиёсатмадор ва як вазири насронии ҳукумати Покистонро марбут ба мухолифати ӯ бо қабули қонуни бисёр шадиди зиддитавҳин ба муқаддасоти динӣ марбут донистанд. Баҳонаи он ҳодисаи ба марг маҳкум шудани як хонуми масеҳие дар соли 2010 буд, ки гӯё ба дини Ислом тавҳин кардааст. Ин зан то ҳол дар зиндон ба сар мебарад.

Ин ҳодисаҳо мушкилоти марбут ба адами таҳаммули мазҳабӣ дар ҷомеаи Покистонро дубора аланӣ кард. Коршинсон мегӯянд, ки дар ин ҷомеае, ки аксарияташро мусалмонони суннимазҳаб ташкил медиҳанд, намояндагони аққалиятҳои динӣ гоҳо зери фишор ва таҳдид қарор мегиранд.


Моҳи гузашта издиҳоми сокинони як деҳа ба марди девонае ҳамла карда, ӯро то мурданаш лату кӯб карданд. Гуноҳи ин марди сокини вилояти Пунҷоб ин будааст, ки гӯё саҳифаҳои Қуръонро оташ задааст.

Қонунҳои Покистон барои тавҳин ва таҳқири Ислом ҳукми маргро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG