Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон беш аз 20 нафар қурбони ҳамлаи Толибон шуданд


Маросими дафни қурбониёни таркиши Равалпиндӣ 22 ноябр баргузор шуд

Дар натиҷаи таркиши як маргталаби бомбгузор дар наздикиҳои Исломобод 23 нафар кушта ва 62 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳодиса шоми чоршанбе дар ҷараёни маросими шиаён дар шаҳри Равалпиндӣ, ки маҳалли гарнизони низомӣ мебошад, рух дод. Толибон, ки дафъатан масъулияти ин ҳодисаро ба гардан гирифтанд, инчунин гуфтанд, ки ду таркиби бомба дар шаҳри дигар Карочӣ низ кори дасти онҳост. Сухангӯи Толибон Аҳсанулло Аҳсан гуфт, ки ин ҷумбиши бунёдгарои сунниҳо бо шиаён “дар ҳолати ҷанги ақидатӣ” қарор дорад.


Пайравони мазҳаби шиа ҳоло моҳи мубораки Муҳаррамро таҷлил мекунанд, ки дар ин моҳ дар ҷангҳои дашти Карбало набераи пайғамбар Муҳаммад ва хешу наздикони дигари ӯ кушта шудаанд. Полис гуфт, ки бомбгузори Равалпиндӣ тахминан 18 сол дошта мехост ба дохилтари издиҳоми мардум, ки дар ҷашни моҳи Муҳаррам ширкат мекарданд, ворид шавад. Вале камарбанди ӯ дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ, дар ҳоле ба кор андохта шуд, ки ихтиёриён нагузоштанд, ки вай ба дохили маърака ворид шавад.

Як мақоми полиси Равалпиндӣ Муҳаммад Эҳсон дар сӯҳбат бо бахши покистонии радиои Озодӣ хабари кушта шудани нафарони зиёдро тасдиқ кард. Вай гуфт, ки тибқи гузоришҳои полис, “23 нафар кушта шуданд. Ин таркиш дар наздикии ибодатгоҳи Қасри Шаббир рух дод”.

Аз ин пеш рӯзи чоршанбе бо фосилаи чанд дақиқа пушти ҳам ду таркиши дигар дар беруни як масҷиди шиаён шаҳри Карочиро такон дод. Полис гуфт, ки дасти кам се нафар кушта шуда, чанд нафар ҷароҳат бардоштанд.


Рӯзи шанбе интизор меравад, ки ҳудудан 50 ҳазор пайравони мазҳаби шиа аз хиёбонҳои шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон раҳпаймоӣ карда ҷашни Ошӯроро таҷлил кунанд. Ҳазорҳо ходимони амниятӣ қарор аст барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна ҳамлаву ҳодисаи номатлуб сафарбар шаванд.


Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG