Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International: 7 ҳазор корманди тиб дар ҷаҳон аз COVID-19 ҷон бохтаанд


Акс аз бойгонӣ

Созмони Amnesty International (Афви Байнулмилал) гуфт, дар саросари ҷаҳон дастикам 7 ҳазор корманди соҳаи тиб бар асари коронавируси нав ҷон бохтаанд. Онҳо дар ҷабҳаи пеши мубориза бо бемории ҳамагир қарор доштанд.

Стив Кокбёрн, масъули таҳқиқи мушкилоти марбут ба адолати иқтисодиву ҳуқуқӣ дар созмони Amnesty International дар Лондон, гуфт, “ҳар корманди тиб ҳақ дорад, дар шароити амн кор кунад ва ин як моҷаро аст, ки бисёриҳо баҳои баланд пардохт мекунанд”.

Ӯ гуфт, дар давоми пандемия то ҳанӯз бисёре аз кормандони тиб ҷон медиҳанд ва ин ҳолат бахусус “дар кишварҳое ба мисли Мексика, Бразилия ва Амрико ваҳшатнок аст.”

Айни замон, паҳншавии босуръати беморӣ дар Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд нишон медиҳад, ки бояд дар ҳама кишварҳо иқдоме рӯйи даст гирифта шавад. Мексика бо 1320 ҳолати марги кормандони тиб дар ин феҳраст дар ҷойи аввал аст. Дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ беш 97 ҳазор мавриди мубталошавӣ ба коронавирус дар миёни кормандони тиб тасдиқ шудааст.

Дар Иёлоти Муттаҳида 1077, дар Бритониё 649 ва дар Русия 631 мавриди марги кормандони тиб бар асари COVID-19 тасдиқ шудааст.

Харитаи оморе, ки Amnesty International дар саҳифаи худ нашр кардааст нишон медиҳад, дар Тоҷикистон ду мавриди марги кормандони тиб бар асари вируси нав сабт шудааст. Ин омор то 12-уми августи имсолро дар бар гирифта, ғайрирасмист ва бар пояи иттилои Анҷумани кормандони тибби Русия таҳия шудааст.

Омори беморон ва ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон мавриди баҳс аст, чун бисёриҳо ба дурустии иттилои расмӣ шубҳа доранд ва ҳама гуна омор ва шарҳ дар бораи онро ношаффоф мепиндоранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Фейсбук, то имрӯз манбаи аслии нашри хабарҳо дар бораи беморӣ ва фавти сокинон аз коронавирус боқӣ мемонанд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода моҳи июли имсол бо изҳороти баҳсбарангезаш дар бораи ин ки “фавти табибон дар раванди табобат сабт нашудаст” бисёриҳоро нороҳат кард.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки мақомоти беҳдошти вилояти Хатлон ва Суғд дар бораи тасдиқи марги тақрибан 30 пизишк бар асари COVID-19 ва илтиҳоби шуш, бемории монанд ба коронавируси нав хабар доданд. Миралӣ Раҷабов, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфта буд, зиёда аз 300 корманди соҳаи тандурустии вилоят гирифтори илтиҳоби шуш шуда, 26 нафари онҳо фавтидаанд.

Пештар дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ гуфт, аз охири моҳи апрел то 10-уми июн 1701 корманди соҳаи тибби Тоҷикистон (619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат) ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Сабаби асосӣ "камбуди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ, ба вижа дар рӯзҳои аввали паҳншавии беморӣ" гуфта шуд. ​

То 3-юми сентябр шумори умумии гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 8690 нафар расида, 69 нафар ҳам аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. 7482 нафар шифо ёфтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG