Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкони тоҷик. "Фариштаҳои наҷот" ва "пешмаргҳои мубориза" бо COVID-19


Табибон дар Бохтар ҳангоми гусели бемороне, ки шифо ёфтаанд. Акс аз хадамоти матбуотии ҳукумати Хатлон
Табибон дар Бохтар ҳангоми гусели бемороне, ки шифо ёфтаанд. Акс аз хадамоти матбуотии ҳукумати Хатлон

Ҳар сол 18-уми август дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи пизишкон ва кормандони дигари соҳаи тиб таҷлил мешавад. Имсол ин ид дар ҳоле фаро расид, ки аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон тақрибан чаҳор моҳ мегузарад ва дар ин марҳила пизишкон дар сафи пеши мубориза бо бемории ҳамагир ҳастанд.

Аз онҳое, ки замоне дар ҷомеаи Тоҷикистон "мутахассисони бепарво" ва "оне, ки бе пул ҳеч кор намекунад" ном бурда мешуд, ҳоло ба унвони "фариштаҳои наҷот", "азхудгузаштаҳо" ва "пешмаргҳои мубориза бо COVID-19" ситоиш мешавад. Дар ин муддат чанде аз пизишкон низ ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори пурраи пизишконеро, ки дар замони пандемия ҷони худро аз даст доданд, нашр накардааст. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии моҳи июл гуфт, "фавти табибон дар раванди табобат сабт нашуд".

Бо ин ҳол, раёсати тандурустии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки зиёда аз 300 корманди соҳаи тандурустии вилоят гирифтори “илтиҳоби шуш” шуданд ва 26 нафари онҳо фавтиданд. Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, марги 3 табиби минтақа аз бемории COVID-19 расман сабт шудааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар оғози моҳи июн бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ гуфта буд, аз замони паҳншавии бемории ҳамагир то он дам беш аз 1700 корманди тиббии Тоҷикистон (619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат) ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Сабаби асосӣ "камбуди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ, ба вижа дар рӯзҳои аввали паҳншавии беморӣ" гуфта шуд.

Гузориши зерро, ки дар авҷи пандемия ва нигарониҳо аз фавти пайиҳами пизишкон дар Тоҷикистон таҳия шудааст, бознашр мекунем. Чеҳранигорӣ аз чаҳор табибе, ки дар мубориза бо COVID-19 ҷон бохтанд.

Ватаншоҳ Раҷабов

Ӯ дар марказии "Ёрии таъҷилӣ" дар Душанбе кор мекард ва барои расондани кумаки аввал ба беморон мешитофт. Аз охири моҳи март муроҷиати беморон ба пизишкон зиёд шудааст. Ба нақли ҳамкоронаш, Ватаншоҳ Раҷабов гоҳе рӯ ба рӯ ба онҳо машварату дору медод ва гоҳе телефонӣ ба суолҳояшон посух мегуфт, аммо худаш рӯзи 7-уми май дар шифохонаи "Истиқлол" зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ даргузашт.

Тавре ҳамсар ва ҳамкасбаш Гулсифат Ҷабборова мегӯяд, "пеш аз он ки ба бемористон барем, дар шароити хона табобат гирифт. Беҳтар шуд, вале якбора нафастангӣ азият дод. Ба "Истиқлол" бурдем..."

Ватаншоҳ Раҷабов
Ватаншоҳ Раҷабов

Ҳамкорони Ватаншоҳ Раҷабов, ки нав 50-сола шуда буд, мегӯянд, як пизишки ботаҷриба ва инсони нек аз даст рафт. Муҳоҷири корӣ Баҳриддин Ғаниев бо ёдоварӣ аз табобатҳои Ватаншоҳ Раҷабов мегӯяд, "вақте барои ширкат дар семинарҳои илмӣ ба Русия мерафт, ҳатман суроғи онҳоро мегирифт ва бачаҳоро ҷамъ мекарду маслиҳат медод, ки саломатии худро эҳтиёт кунанд."

Ҳоло хабарҳо аз марги пизишкон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш, бемориҳои қанду қалб ва фишор дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиёд мерасад. Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар гуруҳи "Пизишкони Тоҷикистон" дар Фейсбук аз маргу бемории чанд табиб ва корманди соҳаи тиб хабар нашр мешавад. Вале ҳодисаҳое низ ҳаст, ки дар ҷое нашр намешаванд ва аз чашми матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ дур мемонанд. Монанди саргузашти Саидаҳмад Гадоев.

Саидаҳмад Гадоев

Марги нобаҳангоми Саидаҳмад Гадоев, пизишки кӯдакон дар ноҳияи Восеъ, хурду бузургро дар ин минтақа ва атрофи он мотамзада кард. Риштаи умри ин табиб рӯзи 10-уми май бар асари бемории COVID-19 дар 69-солагӣ канда шуд.

Вай яке аз беморонро барои муоина ба пойтахт овард ва баъди бозгашт ба ноҳия як ҳафта дар бистарӣ шуд ва дигар натавонист ба пой хезад.

Пайвандону ҳамкоронаш мегӯянд, Гадоев 45 соли умри худро барои хидмат ба сокинони ноҳия бахшид ва даргузашти ӯ ба рӯзҳои сахт рост омаду набуданаш эҳсос мешавад.

Садбарг Қурбонова, яке аз ҳамкорони Саидаҳмад Гадоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон на танҳо дар бемории кӯдаконашон ба ӯ муроҷиат мекарданд, балки ба ҳама дарди худ аз ӯ даво мехостанд. "Рӯзи дуюми май сари кор буданд, рӯзи 3-юми май як беморро барои ташхис ба Душанбе бурданд. Баъд аз он дигар ба кор наомаданд. Вақте пурсидам, ки чаро сари кор нестед, гуфтанд, сардард доранд. Бо ҳамин, рӯзи 10-уми май аз дунё гузаштанд," -- нақл кард ӯ.

Қурбонова мегӯяд 22 соли охир бо Гадоев ҳамроҳ кор кардааст ва ӯ ҳеч гоҳ аз беморие шикоят надошт. "Мо ҳамин қадар бемориҳои сахтро пушти сар кардем. Домана, зардпарвин, сурхча, ин одам ҳатто зукоми одӣ намешуд. Вақте гуфт, сарам дард мекунад, гуфтам духтур фиристем, хандида гуфт лозим нест, наход одам барои дарди сар ҳам духтур даъват кунад?"

Турғун Тӯраев

Дар шаҳри Турсунзода ӯ аз беҳтарин мутахассисони бемориҳои сироятӣ буд. Бо таҷрибаи 42-сола Турғун Тӯраев берун аз минтақа ҳам эътибор дошт. Вай охири моҳи апрел аз бемории қалб даргузашт.

Ӯ замоне фавтид, ки даҳҳо нафар дар бемористонҳои ин шаҳр ба карантин фаро гирифта шудаву зери назорати ӯ ва ҳамкоронаш қарор доштанд. Панҷӣ Аслонов, яке аз ҳамкорони ӯ, рузи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шабу рӯзе ки мебоист Тӯраев ба ҳазорон бемор дармон бахшад, "худаш ҷон дод".

"Аз духтури одӣ то духтури дараҷаи 1 кор карданд. Мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар дармонгоҳи рақами 1-и шаҳри Турсунзода буданд. Фақат даҳ сол пеш бемори қалб шуданд, вале мушкили хосе надоштанд. Кор мекарданд, дар беморхонаҳои сироятии шаҳр навбатдор меистоданд. Афсӯс, ки дигар бо мо нестанд".

Панҷӣ Аслонов бо таассуф мегӯяд, дар маъракаи мубориза бо коронавируси нав барои табибон як марҳилаи сангин пеш омадааст ва ибрози умед кард, бо вуҷуди хатар онҳо ба савганди хӯрдаи худ пойбанд хоҳанд монд.

Акобиршо Сатшоев

Сабаби марги табибонро сактаи қалб, фишорбаландӣ, илтиҳоби шуш ё каслиҳои дигар меноманд. Аммо гӯё фаромӯш мешавад, ки вақте коронавирус дар кишвар "расман" вуҷуд надошт, онҳо беморонро бе сарулибоси ҳифозатӣ ва ниқоб пешвоз мегирифтанд ва муойина мекарданд. Аввалин бонги изтироб замоне садо дод, ки марди 60-сола дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов даргузашт ва ҳамаи кормандони беморхонаро, ки бо ӯ тамос доштанд, карантин карданд.

Шояд дар бисёре аз шаҳру навоҳӣ аллакай дер шуда буд. Ҳатто дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.

Наздикони ҷарроҳи 75-сола, Акобиршо Сатшоев, ки се рӯз пеш дафн карда шуд, мегӯянд, ӯ аз бемории қалб фавтид. Некқадам Шоназаров, домоди Сатшоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, як сол пеш ҷарроҳии қалб карда буд ва дар Душанбе табобат мегирифт, аммо се рӯз пеш вазъаш бад шуд ва ӯро ба ноҳияи Рӯшон бурданд, вале натавонистанд наҷот диҳанд.

Онҳое ҳам ки борҳо барои машварату табобат назди Сатшоев рафтаанд, марги ӯро талафоте дар бахши тиб номиданд. Салимшо Акобиршо, сокини ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, натавонист дар маросими видоъ бо ин пизишк ширкат кунад, зеро ҷамъ шудани нафарони зиёдро манъ кардаанд.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, Акобиршо Сатшоев бо падараш ҳамном буд ва худи ӯ борҳо корафтодаи ин табиб шудааст: "Чунин одамон хеле кам ҳастанд. Инҳо мутахассисони замони Шӯравиянд. Дар касб, одобу рафтор ва инсоният беназир ҳастанд. Агар ҷамъомадҳои серодам манъ намебуд, бовар дорам дар маросими дафни ӯ аксари мардуми Бадахшон ширкат мекарданд".

Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз кору пайкори табибон ситоиш мекунанд ва онҳоро "қаҳрамонҳои замон" ва "фариштаҳои наҷот" ном мебаранд ва барояшон каф мекубанд. Вале "пешмаргони ҷанг бо COVID-19" низ меноманд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG