Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон. Омори вазорат баёнгари воқеият аст, ё нигаронии мутахассисон?


Санҷиши таби сокинон ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи 11-уми октябр дар Тоҷикистон
Санҷиши таби сокинон ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи 11-уми октябр дар Тоҷикистон

Дар ҳоле ки омори рӯзонаи гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон бетағйир аст, баъзе аз мутахассисони соҳаи тиб аз афзоиши дубораи беморон хабар медиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар ду ҳафтаи ахир пиромуни фавти чандин нафар аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" гузориш шудааст.

Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони Ибни Сино дар Душанбе, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯйи ташхисҳои компютерие, ки анҷом медиҳанд, "теъдоди беморон рӯ ба афзоиш аст".

"Дар моҳи майи имсол аз байни шахсоне, ки ташхис мекардем, тақрибан 70-80 дарсади онҳо гирифтори COVID-19 буданд. Дар фасли тобистон ин рақам то бист ва ҳатто даҳ дарсад поин омад. Ҳоло дубора ба 50 дарсад расидааст", – шарҳ дод ӯ.

Ду пизишки дигар дар Душанбе ва Хуҷанд бо шарти зикр нашудани номашон ин иттилоъро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, дар ду-се ҳафтаи охир сатҳи гирифторӣ ба COVID-19 "бештар шудааст".

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки омори рӯзонаи гирифторӣ ба COVID-19 бетағйир аст ва онҳо дар шабонарӯз ҳудуди 40 беморро ошкор мекунанд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду-се моҳи ахир рӯзона аз 35 то 43 беморро ошкор мекунанд.

Сухангӯйи вазорат дар посух ба суоли онки омори онҳо то куҷо баёнгари воқеият аст, гуфт, "пинҳон кардани омор барои мо чӣ манфиат меорад?” Аммо омори Вазорати тандурустӣ дар бораи коронавируси нав аз оғози пандемия суол ва шубҳаҳои зиёдеро дар пай дорад.

“МАРДУМ ПӮШИДАНИ НИҚОБРО ФАРОМӮШ КАРДААНД”

Масъулони Вазорати тандурустӣ бо ин ки афзоиши беморонро тасдиқ намекунанд, мегӯянд, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз сӯйи бештари сокинон боис ба нигаронӣ аст. Мутахассисон ҳам мегӯянд, яке аз сабабҳои дубора афзоиш ёфтани бемории COVID-19 бепарвоии сокинон дар пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фоислаи ҷимсмонӣ аст.

«Мардум бепарво шудаанд. На ниқоби тиббӣ мепӯшанд, на фосилаи ҷисмониро риоя мекунанд. Рӯзҳои ахир дар чанд маросими ҷаноза иштирок кардам, чизе, ки дидам аслан қобили тасаввур нест. Гуё аслан ҳеч касалӣ вуҷуд надошта бошад. Вақте мепурсӣ, мегӯянд, касе рӯзаш буд шуд, мегузарад. Мардум инро ҷиддӣ қабул накарданд," -- гуфт Абдухалил Холиқзода.

АВРУПО ВА РУСИЯ ДАР ГИРДОБИ КОРОНАВИРУС

Дар рӯзҳои ахир Аврупо ва Русия ҳам шоҳиди афзоиши бесобиқаи гирифторӣ ба COVID-19 шудаанд. Аз ҷумла Фаронса рӯзи чаҳоршанбе маҳдудиятҳои гаштугузор дар Порис ва ҳашт шаҳри дигарро эълон кард.

Дар чанд кишвари Шӯравии собиқ, аз ҷумла Русия, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон ҳам шумори гирифторони COVID-19 рӯ ба афзоиш будааст. Дар Русия, ки муҳоҷирони зиёди тоҷик дар онҷо фаъолият доранд, рӯзона ҳудуди 14 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало мешаванд. Дар ҳоле ки моҳи гузашта шумораи гирифторон дар як рӯз камтар аз панҷ ҳазор буд.

"ТАҲСИЛ ФОСИЛАВӢ ВА НАЗОРАТ САХТТАР ШАВАД"

Бар хилофи кишварҳои дигар, ки маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро қисман баргардонданд, дар Тоҷикистон бештари маҳдудиятҳои ҷоришуда бардошта шудаанд. Аз ҷумла, мактабу донишгоҳҳо, бозор ва идораҳо фаъоланд. Боз шудани мактабу донишгоҳ, рейсҳои чартерӣ ва эҳтимолан омадани сардӣ ба гуфтаи мутахассисон аз омилҳои афзоиши дубораи беморӣ дар Тоҷикистон аст. Мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 17-уми август кушода шудаанд ва ҳам рӯзона садҳо нафар аз Русия ба Тоҷикистон меоянд.

Коршиносони соҳаи тиб мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд ҳозир нест карантин ҷорӣ кунад. Ба ин хотир мутахассисон тавсия медиҳанд, барои коҳиши хатари гирифторӣ ба COVID-19 мактабу донишгоҳҳо ба таҳсили фосилавӣ гузаранд ва талабот ба пӯшидани ниқоби тиббӣ ҷиддӣ шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, то 16-уми октябр дар Тоҷикистон 10414 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 9393 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Ин беморӣ то кунун дар кишвар 80 қурбонӣ доштааст.

Мутахассисон бовар доранд, омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашри хабарҳо пиромуни фавти ин ё он шахс аз бемории коронавирус ва ё илтиҳоби шуш дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG